Муносибати хуб аз доруву даво беҳтар аст

№47 (3032) 16.04.2013

Мо — як гурӯҳ сокинони ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, чанде пеш дар «Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-и шаҳри Хуҷанд мавриди табобат қарор доштем. Дар ин ҷо муҳит, муомила ва муносибати хуби духтурону кормандон, ба ростӣ, аз ҳама гуна дорую даво беҳтар аст. Соли даҳум аст, ки ба марказ Соҳиб Исломов, ки шахси донишманду кордон аст, сарварӣ менамояд. Бо роҳбарии вай биноҳои табобатӣ ва хизматрасонӣ тозаву озода ва барои кору фаъолияти табибон ва осоиши беморон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Мо аз муомилаву хизматрасониҳои кормандони марказ Муҳсин Ҷабборов, Аскар Мансуров, Фирӯзахон Файзиева, Шарофатҷон Пӯлодова, Раънохон Неъматова, Гулнора Зарипова, Анора Бойматова, Обида Иноятова ва дигарон бисёр миннатдорем ва тавассути рӯзномаи «Садои мардум» ба онҳо арзи сипос мекунем.

 

М. БЕКОВ аз ноҳияи Файзобод, Т. ХУДОНАЗАРОВ

аз шаҳри Чкаловск ва Ҳ. СОДИҚОВ аз шаҳри Ваҳдат