Суҳбати хабарнигорамон дар робита ба ҳадафу мақсадҳои баргузории судҳои сайёр бо муовини раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сафар Нурализода
- Соли гузашта дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 87 парвандаи гражданӣ, 80 парвандаи оилавӣ ва 14 парвандаи ҷиноятӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардид, ки дар муқоиса ба соли 2018 бештар мебошад, — оғоз намуд суҳбатро Сафар Нурализода ва идома дод: — Судҳо ба василаи баррасии парвандаҳо дар судҳои сайёр, моҳияту зарурати қабули қонунҳоро ба шаҳрвандон шарҳ медиҳанд, моддаҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тафсир менамоянд.
Баррасии парвандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки на ҳама аз муқаррароти қонунҳои миллӣ, ҳамчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар огоҳии кофӣ доранд. Дар натиҷа, ҳангоми баргузории тӯю маросим ба қонуншиканӣ даст мезананд. Надонистани қонун бошад, шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Бинобар ин, ҳангоми мурофиаҳои сайёри судӣ, ки дар маҳаллаҳо, корхонаю ташкилот, муассисаҳои таълимӣ доир мешаванд, қабл аз ҳама, ба шарҳи қонунҳо эътибор дода мешавад, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим хоҳад дошт.
- Парвандаҳо барои мурофиаҳои сайёри судӣ ҳамаҷониба санҷида интихоб мешаванд, — мегӯяд ҳамсуҳбатам. — Шахсоне, ки дар толори баргузории мурофиаҳои сайёри судӣ ҷамъ меоянд, намояндагони касбу кори гуногунанд. Сатҳи донишҳои ҳуқуқиашон яксон набуда, ба паҳлуҳои гуногуни қонунҳо, тафсири баъзе аз моддаҳои онҳо мароқ зоҳир намуда, хоҳишманди такмили донишҳои ҳуқуқиашон мебошанд.
Барои баррасӣ дар аксар ҳолат парвандаҳое интихоб мешаванд, ки мазмунашон ба ҳам наздик аст. Яъне, шахсони алоҳида дар ин ё он муассисаи гуногун фаъолият намуда, ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии якхеларо содир кардаанд.
Ҳарчанд ташкили мурофиаҳои сайёри судӣ бо мақсади баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ кори душвор бошад ҳам, вале бо дастгирии раисони маҳаллаҳо ва нозирони минтақавӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ҷараён доранд. Инчунин, кӯшиш мекунем дар мурофиаҳои сайёр парвандаҳое, ки судшавандаҳо дар озодӣ қарор дошта, ҷиноятҳое, аз қабили латукӯб, авбошӣ (қисмҳои 1 ва 2), вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва монанд ба инро содир намудаанд, дар муассисаҳои таълимӣ баргузор намоем, то барои дигарон дарси ибрат шавад.
Ба баррасии судҳои сайёр баровардани парвандаҳое, ки бо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин алоқамандӣ доранд, мушкилоти муайян доранд. Бинобар ин, чунин парвандаҳо дар бинои судҳо, ки шароити зарурии ҳаматарафа доранд, баррасӣ шуда, қарори дахлдор қабул карда мешавад. Дар натиҷаи баррасии чунин парвандаҳо, бар иловаи баровардани ҳукм, мо ҳуқуқ дорем таъиноти хусусӣ бароварда, ба суроғаи истиқомати маҳкумшуда, ҷои кор ё таҳсилаш равон карда, дар он зикр намоем, ки шаҳрванд (бо нишон додани ному насаб) ба чунин ҷиноят, ҳуқуқвайронкунӣ ё қонунвайронкунӣ даст задааст. Аз раиси маҳалла, роҳбари муассиса хоҳиш менамоем, ки онро (таъинот мадди назар аст) дар байни аҳли ҷамоатчигӣ, хонандагони муассисаи таълимӣ қироат намуда, аҳли нишастро ба риояи қонуну тартибот даъват намоянд.
Зимни интихоби парвандаҳои оилавӣ ё гражданӣ ба эътибор мегирем, ки онҳо ба сирри шахсӣ, тиҷорат дахл надошта бошанд ё тарафҳои парванда ноболиғ набошанд, сабаби паст задани шаъну шарафи онҳо дар ҷомеа нагарданд.
Аксар вақт дар судҳои сайёр парвандаҳое, ки ба баҳси манзил, баҳсҳои меросӣ байни меросхӯрон, ки тарафҳо муносибатҳои меросиро сари вақт ба танзим надаровардаанд ва дар натиҷа боиси пайдо шудани баҳсҳои доманадор гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Аз ҷумла, моҳи март мо парвандаро оид ба маскун кардан дар манзили истиқоматӣ дар кӯчаи «Озодии занон» дар мурофиаи сайёр баррасӣ намудем. Бо баргузории он ба ҳозирин, аз ҷумла, ҳамсояҳо, фаҳмонидем, ки вақти ба ин ё он хонадон арӯс шуда омадан навхонадорон бояд ҳатмӣ аз қайди никоҳи давлатӣ гузашта, дар манзили истиқоматӣ ба қайд гирифта шаванд. Арӯси хонадон бо шавҳар ва хусуру хушдоман муомилаи хуб дошта бошанд, сабабгори вайрон гардидани муносибатҳои оилавӣ нашаванд, то ин ки ба ҷудошавии оила ва дигар ҳодисаҳо боис нагарданд.
- Ҳамин тариқ, мурофиаҳои сайёр, пеш аз ҳама, омили муҳими таъсиррасон ба аҳли ҷомеа мебошанд, — хулоса намуд ҳамсуҳбатам.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»