Маҳз ба шарофати истиқлолият миллат соҳиби давлат, озодии сиёсӣ ва ҳайсияту ифтихори миллӣ гашта, шуҳрату эътибори ҷаҳонӣ пайдо мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин гуфтаанд: «Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумонро ба роҳ монем».
Тӯли зиёда аз ҳазор сол, яъне баъд аз шикасти давлати бузурги Сомониён, миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамеша ҳувияти баланди миллӣ ва рӯҳияи истиқлолхоҳӣ дошт. Ғояи истиқлолият дар шуури миллӣ ташаккулу такомул ёфта, мақоми хоса пайдо намуда буд.
Хушбахтона, ин орзуи деринаи ниёгон бо ҳукми таъриху сарнавишт дар интиҳои асри хх амалӣ гардид. Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум 24- уми августи соли 1990 бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи мамлакат Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳангоми қабули Эъломияи мазкур, ки аз 19 банд иборат буд, маҷмӯи арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ, маданию маърифатии Тоҷикистон ва мардуми он ба инобат гирифта шуд.
9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Акнун Тоҷикистон ҳамчун як давлати комилан ҷавону тозаистиқлол нахустин гузаргоҳро барои пешрафту инкишоф меҷуст. Мутаассифона, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз оғоз ба хатари ҷиддӣ дучор гардид.
Бо иғвои неруҳои сияҳкори дохилию хориҷӣ ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа, ҳазорҳо сокини кишвар ба ҳалокат расида, даҳҳо ҳазор кӯдакон ятиму бесаробон монданд. Иқтисодиёти миллӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ хисороти зиёд дид. Он замон соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ рӯ ба таназзул ниҳода, хавфи нестӣ ба ватану миллат таҳдид мекард. Бисёриҳо умед ба фардои некро аз даст дода, тарки диёр намуданд.
Гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст аз бесарусомонӣ ва фалаҷшавии фаъолияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда, бедодгарӣ мекарданд. Аввалин прокурори генералии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ Нурулло Ҳувайдуллоев дар роҳи мубориза барои тантанаи адолату қонуният аз дасти чунин унсурҳои ҷинояткор ҳалок гардид.
Хушбахтона, бо саъю талоши шахсиятҳои дилсӯз ва тавонову дурандеши миллат моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи таърихӣ шахсияти воқеан арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон 40- сола буд, якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии ин Сарвари хирадманду дурандеш сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида, низоъҳои дохилӣ тадриҷан аз байн бурда шуд. Дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар он солҳо саҳми мақомоти прокуратура, ки дар атрофи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида буданд, воқеан ҳам, арзанда аст. Мақомоти прокуратура вобаста ба тафтиши ҷиноятҳои содиршуда роҳбарии гурӯҳҳои тафтишотию фавриро ба уҳда гирифта, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дастаҳои зиёди ҷиноятпешаро ба ҷавобгарӣ кашид.
Аз ҷумла, ин ҷо бо камоли эҳтиром фаъолияти пурсамару оқилонаи роҳбарони прокуратураи шаҳри Душанбе марҳум Саломиддин Шарофов (солҳои 1984- 1994), Абдурасул Холмуродов (1994- 1995), марҳум Ҳақназар Шодиев (1995- 1996), Шерхон Салимзода (1998- 2002), Ҳабибулло Воҳидов (2002- 2006), Қурбоналӣ Муҳаббатов (2006- 2009) ва Сайидмурод Қодиров (2009- 2014)- ро махсус таъкид намуданиам. Чунончӣ, марҳум Саломиддин Шарофов дар давраҳои ноороми соли 1992 фаъолияти муътадили прокуратураро таъмин намуд. Новобаста аз вазъи нобасомони ҷумҳурӣ прокуратураи шаҳри Душанбе дар он солҳои мудҳиш пайваста фаъолият мекард.
Пас аз барқарор шудани ҳокимияти қонунӣ низ вазъияти шаҳри Душанбе ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ то ибтидои солҳои 2000- ум ноором буд ва ҳодисаҳои куштор, роҳзанӣ, таркишҳо, задухӯрдҳои гурӯҳии мусаллаҳона, фишороварии силоҳбадастон ба кормандони прокуратураи шаҳр ҷой доштанд. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, мақомоти прокуратура аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ сарбаландона баромаданд. Марҳум Ҳақназар Шодиев дар баробари адои вазифа, бо супориши роҳбарияти мамлакат он солҳо дар музокироти намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик иштирок дошт ва то лаҳзаи бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои ягонагии миллат талош варзид.
Шукр мегӯем, ки имрӯз бо саъю кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти прокуратура ва дигар сохторҳои давлатӣ пурзӯр шуда, сокинони Ватан дар фазои тинҷиву осудагӣ зиндагӣ доранд.
Имрӯз кормандони прокуратура дастурҳои Сардори давлат ва прокурори генералии мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ёрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ қодир ҳастанд, ки қонуниятро таҳким бахшида, баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми чораҳоро амалӣ намоянд.
Истиқлолият ба мардуми кишвар неру бахшид ва барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард. Аз ин ҷост, ки дар кӯтоҳтарин муддат Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ободию шукуфоии минтақаҳои гуногуни мамлакат, бунёду мавриди истифода қарор гирифтани иншооти хуштарҳи истиқоматию фароғатӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ, корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ, инчунин чеҳраҳои гарму изҳори хушҳолии мардум инъикосгари онанд, ки иродаи халқ амалӣ шуда истодааст.
Хайрулло САИДЗОДА,
прокурори шаҳри Душанбе,
генерал — майори адлия