(Назари иҷмолӣ ба навиштаҷоти «Ошхонаи миллӣ»)
Ному нишон, шиору овеза, лавҳаю реклама, расму нигора, пайкараю нимпайкара ва муҷассамаю ангораҳое, ки шаҳрҳоро оро медиҳанд, на танҳо нишоне аз зебоиҳои рӯзгоранд, балки метавонанд хизмати созандае барои мардум анҷом диҳанд.
Воқеан, шиори зебо, даъвати бамаврид, сухани созанда, ифодаи баҷо ё як гуфтори ҳакимона метавонад дар инсон дигаргунии мусбате ба вуҷуд биорад, ки онро шояд як китоби бузург натавонад.
Манзур аз ин гуфтаҳо он аст, ки агар мо чизеро ба мардум пешниҳод карданӣ шавем, лавҳаеро овезем ё эълону рекламаро насб намоем, аввал бояд онро хуб омӯзему дар мизони ақлу хирад баркашем. Он чиро гӯем, ки басо санҷида, сара ва пухтаю рехта бошад. Сухане бошад ба чашму дил наздик. Ҳар касе хонад, навиду армуғон ёбад ва раҳнамою раҳкушояш гардад, маълумоте дарёбад, то ба сӯеву ба кӯе раҳнамун шавад. Набояд касе ба иштибоҳ афтад, озурда гардад, сарсону саргардон ва саргуму раҳгум монад. Дар ин маврид, кори мо хизмати хирсонае хоҳад буд назди як ҳамватан, як сайёҳу меҳмони хориҷӣ.
Агар мо дар иҷрои ин амал масъулияте бар дӯш бигирему эҳтироме ба забони модарӣ ва қонуну меъёрҳои он қоил бошем, ҳаргиз ба хато роҳ намедиҳем. Намегузорем номҳои номувофиқ, овезаҳои бемаънӣ, шиорҳои забонзадаю авомона, ки аслан ба ҳеҷ дарде намехӯранд, ба баландиҳо бароянд, ба расонаҳо роҳ ёбанд ва ё аз минбарҳо садо диҳанд.
Дуруст аст, ки на ҳар кас забонро медонаду аз қонуну қоидаҳои он бохабар аст, вале онҳое, ки медонанд, набояд хомӯшию бетарафиро ихтиёр кунанд ва ба ин ноҷӯриҳо чашм пӯшанду гӯш ба карӣ андозанд.
Ҳоло наметавон атрофи он ҳама нуқс, ки дар номгузорию лавҳанигорӣ ва шиорпартоиҳои мо ба чашм мерасанд, як-як истода гузарем. Мехоҳем атрофи як навиштаҷоти хато, ки имрӯз хел оммавӣ шудааст, андешаҳои худро баён намоем.
Ин эрод ба навиштаҷоти «Ошхонаи миллӣ» рабт дорад, ки гумон мекунам сари ҳар қадам ба ин ифода вомехӯрем. Суоли матраҳ ин аст, ки оё воқеан, ошхона миллӣ мешавад? Ба гумони мо ошхона миллӣ буда наметавонад, зеро як ошхона, агар ҳар қадар бузург ҳам бошад, наметавонад рисолати миллӣ касб кунад.
Дуруст аст, ки мо Бонки миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Донишгоҳи миллӣ, Боғи миллӣ ва боз бисёр муассисаву маконҳои дигари миллӣ дорем, ки шумораашон воҳид аст. Вале ҳанӯз ошхонаи миллӣ надорем, ки ба дигар муассисаҳои миллии мо баробар бошад. Бигузор, дар ҳамин радиф боз ошхонае бисозем, ки ба ҳайси ошхонаи миллӣ хизмат кунад. Вале набояд шумори он аз як адад бештар бошад.
Ин ифодаро ҳангоме дар мизони мантиқ бармекашем, ҳеҷ маъние ба бор намеорад. Ҳарчанд ин иштибоҳ аз ҷониби худи соҳибони ин ошхонаҳо сар задааст, дар маҷмӯъ, мо ҳама дар ин хато саҳм дорем. Чаро ки паи ислоҳаш боре садо баланд накардаем.
Нахуст бояд гуфт, ки ошхона ҳеҷ гоҳ миллӣ шуда наметавонад, зеро он ҷоест, ки мардум дар он ҳамарӯза ғизо мехӯранд. Танҳо ғизо миллӣ буда метавонад, зеро дар ин гуна ошхонаҳо боз ғизоҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ба миллатҳои дигар мансубанд ва мо ҳам онҳоро роҳат истеъмол менамоем. Имрӯз ошхонаҳои мо, аслан, таомҳои омехта мепазанд.
Агар бошанд ошхонаҳое, ки дар онҳо танҳо таомҳои миллӣ омода намоянд, пас, масъулини онҳо ҳақ доранд дар равоқи ошхонаҳояшон бехато, бо ҳарфҳои зебо ва хоно чунин бинависанд: «Ошхонаи миллӣ».
Алихон ЗАРИФӢ,
«Садои мардум»