Нигаронӣ

Муассисае, ки ба фармони №622 бетафовутӣ зоҳир менамояд

№134 (3928) 08.11.2018

Тибқи Фармони №622-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, бояд дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд. Мутаассифона, баъзе мақомот аз ин фармон бохабар бошанд ҳам, баъд аз чопи мақолаҳои танқидию таҳлилӣ ё пешниҳодот муҳри хомӯшӣ бар лаб мезананд.

Чунончӣ, дар шумораи №113 (3907)- и рӯзномаи «Садои мардум» (18 сентябри соли 2018) мақолае зери унвони «Донишҷӯён ба дарс дер намемонанд, агар…» чоп шуда буд. Дар мақола дар бораи мушкилоти равуои донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор сухан мерафт ва зарурати ифтитоҳи хатсайри «Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор- Коллеҷи тиббӣ» масъалагузорӣ шуда буд. Ба мақолаи мазкур директори генералии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» С. Гулов ҷавоб гардонид, ки дар шумораи №126 (18 октябри соли 2018)- и рӯзнома ба табъ расид. Номбурда навиштааст, ки масъалаи кушодани хатсайр, тақсимоти автомобилӣ ба Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ» ва хизматрасонии логистикӣ»- и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Мутаассифона, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» то ҳол барои ҳалли мушкилоти дар мақола зикршуда иқдоме накардааст. Маълум мешавад, ки роҳбарияти муассисаи мазкур ё рӯзнома намехонанд ё хонда бошанд ҳам, қудрати фавран ҳал кардани мушкилоти бамиёномадаро надоранд. Пас мавҷудияти чунин муассисаи беиқтидору танҳо дар коғаз вуҷуддошта чӣ зарурат дорад?

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»