СУНАТОВ САЙФИДДИН

№ 28.04.2021

 (Сайфиддин Суннатӣ)

Суннати 3х418 августи соли 1966 дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна  соли 1983 ба Донишкадаи зироаткории Тоҷикистонро хатм намудааст.

Соли 1994 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултети «Журналистика ва тарҷумонӣ» дохил шуда, онро соли 1996 бо ихтисоси «Тарҷумони забони адабӣ» хатм намудааст.

Соли 1988 пас аз хатми Донишкадаи зироаткории Тоҷикистон ба Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» ба кор даромада, то моҳи январи соли 1992 фаъолият кардааст.

Аз январи соли 1992 дар мактаби миёнаи рақами 30-и ноҳияи Ҳисор ба ҳайси омӯзгори фани «Хат ва матни классикии тоҷик» ифои вазифа намудааст.

Аз 1 январи соли 1994 дар ширкати «Кӯҳистон» ба ҳайси тарҷумон ба кор даромадааст .

Аз сентябри соли 1996 то 8 январи соли 2007 дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» кор кардааст.

Аз 8 январи соли 2007 то 1 марти соли 2009 дар рӯзномаи «Минбари халқ» фаъолият дошт.

Аз 1 марти соли 2009 то 31 марти соли 2016 дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба сифати котиби масъул ва муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ фаъолият кардааст.

Аз 1 марти соли соли 20016 ба тариқи гузариш ба рӯзномаи «Садои мардум» ба ҳайси хабарнигор ба кор омадааст.

Аз 1 феврали соли 2017 хабарнигори шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт шуда кор кардааст.

14  августи соли 2017 ба вазифаи муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзнома гузаронида шуд.