Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бори аввал 13 ноябри соли 1998 қабул шуда буд. Дар 19 соли охир, бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа, қонун се маротиба дар таҳрири нав қабул гардид. Бори охир қонуни номбурда 30 майи соли 2017 дар таҳрири нав қабул карда шуд ва бисёр масъалаҳои баҳсталаб дар он ҳалли худро ёфтанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 аз 96 модда иборат аст, ки 26 моддаи он бевосита ба масъалаи тартиби таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст
Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, чунонки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шудааст, фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад (сархати ҳаштуми моддаи 2). Яъне, раванди эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оғоз ёфта, минбаъд зинаҳои баррасӣ, қабул, интишор ва қатъи ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад, пурра ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дохил мешавад. Ба таври дигар гӯем, тамоми марҳилаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ (таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, қабул, интишор ва қатъи санади меъёрии ҳуқуқӣ) дар маҷмӯъ фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ташкил медиҳанд. Анҷоми танҳо яке аз ин марҳилаҳо ва ё дар маҷмӯъ иҷро накардани яке аз онҳо фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ шуда наметавонад. Масалан, агар санади меъёрии ҳуқуқии таҳиягардида, ҳанӯз қабул ва ё нашр нашуда бошад, ҳуқуқ эҷодгардида ҳисобида шуда наметавонад. Барои он ки ҳуқуқ эҷодгардида ҳисобида шавад, вай бояд ҳатман аз марҳилаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ гузашта бошад, то ин ки эътибори ҳуқуқӣ пайдо кунад. Раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пурра ба танзим даровардааст.
Азбаски таҳлили танзими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», доираи васеи масъалаҳоро дар бар мегирад, дар як мақола пурра таҳлил намудани онҳо аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки танҳо як ҷанбаи ин масъала – ваколати субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаро дар мавриди таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки асоси фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб меравад, мавриди таҳлил қарор диҳем.
Маълум аст, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ тавассути субъектони ҳуқуқэҷодкунанда амалӣ карда мешавад. Дар шарҳи мафҳуми фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ низ ин маънӣ таъкид шудааст, яъне фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, тавре дар боло ишора шуд, фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ба ин маънӣ, танҳо субъекти ҳуқуқэҷодкунанда расман ҳуқуқи таҳия, қабул, интишор ва қатъи санади меъёрии ҳуқуқиро дорад. Субъекти ҳуқуқэҷодкунанда бошад, тибқи муқаррароти сархати нуҳуми моддаи 2 қонуни номбурда халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдоре мебошанд, ки ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доранд.
Моддаи 7 қонун махсус ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда бахшида шудааст, ки дар он номгӯйи ин субъектҳо, яъне мақомоти давлатӣ ва дигар субъектони ҳуқуқэҷодкунанда мушаххас гардидаанд. Ҳамин тариқ, субъекти ҳуқуқэҷодкунанда субъекте мебошад, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро дорад.
Қобили қайд аст, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав (аз 30 майи соли 2017), ин масъала мушаххас нашуда буд. То ин дам дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (аз 26 марти соли 2009, №506) номгӯйи субъектони ҳуқуқэҷодкунанда чунин ифода ёфта буд:
«1. Ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дохил мешаванд: халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
Зери мафҳуми «ва дигар мақомоти давлатӣ» ҳамаи он мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатие фаҳмида мешуданд, ки дар номгӯйи мақомоти давлатии дар қисми 1 модда пешбинигардида номбар нашуда буданд. Дар натиҷа, шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби «дигар мақомоти давлатӣ» қабулгардида хеле зиёд буданд. Қисми бештари онҳо, махсусан санадҳои аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатӣ қабулгардида, аз тарафи мақомоти болоияшон тасдиқ мегардиданд ва ҳатто барои ба қайди давлатӣ гирифтан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намешуданд. Онҳо, инчунин, дар бисёр ҳолат ҳатто дар нашрияҳои расмӣ чоп нагардида, бо суиистифода аз ваколати соҳавӣ мавриди амал қарор дода мешуданд. Дар натиҷа, дар аксар ҳолат меъёрҳои дар ин санадҳо муқаррарнамудаи онҳо норозигии шаҳрвандон ва дигар шахсони ҳуқуқиро ба миён меоварданд. Борҳо баҳсу мунозираҳои ҳуқуқии байни ин ташкилотҳо мавзӯи муҳокимаи мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ гардида, то Суди конститутсионӣ идома ёфтааст.
Айни ҳол қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (аз 30 майи соли 2017, №1414), ки дар таҳрири нав қабул гардидааст, ин тавр ифода ёфтааст:
«1. Ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дохил мешаванд: халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
Дар баробари ин, ба қонун қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шудааст:
«2. Дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, субъекти ҳуқуқэҷодкунанда намебошанд».
Мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда танҳо ҳамон мақомотеанд, ки дар қисми 1 моддаи номбурда пешбинӣ гардидаанд. Мақомоти дигари давлатӣ субъекти ҳуқуқэҷодкунанда нестанд. Вале ин чунин маъно надорад, ки дигар мақомоти давлатӣ дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ иштирок намекарда бошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар дигар моддаҳо мушаххас муайян кардааст, ки на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ иштирок карда метавонанд. Аммо ин иштирок дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонун сурат мегирад.
Масалан, моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро муқаррар намудааст. Тибқи он аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Дар навбати худ на ҳар субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузоридошта субъекти ҳуқуқэҷодкунанда шуда метавонад.
Аз субъектоне, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ва ҳам субъекти ҳуқуқэҷодкунанда мебошанд. Яъне, онҳо инчунин ҳуқуқи таҳия, қабул, нашр ва қатъи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доро мебошанд. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон гарчанд мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, яъне ҳуқуқи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ ва пешниҳоди таклифҳои қонунгузориро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд ҳам, субъекти ҳуқуқэҷодкунанда нестанд. Ҳуқуқи бевосита таҳия, қабул, нашр ва қатъ намудани санади меъёрии ҳуқуқиро надоранд.
Ба ин монанд, дигар мақомоти давлатӣ низ метавонанд таклифҳояшонро барои такмил додани қонунгузорӣ тавассути ташкилотҳои болоии худ пешниҳод намоянд. Бо ин муқаррарот қонунгузор фарқи байни субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ва мақомоти давлатии ҳуқуқи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқидоштаро мушаххас кардааст. Субъекти ҳуқуқэҷодкунанда он мақомоти давлатие мебошад, ки ҳам ҳуқуқи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро дорад ва ҳам ҳуқуқи қабул ё тасдиқи ин санади меъёрии ҳуқуқиро доро мебошад. Аз рӯи ваколатҳое, ки қонунгузорӣ ба он додааст, санади меъёрии ҳуқуқии тибқи тартиби муқарраршуда қабулнамудаи ӯ дар ҳудуди муайян аҳамияти умумиҳатмӣ пайдо мекунад. Номгӯйи ин субъектони ҳуқуқэҷодкунандаро қонунгузор мушаххас кардааст. Мақомоти давлатие, ки ба ин рӯйхат дохил нашудаанд, гарчанде субъекти ҳуқуқэҷодкунанда нестанд, ҳуқуқи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда доранд. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳоднамудаи онҳоро вобаста ба доираи амал ва мавзӯи мавриди танзим қарордодаашон субъектони ҳуқуқэҷодкунандаи дар боло номбурда тибқи тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Мутобиқи меъёри муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 7 ҳамин қонун субъектони номбурда дар мавриде субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ҳисобида мешаванд, ки ваколати онҳо бо ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ муайян шуда бошад. Ҳамчунин, дар ин қисми модда қайд гардидааст, ки ваколати субъектони ҳуқуқэҷодкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Аз ҷумла, ваколати халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. Ба ғайр аз ин, ваколати номбурда бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушаххас гардидааст. Тибқи талаботи моддаи 1 қонуни конститутсионии номбурда «Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад. Қарорҳое, ки раъйпурсии умумихалқӣ қабул менамояд, эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ба ҳеҷ гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд ва иҷрои онҳо дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист». Ин меъёр ифодакунандаи ҳамон меъёри муқаррарнамудаи Конститутсия мебошад, ки халқро ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст.
Ваколати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда моддаҳои 60 ва 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд. Мутобиқи он қонунҳоро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.
Ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, дар моддаҳои 10-16, 36, 37, 45, 54, 57-62 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудаанд. Ба ин монанд, ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии дигар мақомоти давлатиро ҳамчун субъектони ҳуқуқэҷодкунанда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардаанд.
Дар мавриди таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки оғози ширкат дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб меравад, қонун дар моддаи 58, ки ба мавзӯи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст, муқаррар намудааст, ки дар навбати аввал, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё бо супориши он аз ҷониби мақомот, муассиса ва ташкилоти тобеъ таҳия карда мешавад.
Ҳамчунин, қонун пешбинӣ менамояд, ки мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад дар асоси шартнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро супориш диҳад. Азбаски санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро дар бар мегиранд, агар бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои ҳар чӣ бештари мутахассисон ва аҳли ҷамоатчигӣ қабул карда шаванд, ба рушди ҷомеа, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими давлати ҳуқуқбунёд беҳтар мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, қонун пешбинӣ менамояд, ки мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда метавонад таҳияи алтернативии лоиҳаро ба якчанд мақомот, муассиса, ташкилот ва шахсон супорад ё бо онҳо шартнома бандад, инчунин, барои лоиҳаи беҳтарин озмун эълон намояд.
Ҳамин тавр, дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомот ва шахсони воқеиву ҳуқуқии гуногун иштирок мекунанд, лоиҳаҳои гуногуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби онҳо пешниҳод мегарданд, вале танҳо мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки қонун муқаррар кардааст, ҳуқуқи қабули санади меъёрии ҳуқуқиро дорад.
А. ХОЛИҚЗОДА,
муовини якуми вазири
адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон