Табиб ва дорусози шинохтаи тоҷик Сайидвалӣ Ҳикматов аз соли 1997 сарварии ҶДММ «Авитсенна»- ро ба уҳда дорад. Ӯ муаллифи нӯшдоруҳои «Авитсенна», «Сиёҳдона», як қатор чойҳои табобатӣ ва равғани сиёҳдона мебошад. Имрӯз давоҳои табиии истеҳсолнамудаи ин ихтироъкори тоҷикро бо тамғаи «Made in Tajikistan» берун аз ҷумҳурӣ низ дидан мумкин аст.
Дирӯз Фирдавс ном рафиқам аз шаҳри Қазони Федератсияи Россия занг зада шикоят кард: — Дорусози тоҷик давои пешгирикунандаи бемории сироятии «коронавирус»- ро кайҳо ёфтаасту чаро дар бораи он чизе наменависед? Як бор бо дастури истифодаи нӯшдоруи «Сиёҳдона» (инструкция бальзам чёрного тмина) ошно шавед, дар он ҷо навишта шудааст.
Вақте ба дастури нӯшдоруи зикршуда назар афкандам дидам, ки «Сиёҳдона» дар қатори иштиҳоовар, пасткунандаи сатҳи холестерину фишори хун буданаш, тақвиятдиҳандаи неруи муҳофизатии ҷисм ва пешгирикунандаи бемориҳои шамолкашӣ, зуком, бемориҳои гузарандаи вирусӣ, аз ҷумла, коронавирус низ ҳаст.
Мутаассифона, дар мо ҳанӯз тибқи мақоли «оби дари хона қадр надорад» рафтор мекунанд. Хуб мешуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи муайян ин давоҳои табиии истеҳсоли ватаниро харида, таъсири онҳоро дар беморон ройгон санҷад. Олимон натиҷаи таҷрибаро тавассути маҷаллаҳои илмӣ дарҷ намуда, бо ин роҳ давоҳои истеҳсоли ватаниро тарғиб намоянд.
Ду сол пеш ҷарроҳи тоҷик, номзади илмҳои тиб Ҷамшед Аминов дар шаҳри Санкт — Петербург муайян кард, ки беморони чарроҳишудае, ки нӯшдоруи табиии «Авитсенна»- ро истеъмол кардаанд, нисбати истифоданакардагон зудтар шифо ёфтанд.
Чаро ба ҳамин монанд таҷрибаҳоро дар кишвари худамон гузаронида наметавонем? Ё аз тарғиби давоҳои табиии истеҳсоли ватанӣ дида, аз хориҷа харидани дору беҳтар аст?
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 гуфта буданд: «Нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд».
Зимистони имсола якчанд шиносҳоям гирифтори зуком ва сулфаю беҳолӣ шуданд, шикоят карданд, ки дору мехӯранду таъсирашро ҳис намекунанд. Ба онҳо маслиҳат додам, ки рӯзе се маротиба пеш аз ғизо як қошуқӣ равғани сиёҳдонаро бо асал истеъмол кунанд. Самараи он аз бисёр доруҳои хориҷӣ дида бештар буд.
Агар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нӯшдоруи «Сиёҳдона»- ро барои муолиҷаю пешгирии паҳншавии коронавирус ақаллан барои таҷриба ба ҳамсоякишвар — Хитой пешниҳод кунад, комёб мешавад.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»