Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дипломатияи об ва омилҳои фарогири он дар бозтоби воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Дар он олимон иштирок намуда, бобати ҷанбаъҳои гуногуни масъалаҳои вобаста ба об ибрози андеша карданд. Сардори Раёсати таълим ва навоварии техникии донишгоҳ Рустам Наботӣ ба созмондиҳандаи конференсия – кафедраи журналистикаи байналхалқӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ҳамоиш ба масъалае бахшида шудааст, ки роҷеъ ба он Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша дар сатҳи байналмилалӣ ташаббускор мебошад.
Зикр гардид, ки фаҳмиши дипломатия дар замони муосир паҳлуҳои гуногунро дар бар мегирад ва яке аз он дипломатияи об ба шумор меравад.
- Мундариҷаву ҳадафи аслии ин дипломатия аз ҷониби як ё якчанд давлат сиёсати хориҷиро дар самти пайдо кардани ҳалли мушкилоти ин масъала нишон медиҳад. Дастандаркорони ин дипломатия мехоҳанд, дар заминаи баргузории конференсияҳо, семинар, мулоқот, тренинг, татбиқи лоиҳаҳо, ҷудо кардани грант ва ғайра дар ҳалли мушкилот саҳм гузорад. Бахусус, аз ҷониби СММ пазируфтани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намунаи возеҳи муҳимияти дипломатия вобаста ба масъалаи об мебошад, — гуфт мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, дотсент Абдулмуъмин Қутбиддинов.
Дар конференсия аз ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи об низ ёдоварӣ шуда, зикр гардид, ки мақсад аз онҳо пайдо кардани тадбирҳои муштарак аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли проблемаи об дар сайёра мебошад. Дар маҷмӯъ, иштирокчиён 40 маърӯза шуниданд, ки яке аз онҳо ба баррасии масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи «Садои мардум» бахшида шуд.
М. УСМОН, «Садои мардум»