Проблема ва мулоҳиза

Мушкилоти ҷавонон ва роҳи ҳалли онҳо

№148 (4568) 29.11.2022

Чавонон«Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат, 21-уми майи соли 2021

Дар ҷумҳурӣ кор бо ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардидааст. Ҳамин аст, ки 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон  бо ҷавонон доир гардид. Яъне, Давлату Ҳукумат ҷавононро ояндаи миллат арзёбӣ карда, ба онҳо такя мекунад.

Зимнан, пешорӯи ҷавонон мушкилоти зиёде қарор доранд, ки дар матлаби зер доир ба чанде аз онҳо мегӯем.

АЗ ИНТИХОБИ КАСБУ МУШКИЛОТИ ДОНИШҶӮӢ ТО ТАҲСИЛ НАКАРДАНУ БЕКОРӢ

Имсол дар кишвар теъдоди дов­талабони макотиби олӣ нисбат ба ду сол пеш кам гардида, роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳоро нигарон кард. Ҳар сол довталабон имкон доранд аз миёни зиёда аз 800 ихтисоси пешниҳодшуда 12 — то интихоб кунанд, вале аҷобат он аст, ки қисме аз онҳо боз дар интихоби касби оянда хато карда, донишҷӯи тасодуфӣ мешаванд. Дар мавриди донишҷӯёни тасодуфӣ хеле зиёд мегӯем, вале ин мушкил то ҳол ҳал нагаштааст, зеро корҳои фаҳмондадиҳӣ нест, ихтисосҳои нолозим ихтисор намешаванд ва волидон ба интихоби фарзанд дахолат мекунанд.

Хушбахтона, довталабоне ҳастанд, ки барои интихоби ояндаашон омодагии хуб дида, дар бораи касбашон маълумоти даркориро меомӯзанд.

Табиист, ки донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ имкони бо хобгоҳ таъмин кардани ҳама донишҷӯёни аз деҳот омадаро надоранд. Аз ин рӯ, қисме аз донишҷӯён барои пайдо кардани хонаи иҷора азоб мекашанд. Мушкил он аст, ки ҳам нархи иҷораҳо гаронанд ва ҳам бархеҳо хонаҳояшонро ба донишҷӯён иҷора намедиҳанд. Бо сабаби кам будани идрорпулӣ толиб­илмон наметавонанд худро бо хӯрокворӣ, роҳкиро ва сарулибос таъмин намоянд. Дуруст аст, ки ҳар ду сол стипендияи донишҷӯён 20-30 фоиз боло меравад, вале нарху наво ва хизматрасониҳо ҳам хеле тағйир меёбанд.

Хулоса, донишҷӯён ба як қатор имтиёзҳо ниёз доранд. Маслиҳатҳои ройгони психологӣ, суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони касби худ, стипендияи беҳтар, сабукиҳо доир ба ҷои хобу роҳкиро ва дигар хизматрасониҳо.

Бо вуҷуди зиёд будани шумораи магистрантон дар макотиби олӣ, онҳо дарсҳои такрору стипендияи кам доранд, ба кори илмӣ кам машғул мешаванд, мақолаҳои илмиашонро бо сабаби нанавиштан ё напардохтани пул чоп намекунанд ва ба муаллимӣ ё таҳқиқоти илмӣ кам таваҷҷуҳ мекунанд. Чанде пеш ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба масъулин дастур дод, ки мушкилоти мавҷударо ҳал кунанд. Ба замми ин ҳама мушкилот, донишҷӯён мехоҳанд, ки дар сафи магистрантон бошанд.

Аз ҷониби дигар, мушкили асосии магистрантон дар миёни таҳсил даъват шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Ба фикри инҷониб, нафареро, ки ният дорад ба роҳи душвори илм равад, набояд аз миёни роҳ барорем, балки хуб мешавад ё пеш аз шомил шудан ба зинаи магистратура ва ё пас аз хатм ба хизмати ҳарбӣ ҷалб созем.

Мушкилоти таҳсил барои доктор PhD, унвонҷӯ ва аспирантон ҳам кам нестанд. Боз ҳам масъалаи хобгоҳ, иҷора, стипендия ва пурра машғул шудан ба кори илмӣ.

Мутаассифона, барои аксар ҷавонон пас аз хатми мактаби олӣ дар ҷои кор ҳамчун мутахассиси навкор чандин мушкилӣ пайдо мегардад. Барои мисол, маоши кам, фазои шахшуда ва номусоиди корӣ, фарқи назарияе, ки дар донишгоҳ омӯхтаанд ва амалияе, ки дар кор тақозо мешавад.

Ҳамчунин, ҷавононе ҳам ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун наметавонанд ба мактаби олӣ дохил шаванд. Масалан, ба ихтисосе, ки дохил шудан мехоҳанд, маоши волидонашон намерасад, ба донишкадае, ки қувваи волидонашон мерасад, шавқ надоранд. Ба ин минвол, бархе аз онҳо ба муҳоҷират рӯ меоранд, ки чандон қобили қабул шуморида намешавад. Яъне, баъзеҳо ба ҷои худсозӣ, худсӯзӣ мекунанд.

ЧӢ БОЯД КАРД?

Мушкилоти зикршуда роҳи ҳал доранд. Аз андозаи стипендияи донишҷӯён ҳама огаҳем, медонем, ки бо шароити имрӯза созгор нест, вале касе коре намекунад. Бояд чорае андешид, то онҳо дилгарм шаванд ва вақташонро зиёдтар ба таълим сарф кунанд.

Дар баробари донишҷӯён, магис­трантон, аспирантон ва докторантон ҳам ба таваҷҷуҳи хос ниёз доранд. Онҳоро ҳам бояд зиёд дастгирӣ кард ва нагузошт, ки фикрҳояшон ба корҳои беҳуда банд бошад.

Хушбахтона, ҳоло дар кишвар шумораи марказҳои омӯзишие, ки ба дилхоҳ нафар касби замонавию бозоргирро меомӯзонанд, зиёд шуда истодааст. Яъне, чунин марказҳо ба ҷавонон барномасозӣ, дизайн, мутахассиси SMM ва ғайраҳоро меомӯзонанд ва иловатан барои кори муносиб ёфтан мусоидат мекунанд.

Хулоса, бояд таваҷҷуҳро нисбат ба ҷавонон зиёд карда, кӯшиш намоем, ки мушкилашонро ҳал ва онҳоро ба ояндаи дурахшон дилгарм кунем.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»