Чанде пеш дар бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати оид ба бекор кардани ҳукми қатл конференсия доир гардид.
Дар кори конференсия Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, мушовир оид ба ҳуқуқи инсон ва Дафтари швейтсариягӣ оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Патритсия Дворачек, намояндаи Сафорати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Ричард Вуд ширкат варзиданд.
Коршиносон аз бетарафии баъзе давлатҳо доир ба ин масъала, аз густариши истифодаи ҳукми қатл изҳори нигаронӣ карданд.
Зикр шуд, ки дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар тӯли 17 соли охир ягон ҳукми қатл иҷро нашудааст. Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо, дигар кишварҳоро ҳидоят мекунанд, ки барои барҳам додани ҳукми қатл санадҳои заруриро ба тасвиб расонанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар маърӯзаи худ — «Таҳлили илмӣ ва ҳуқуқии масъалаи ҷазои қатл тайи солҳои 1917-2005» иброз дошт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2004 дар ҷумҳурӣ ба ҷазои қатл моратория эълон гардида буд, ки то имрӯз амал карда истодааст. Ҳамчунин барои хориҷ намудани он аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расонидани Протоколи факултативии дуюм ба Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»