Мусоҳиба бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода
-Муносибати оқилона ба муҳити зист вазифаи ҳаррӯзаи на танҳо кормандони Кумита, балки ҳар як шаҳрванд аст, зеро ҳама ба обу ҳавои тоза, муҳити солим ниёз доранд. Ба фикри шумо муҳити зисти мо имрӯз дар кадом ҳолат қарор дорад?
-Табиат сарвати асосии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад ва ҳифзи он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд мебошад. Хушбахтона, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилонаи табиат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Роҳбари давлатамон борҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои рӯи замин аст ва ҳамаи мо, аз хурд то бузург, ин неъмати бебаҳоро бояд ҳифз намоем. Сарвари давлат борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ ва дар вохӯриву мулоқотҳояшон бо шахсони расмии дахлдор зарурати нигоҳ доштани вазъи муътадили муҳити зистро зикр намуда, ҳамзамон пешниҳодҳои судманд ироа кардаанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иҷрои қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи замин, атмосфера, ҳайвоноту наботот, об ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй намудани онҳо мебошад.
Барои муайян намудан ва баҳогузории вазъи муҳити зист, омодагӣ ба тағйирёбии иқлим аз 48 стансияҳои барои таҳлили асосҳои иқлимӣ ва тамоюли тағйирёбии иқлим, ки дар ҳудуди мамлакат ҷойгир шудаанд, маълумот ҷамъоварӣ мегардад.
Дар ин росто, зиёда аз 100 намунаи обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ, обпартовҳои саноатию маишӣ гирифта ва ташхиси кимиёвии онҳо гузаронида шуданд.
Танҳо дар панҷ моҳи соли равон қариб дар 400 корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ оид ба хориҷ шудани партовҳои моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ченкуниҳои инструменталӣ гузаронида, муайян гардид, ки консентратсияи ионҳои фтор дар таркиби ҳавои атмосфераи минтақа аз меъёр зиёд нест. Биноан, метавон гуфт, ки муҳити зист дар ҷумҳурӣ имрӯз таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
-Барои пешбурди соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини суботи экологӣ тайи солҳои охир қонун ва барномаҳои зиёд таҳия ва қабул гардиданд. Oё меъёрҳои экологӣ риоя мешаванд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро дар ин самт чӣ тавр ба роҳ мондааст?
-Танҳо тайи се соли охир зиёда аз шаш қонуни алоҳида қабул ва якчанд тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ворид карда шуданд. Як моҳ пеш «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардид. Айни ҳол дар Кумита якчанд барномаҳои давлативу соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Барномаи барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2016», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030», «Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» татбиқ гашта истодаанд.
Фаъолияти Кумита дар самти пешбурди назорати давлатӣ бошад, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Дар семоҳаи якуми соли равон аз тарафи сохторҳои Кумита зиёда аз 6000 санҷишҳои комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида, ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 10,3 ҳазор пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ дода шуданд.
Дар самти назорати давлатӣ доир ба ҳифзи ҳавои атмосфера, ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо, ҳифзи захираҳои об, инчунин олами набототу ҳайвонот дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва зерсохторҳои маҳаллии Кумита назорати давлатии ҳифзи муҳити зист бурда мешавад. Тибқи нишондоди санҷишҳои гузаронидашуда, айни замон аксарияти корхонаҳо бо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ таъмин буда, баъзе аз ин таҷҳизоти ҳозиразамон хориҷ шудани партовҳоро ба ҳаво то 99 фоиз кам менамоянд.
Дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот солҳои охир якчанд қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатию соҳавӣ қабул карда шуданд. Тазаккур бояд дод, ки аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон на ҳамаи талабот ва меъёрҳои муқарраргардидаи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ риоя мешаванд. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо аз тарафи мутахассисон назорати давлатӣ бурда, амалиётҳои фаврӣ гузаронида мешаванд.
Дар натиҷаи таъмини назорати давлатӣ ва гузаронидани амалиётҳои фаврӣ қонуншиканиҳо ошкор шуда, нисбати шахсони қонуншикан тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Масалан, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи нозирони раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилояту шаҳру ноҳияҳо 481 қонуншиканӣ оид ба буриши ғайриқонунии дарахтон, шикори ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ, парандагон ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар бозору шоҳроҳҳо ва сайди моҳӣ ошкор гардида, нисбати қонуншиканон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Назорати давлатӣ дар самти истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо дар асоси нақшаи кории Кумита, талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишу супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Тайи солҳои охир масъалаҳои ба ин самти фаъолият рабтдошта, аз ҷумла ташкили нуқтаҳои нигоҳдории лампаҳои каммасраф, нобудкунии партовҷойҳои бесоҳиб, назорати коркарди металлҳо ва маводи полиэтиленӣ хубтар ба роҳ монда шуданд.
