Чанде пеш дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» доир гардид, ки дар он намояндагони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, ҳамчунин, роҳбарони ҳайати кишварҳои хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Маҷористон, Давлати Либия, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Эрон, Салтанати Уммон, давлатҳои Кувайт, Қатар, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок карданд.
Дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба терроризму ифротгаройӣ, хатару таҳдидҳои онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии густариш ёфтан ва роҳҳои мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгаройӣ ва терроризм аз ҷониби ташкилоти террористӣ васеъ истифода гардидани технологияи муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет, бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.
Бешак, технологияи муосири иттилоотӣ ва шабакаи интернет воситаи асосии пешбурди фаъолияти ифротгаройӣ аст. Бо истифода аз онҳо аз ҷониби ифротгароён корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷалби аъзои нав ба сафи гурӯҳҳои террористӣ, ба роҳ мондан ва амалӣ кардани нақшаҳои тахрибкорона ва ғайра, ки рӯзгори осоиштаи мардумро халалдор месозанд, сурат мегиранд. Бидуни он террористону экстремистон бе дасту по хоҳанд монд. Аммо аз дасту по, яъне аз имкониятҳои васеи технологияи муосири иттилоотӣ ва интернет маҳрум сохтани террористону экстремистон кори осон нест. Барои амалӣ намудани ин ҳадафи нек ҳар сокини худогоҳ ва солимандеши сайёра бояд ҳиссагузор бошад.
Агар муқовимати дастаҷамъонаи ширкатҳои мухобиротӣ ва ҳар сокини сайёра алайҳи ҳама намуди ташвиқоти экстремистиву террористӣ ба роҳ монда шавад, бовар аст, ки нақшаву барномаҳои палидона ва харобкоронаи гурӯҳу ташкилоти террористӣ – экстремистӣ дар муддати кӯтоҳ барбод меравад. Вале бо кадом роҳ?
Он як аст: боло бурдани эҳсоси нафрат нисбат ба шахсияту сухан ва амали террористону экстремистон. Зеро онҳо дар чанд сомонаи алоҳида ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷамъ кардани халтаи суханҳои пӯсидаву гандида, аксу наворҳои орӣ аз маъниву мантиқ андешаи инсонҳоро заҳролуд гардонида, ба ин восита сафи тарафдоронро афзудан мехоҳанд.
Имрӯз терроризм ва экстремизм бо мафҳумҳои ислом, мусулмон, мазҳаб, шариат, ибодат, ҷиҳод, шаҳид ва дигар эътиқодоти динии мардум умумият пайдо кардааст, ки нигаронии аҳли ҷомеаро боз ҳам бештар менамояд. Ба ибораи дигар, қудратҳое, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистиро ташкил ва маблағгузорӣ мекунанд, бо истифода аз дину эътиқоди диниву мазҳабӣ мардумро гумроҳ сохта, эътиқодмандони динеро муқобили дине, намояндагони мазҳаберо муқобили мазҳабе мегузоранд ва бо ангехтани оташи ҷангу адоват байни онҳо нақшаву тарҳҳои манфиатбахш амалӣ месозанд.
Баъзан кас ба андеша фурӯ меравад, ки чаро инсонҳо аз ҳадафу мақсадҳои пурғарази он палидони тахрибкор огоҳ нашуда, ба фитнаву дасисаи онҳо фирефта мешаванд ва бо ҳамроҳ гардидан ба сафи онҳо, тарафдорӣ кардани андешаву ақидаашон номаи аъмоли худро сиёҳу оила ва наздиконро зери борони маломат қарор медиҳанд? Чаро аз паёмади кор, фарҷоми роҳ ва оқибати амалкард намеандешанд? Охир, террорист ва экстремист кист?! Аз ҳисоби кӣ шумори онҳо меафзояд ва ҳеҷ не, ки ба нестӣ равад? Албатта, аз ҳисоби инсонҳои носипос, кӯрдил ва беиродаву имонашон заъиф.
Ҳар касе, ки имони мустаҳкам ва иродаи қавӣ дорад, худогоҳ ва соҳиби ақлу рӯҳи солим аст, моҳияти ҳастии гурӯҳҳои террористӣ-экстремистиро дарк карда, ҳадафу нақша, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва алоқамандиву муносибаташонро бо дину мазҳаб мавриди таҳлил қарор дода метавонад. Ва ҳатман муайян хоҳад кард, ки террорист ва экстремист дар тӯли мавҷудият кадом рисолатро назди ҷомеаи инсонӣ анҷом дода, ба нафъи аҳли башар чӣ кореро ба сомон расонидааст?
Пас аз ин андешаву хулосабарорӣ, ҳар шахси бедордилу соҳибмаърифат хуб дармеёбад, ки терроризм ва ифротгаройӣ дар ҳар шакле, ки зуҳур карда бошад, ҷуз қатлу куштор, дуздиву ғорат, ваҳшонияту хунрезӣ, ақибмондагӣ, вайронкорӣ, талафоти бузурги ҷонӣ, зарари беҳисоби моддиву маънавӣ ва рӯзгори сангину пурдард дигар чизеро ба ҷомеаи инсонӣ ба мерос нагузоштааст. Аз ин рӯ, ба ҳастии ин зуҳуроти номатлуб завол мебояд. То одамият оромиш ёбад, ба қатлу хунрезӣ, вайрониву тахрибкорӣ нуқта гузошта шавад.
Ҷомеаро ақлу, шуур, андешаи созандаи инсоният қодир аст, ки тағйир диҳад. Маҳз ҳамин қувва метавонад мавҷуди хатарнокро нобуд ва вуҷуди манфиатбахшро пайдо кунад.
Оре, андешаи созандаи инсонҳо қодир аст мавҷудияти терроризм ва ифротгаройиро маҳв ва рӯйи ному нишонаш муҳри нестӣ занад.
Салимҷони Каримзод