Мурғоб. Бунёди боғи намунавӣ дар баландии 3800

№ 23.04.2025

Дар ноҳияи Мурғоб дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр масоҳати 10 гектар боғи нави намунавӣ бунёд гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот пеш аз маъракаи ниҳолшинонӣ зикр кард, ки бо ҳадафи татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ба кор андохтани заминҳои бекорхобида, рушди соҳаи боғпарварӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва сарсабзу хуррамгардонии диёр дар шаҳру ноҳияҳои вилоят боғҳои нави мевадиҳанда ва дарахтони сояафкан бунёд гардида, ин ташаббус минбаъд идома дода мешавад.

- Ноҳияи Мурғоб бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ба пешравиҳои назаррас дар самти бунёдкорию ободонӣ, чорвопарварӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ноил гардида, аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат нисбати ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат шаҳодат медиҳад, — гуфт Алишер Мирзонабот.

Мавриди зикр аст, ки дар боғи нав зиёда аз 10 000 ниҳоли дарахтони сояафкан шинонда шуд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»