Дар масъалаи ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо якчанд қонун, қарорҳои Ҳукумат ва дастурамалҳои методӣ қабул ва ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор», «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар ҷумҳурӣ», Дастурамали методӣ «Дар хусуси тартиби муқаррар намудани миқдори зарар ҷиҳати вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарватҳои маъмули умум» ва ғайра. Назорати иҷрои қонунҳо, қарорҳо ва меъёрҳои экологии қабулгардида пайваста зери назорат қарор доранд.
- Суҳбати мо дар арафаи ҳамоиши бузург — Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) сурат мегирад. 12 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ки дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, аз ҷумла иброз дошт, ки «ҳарчанд, ки дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале таҳдидҳои глобалии муосир хушбинии моро ба оянда зиёдтар намекунад». Дар робита ба ин масъала мехостам андешаҳои шуморо бифаҳмем.
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Форуми сатҳи баланд ҳамзамон чунин таъкид карданд: «Тоҷикистон бо истифода аз ҳамбастагии «Об — неруи барқ-озуқаворӣ» метавонад дар тавлиди неруи барқи аз нигоҳи экологӣ безарар, рушди иқтисоди сабз, ҳифзи покизагии табиат ва муҳити зист, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва таъмини минтақа бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми намоён дошта бошад».
Роҳбари давлатамон олимону коршиносон ва сармоягузорони ҷаҳонро ба иштирок ва саҳмгузорӣ дар истифодаи босамари захираҳои фаровони обии Тоҷикистон ба нафъи кулли мардуми минтақа даъват карда, ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об — ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад. Дар Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, метавонад дар самти истифодабарии захираҳои обӣ корҳои зиёде ба анҷом расонад.
- Ҳамчун раиси Комиссияи байналмилалӣ оид ба рушди устувор оид ба мақсад ва вазифаҳои ин комиссия каме маълумот диҳед…
- Комиссияи байналмилалӣ оид ба рушди устувор дар Осиёи Марказии Фонди байналмилалии наҷоти Арал тибқи моддаи 2 «Созишномаи якҷояи амалӣ доир ба ҳалли масъалаҳои баҳри Арал ва назди Арал, беҳдошти экологӣ ва рушди таъминоти иҷтимоию иқтисодии минтақаи Арал», ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 26 марти соли 1993 ба имзо расонидаанд, ташкил гардидааст.
Раисӣ дар комиссияи мазкур бо мувофиқаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 вогузошта шуд. Дар ин давра се ҷаласаи Комиссияи байналмилалӣ оид ба рушди устувор баргузор гардид. Дар ин ҷаласаҳо оид ба масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, аз ҷумла роҷеъ ба лоиҳаи «Тадқиқоти баҳодиҳӣ оид ба омода намудани хулосаҳо ҷиҳати пурзӯр намудани базаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист», оид ба масъалаҳои «иқтисодиёти сабз», рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва самаранокии энергетикӣ, татбиқи Барномаи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пастфарории оқибатҳои он дар Осиёи Марказӣ (САМР 4 СА), ҳалли мушкилоти ифлоскунии ҳаво, ташкили Гурӯҳи минтақавии мутобиқкунии масъалаҳо дар ташкили ҳудуди ягонаи иттилоотии муҳити зист ва иқтидори обӣ, Стратегияи миллӣ оид ба идоракунии партовҳо ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои судманди байни давлатҳои минтақа баҳри ба эътидол овардани вазъи экологӣ вобаста ба баҳри Арал муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул гаштанд.
- Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тағйирёбии иқлим сахт нигарон аст. Дар гӯшаю канори дунё шамолу гирдбод, тӯфону обхезӣ, боришоти зиёд ва дигар офатҳои табиӣ боиси хароб гаштани минтақаҳои аҳолинишин, аз байн рафтани ҷангалзорҳо, чарогоҳҳо ва киштзорҳо гардидааст. Таъсири тағйирёбии иқлим ба кишвари мо чӣ гуна аст ва дар робита ба ин чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
- Проблемаи тағйирёбии иқлим имрӯз тамоми сайёраро фаро гирифта, сокинонро ба ташвиш овардааст. Оид ба масъалаи мазкур муддати солҳо мешавад, ки мутахассисони ҷаҳонӣ корҳои тадқиқотӣ бурда истодаанд.
