Тибқи Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ аз 8 декабри соли 2005 таҳти №60/97 чоруми апрел расман Рӯзи байналмилалии огоҳсозӣ ва кӯмак ба амалиёти зидди минаҳо эълон гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Конвенсияи Оттава, ки истеҳсол, истифода ва интиқоли ҳар гуна минаи зидди пиёдагардро манъ мекунад, ин ҳуҷҷатро чун як қарори бисёр муҳим ва зарурӣ меҳисобад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23 сентябри соли 1999 кишвари мо аввалин шуда, дар доираи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ узви Конвенсияи манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди пиёдагард ва нобудсозии онҳо (Конвенсияи Оттава) гардид ва аз 1 апрели соли 2000 ин Конвенсия бевосита дар ҷумҳурии мо эътибори расмӣ дорад.
Чанде пеш ба ин муносибат бо иштироки кормандони масъули вазорату ташкилотҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираи васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гашт. Директори Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Муҳаббат Иброҳимов доир ба фаъолияти маркази мазкур мухтасар маълумот дод.
Мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯров дар нишаст иштирок ва суханронӣ кард.
Безараргардонии минаҳо кори басо душвор, гарон ва хавфнок мебошад. Давлатҳое, ки аз ин мушкилот азият мекашанд, одатан танҳо бо кӯмаки моддию молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои хайрхоҳ бо роҳу усулҳои муқарраргардида онро паси сар менамоянд. Бо мақсади иҷрои муқаррароти Конвенсияи Оттава дар доираи Ҳуҷҷати лоиҳавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо», ки 20 июни соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид имзо шудааст, Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо таъсис дода шуд. Маркази мазкур сохтори ҳукуматӣ буда, масъулияти идораи тамоми масъалаҳои вобаста ба минаҳо дар Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Маркази мазкур мақоми иҷроияи Комиссияи оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башар-дӯстонаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он дар самти безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, нобудсозии захираҳои минаҳои зидди пиёдагард, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кӯмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва гузаронидани таблиғот бо аҳолӣ фаъолият менамояд.
Корҳои зиёде дар соҳаи безарарсозии ҳудуди кишвар аз тарафи Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ба анҷом расонида шуданд. Дар давраи фаъолияти корӣ, аз соли 2004 инҷониб, масоҳати бештар аз 65 километри мураббаи таҳти хатари минаҳо қарордошта ошкор гардид. Дар натиҷаи амалиётҳои тадқиқотӣ ва безараргардонии минаҳо (солҳои 2004-2012) масоҳати умумии зиёда аз 10,25 километри мураббаъ тафтиш ва аз минаҳо тоза карда шуда, зиёда аз 34,5 ҳазор мина ва муҳимоти ҷангии нотаркида (бомбаҳо, тирҳои тӯп), қариб 32 ҳазор адад тирҳои силоҳи ҷангӣ ошкор ва нобуд карда шуданд.
Аз соли 2003 то ҳоло дар 13 ноҳияи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаҳои марказӣ 130 майдони минадор зери тадқиқоти техникӣ ва марказӣ қарор дода шуданд. Айни ҳол масоҳати зиёда аз 7,5 километри мураббаъ замин, ки 170 майдони хатарнокро дар бар мегирад, боқӣ монда аст. Дар қитъаҳои хатарнок зиёда аз 4500 нишонаҳои огоҳкунанда гузошта шудаанд.
Ҳар як давлати узви Конвенсияи Оттава уҳдадор аст, ки баъди чор соли ба узвият пазируфта шудан нобудсозии захираҳои минаҳои зидди пиёдагарди худро ба анҷом расонад. Муҳлати мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 апрели соли 2004 ба анҷом расид. Захираҳои минаҳои зидди пиёдагарди Тоҷикистон 3029 ададро ташкил медоданд, 31 марти соли 2004 маҷмуи охирини онҳо нобуд карда шуд ва ҳамин тариқ Тоҷикистон иҷрои моддаи 4 Конвенсияи Оттаваро таъмин намуд.
Гарчанде, ки солҳои охир дар натиҷаи бомуваффақият амалӣ намудани Конвенсияи Оттава таъсири хатари минаҳо ба одамон хеле пасттар шуда бошад ҳам, таҳдиди хатари ин яроқи мудҳиш имрӯз низ дар сатҳи баланд боқӣ мондааст. Тибқи иттилооти мавҷуда аз соли 1975 инҷониб дар дунё зиёда аз як миллион нафар ҷабрдидагони мина ба рӯйхат гирифта шудааст, ки 80 фоизи онҳоро шаҳрвандони ғайринизомӣ ташкил медиҳанд.
Аз соли 1992 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таркиши минаҳо ва муҳимоти нотаркида 478 нафар маҷруҳ шуда, 368 нафар ҳалок гаштаанд, ки тахминан 30 фоизи онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла аз соли 1999 дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 77 нафар ҳалок ва 87 нафар маҷруҳ гардидаанд.
Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо бо дастгирии молиявӣ ва техникии созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ба зарардидагон ва оилаҳои онҳо кӯмак мерасонад. Чунончӣ, дар осоишгоҳи «Имконият», ки дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҷумҳуриявии маъюбон ташкил шудааст, 50 нафар осебдидагони мина ва лавозимоти дигари ҷангӣ истироҳат намуданд. Ба 35 нафар осебдида барои шуғли даромаднок қарзҳои хурд дода шуд. Чунин кӯмакҳо минбаъд низ расонида мешаванд.
Бевосита бо масъалаҳои тадқиқот ва безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон, зери назорати Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо, ташкилоти ғайридавлатии Фонди Шветсарӣ оид ба безараргардонии минаҳо, Дастаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва ташкилоти ғайриҳукуматии «Кӯмаки мардуми Норвегия» машғул мебошанд. Иқтидори амалиётии ин ташкилотҳо аз гуруҳҳои тадқиқоти ғайритехникӣ, поксозии дастӣ, сагҳои минаҷӯй ва мошинҳои безараргардонӣ иборат аст. Ҳайати шахсии гуруҳҳоро ғайринизомиён ва хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ, ба мисли Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Ҳоло минтақаҳои хатарнок зиёд аст. Бо сабабҳои гуногун дар муҳлати аввали муайяншуда аз мина ва дигар лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ пурра озод намудани минтақаҳои хавфнок иҷро нагашт. Аз ин ҷиҳат дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тамдиди муҳлати безарарсозии минаҳо барои даҳ соли минбаъда аз тарафи давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Оттава дастгирӣ ёфт.
-Муҳлати тамдид 1 апрели соли 2020 ба охир мерасад, -ме-гӯяд директори Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Муҳаббат Иброҳимов. -Дар ҳолати дастгирии давлатҳои донор ва дигар созмону ташкилотҳо имкон дорем, ки аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда пеш аз муҳлат бароем.
Ин имкон медиҳад, ки ҳодисаҳои нохуш ва ҳалокати одамон пешгирӣ, майдонҳои зиёд мавриди истифодабарӣ қарор гиранд.
Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум»