24 — 26 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МД «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» — и пойтахти кишвар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ» баргузор гардид.
Мақсад аз чорабинӣ мусоидат дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, маънидод гашт. Дар он маҳсулоти беш аз 70 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Эрон ба намоиш гузошта шуд. Гӯшаи бузургтарин ба молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тааллуқ дошт. Онҳо аз либос то мошинҳои боркашро ба намоиш гузоштанд.
Дидани се намуд автобуси «AKIA»-и истеҳсоли Тоҷикистону Туркия, хусусан, автобуси дуқабата низ, барои мо хурсандибахш буд.
- Яке аз соҳаҳои рушдкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аграрист. Аз ин хотир, барои кишоварзони ҷумҳурӣ ва иштирокчиёни чорабинӣ соҳибкорони Беларус намудҳои гуногуни техникаи соҳаи кишоварзиро пешкаш намуданд, — зикр кард муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Беларус А. Огородников.
Аз ҷониби соҳибкорони афғон ва эронӣ низ маҳсулоти гуногун пешниҳод гардид. Раиси ширкати «Муқаддас» Абдулбасир Раҳмонӣ, ки маҳсулоти беҳдоштӣ ва шустушӯ истеҳсол менамояд, изҳор дошт, ки бори нахуст чанд моҳ қабл дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар чунин намоишгоҳ ширкат варзид.
- Ин оғози ҳамкориҳои мо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ман ояндаи робитаҳоро дурахшон мебинам, мехоҳам сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо мо ҳамкорӣ кунанд. Ҳамчунин, намояндагии ширкатамро дар Тоҷикистон ташкил намуданиям, — гуфт ӯ.
Маҳсулоти пешниҳоднамудаи соҳибкорони эронӣ низ гуногун буд. Ҳусайни Фараҷӣ доруву давоҳои табиӣ, Довуд Ҳамлӣ тухмии зироатҳоро муаррифӣ намуд. Аз ҷониби эрониҳо, ҳамчунин, таҷҳизоти гуногуни барқӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ширкатҳои ватанӣ дар намоишгоҳ маҳсулоти худро, аз қабили матову либос, шираворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои саноатӣ, мебел, таҷҳизоти барқӣ ва ғайра пешкаш намуданд. Намояндаи ширкати «Суман», ки бори аввал иштирок менамуд, сангҳои ороишӣ ва масолеҳи сохтмонии аз санг омодашударо муаррифӣ намуд.
25 октябр дар доираи намоишгоҳ форуми сеҷонибаи «Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон» доир гардид, ки ҳадаф аз он густариши робитаҳо байни ин кишварҳо буд. Ҳамоиши доираи соҳибкорон дар толори хурди МД «Кохи Борбад», ки 26 октябр баргузор шуд, низ ҳамин ҳадафро дошт. Пас аз анҷом маросими бастани шартномаҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳо баргузор гардид.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»