Тағйирёбии иқлим аз таъсири антропогенӣ дар сайёраи замин тибқи омӯзишҳо аз соли 1725 ба назар мерасад. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, боришоти аз меъёр зиёди борону барф, обшавии пиряхҳои азими сайёра, баланд шудани сатҳи оби баҳру уқёнусҳо падидаҳои табиӣ ва гидрометеорологианд, ки тайи 30 соли охир дар кураи замин бештар ба назар мерасанд.
Офатҳои табиие, ки дар Тоҷикистон таи даҳ соли охир ба вуқӯъ омадаанд, ба хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ зарари калони иқтисодию иҷтимоӣ расонидаанд. Хушксолии солҳои 2000-2001 барои кишвари мо ва давлатҳои ҳамсоя аз ҳама солҳои мудҳиштарин буданд. Бинобар ин, пешгӯйии хушксолиҳо ва ҳамкориҳои муфид бо кишварҳои ҳамсоя оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист вазифаи басо муҳим аст.
Соли 1992 дар Рио-де-Жанейро Конвенсияи меъёрии СММ оид ба тағйирёбии иқлим қабул шуд. Тоҷикистон ба ин Конвенсия соли 1998 шомил шуда, дар доираи уҳдадориҳои ба зиммадошта як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ ҳамоҳангсози Конвенсияи меъёрии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2004 дар заминаи муассисаи мазкур Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон ташкил карда шуд. Дар ин давра се Ахбороти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба талаботи Конвенсия таҳия гаштаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 ба Протоколи Киото ҳамроҳ гашт, ки он ба камсозӣ ва ё танзими хориҷшавии газҳои парникӣ ба ҳавои атмосфера уҳдадор месозад. Тибқи далелу арқоми сарчашмаҳои иқлимию гидрометеорологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои парникӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро татбиқ намуда, корҳои зиёдеро дар ин самт ба анҷом расонидааст. Барномаи пилотии мазкур бо лоиҳаҳои худ аҳолии ҷумҳуриро бо иттилооти гидрометеорологӣ ва иқлимӣ таъмин намуда, аз тағйирёбии иқлим огоҳ менамояд.
Инчунин се лоиҳаи дигар, аз қабили лоиҳаҳои «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот», «Пурқувват намудани иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ва «Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи С» амалӣ гардида истодаанд.
- Яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аст. Оё натиҷаҳои ин чорабиниҳо шуморо қонеъ мегардонад?
-Дарвоқеъ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ яке самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ба шумор меравад. Мувофиқи шароиту имкониятҳои мавҷуда дар ин самт чораҳои дахлдор андешида шуданд. Ҳукумати мамлакат низ дар самти пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин аст, ки тайи чанд соли охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» далели возеҳи ин гуфтаҳост. Гузашта аз ин, дар Кумита қаблан Барномаи давлатии экологӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он корҳои муайян иҷро гардиданд.
Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат соли равон «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020» қабул шуд. Зимни муҳокима ва қабули ин ҳуҷҷат Сарвари давлат чунин иброз доштанд: «Табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон мебошад».
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷалбу ҳавасманд гардонидани кормандони воситаҳои ахбори омма ҳамасола озмун гузаронида мешавад. Имсол низ дар доираи ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) озмун эълон шудааст.
Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳо, корхонаву идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо доир намуда, ба ин восита роҳҳои истифодаи дурусту мақсадноки захираҳои табиӣ ва зарурияти роҳ надодан ба қонуншиканиро мефаҳмонанд.
Дар ин росто, бояд зикр намоям, ки вобаста ба ин масъала дар давраи гузариш қарор дорем. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ маърифати экологии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
-Нашри «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кадом ҳолат қарор дорад?
-Кумита якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва нашри дуюми «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми арзанда гузошт. Китоби мазкур баъди пажӯҳишҳову ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ аз ҷониби олимону мутахассисони сохторҳои марбута барои чоп омода гардид. Мувофиқи маълумоти дар «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷшуда дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 5000 намуди растаниҳо ва беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвоноти бемуҳра, 582 намуд ва зернамуди ҳайвоноти муҳрадор муайян гардидааст.
Илова ба ин, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 намуди гиёҳҳои шифобахш, 365 намудҳои дорои хусусияти техникӣ ва 175 намуди набототи ороишӣ муайян шудааст. Барои ҳифз ва нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир, пешбурди корҳои илмӣ — тадқиқотӣ дар масоҳати зиёда аз 3,0 млн гектар мамнӯъгоҳҳои табиӣ, паркҳои табиӣ, парваришгоҳҳои табиӣ, резервати биосферӣ ташкил шудааст. Ин китоб барои такмил додани сатҳи маълумотнокии мардуми ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ оид ба олами набототу ҳайвонот ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»