НАҚШАИ ДАЪВАТ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ИҶРО ГАРДИД

№71 (3551) 02.06.2016

Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 15 марти соли 2016 №649 ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз якуми апрели соли 2016 дар шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.

Рӯзи аввали ин маърака ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Дарвоз аз иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд. Инчунин, дар давоми як моҳ аввалин шуда, вилояти Хатлон, баъдан шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинишударо ба анҷом расониданд.

27-уми майи соли 2016 нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ба анҷом расида, масъулин аз иҷрои нақша гузориш доданд.

Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем.

 Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»