- Тоҷикистон бо терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи онро дар як давраи ҳассос барҳам дод. Мо бояд маънои ин дастовардро дарк карда, эътироф намоем, ки таҷрибаи нодири Президент ва давлати Тоҷикистон дар фурӯ нишондани даргириҳои ду даҳсола пеш на фақат таъмини субот дар кишвар, балки наҷоти Осиёи Марказӣ аз ҳузури террористон ва пешгирии тавсеаи ифротгаройӣ дар минтақа буд. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро гирифт, ки метавонист Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳрҳои Хазару Сиёҳ ва Ироқу кишварҳои Левант доман занад.
Ин андешаи Мубашар Ҷовид Акбар, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон аст, ки ишораи мустақим ба ҳаводиси хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дорад. Номбурда ин матлабро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез», ки 3 — 4 май бо ҳузури беш аз 400 намояндаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуд. Ин мақоми баландпоя дар идомаи суханронӣ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки бояд дар мубориза бо терроризм мавқеи ягона ва қатъиро интихоб намоянд: «Мо бояд ба ҷонибдорони миссияҳои худкушӣ ва ҳимоятгарони бесарусомонӣ бо далерии эътиқодамон ҷавоб диҳем. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст дар муқобили терроризм ба манфиати кор нест. Иҷозат фармоед, бори дигар аз таҷрибаи мизбононамон, ки дар фикру рафтори худ равшании намунавӣ нишон доданд, мисол орам. Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро ҳамчун ташкилоти террористӣ бидуни шарт манъ кард. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми «наҳзат» чӣ маъно дорад? Чун мусулмон ман ба зуҳури ислом бовар дорам, зеро он аз сӯи Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбакӣ кори одамони гумроҳ аст. Худованд исломро қосиди сулҳ кард. Аммо ин афроди ҷоҳил дини мубини исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд. Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд».
Дар ҳоле ки вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон дар баробари таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгаройӣ, таҳияи роҳу усулҳои муборизаи самаранок алайҳи он дар конфронси сатҳи баланд матраҳ мешуд, Мубашар Ҷовид Акбар ТТЭ ҲНИ — ро як неруи аҳриманӣ хонда гуфт: «Мо бояд Президент Эмомалӣ Раҳмон, неруҳои амниятӣ ва мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда табрик намоем».
Ғолибан, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон зери мафҳуми «фоҷиаи идоранашаванда» фаъолияти ТТЭ ҲНИ — ро дар назар дошт, ки ҳамакнун эҳсоси хатари он ба марзҳои фаротар мерасад. Ҳарчанд мардум аз тахрибкориҳои аъзои ин ташкилоти террористӣ баҳри бесуботии кишвар ва ҷанги шаҳрвандӣ воқиф буданд, вале ҳаводиси хунини моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат чеҳраи аслии ин ҳизби мамнуъро рӯшантар ва таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгарони хориҷиро ба худ кашид. Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки ин ҳизб аз оғози фаъолият хислати иртиҷоӣ дошта, ба раванди инкишофи сиёсӣ, таҳкими принсипҳои демократӣ халал ворид менамояд. Бадтар аз ин, аъзои он зарфи 10 — 15 соли охир бар пояи нишондоди хоҷагони хориҷӣ батадриҷ дар ҷомеа фазои хурофотӣ ва таассуби диниро ба вуҷуд оварда, дар ниҳоят, мехостанд, ки қудрати сиёсиро аз тариқи исёни мусаллаҳона ба даст оранд. Дар ҳамин асно, ниқоб аз рӯи наҳзатиҳо афтод ва робитаи мустақими онҳо бо гурӯҳҳои даҳшатафкани террористӣ бо далелҳо ошкор шуд. Соле қабл рӯзномаи бонуфузи «Ал-Аҳром» — и Ҷумҳурии Мисри Араб ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ мутаваҷҷеҳ шуда, навишта буд, ки «ҳизби наҳзат — ақидааш аз гурӯҳи «Ихвон — ул — муслимин» сарчашма мегирад, дурӯғ мегӯянд, бо дурӯғ нафас мегиранд». Муаллифи матлаб, дар робита ба масъалаи матраҳ, чунин таъкид карда буд: «ҲНИ бо амалҳои нопок мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, хокаи аслиашон ба ҳама маълум гашт.
Собитшуда аст, ки хадамоти ҷосусии баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба манзури амалисозии аҳдофи ғаразнок тавонистанд ин ташкилоти террористиро созмон дода, афроди хурофотию мазҳабиро бо роҳи мағзшӯӣ ба он ҷалб созанд. Ин гумроҳон, ки қисме аз кишвар фирор намудаву дар хориҷи мамлакат ба суди бегонагон фаъолият менамоянд, омили аслии ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ки ҳамакнун аз ҷониби сиёсатмадорон ва марказҳои таҳлилию пажӯҳишии кишварҳои зиёд эътироф шудааст.
Воқеан, ихтисос ёфтани бахши аъзами суханронии Мубашар Ҷовид Акбар, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ба унвони як дипломати сатҳи баланд оид ба терроризму ифротгаройӣ дар мисоли ТТЭ ҲНИ ҳушдорест барои ҷомеаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд. Зеро таҷриба собит намудааст, ки фаъолияти чунин гурӯҳҳо, на танҳо рӯзгори халқу миллатҳои алоҳидаро тира месозанд, балки ба осоиши рӯзгори дигарон низ зарба мезананд.
Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», 8 июни соли 2018, №115