Нақшаи даъват иҷро шуд

№131(3432) 02.10.2015

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзи нахустини даъвати  тирамоҳии  наваскарон ба хидмати ҳарбӣ нақшаро барзиёд иҷро намуд. Бино ба гуфти Бузургмеҳр Умаров — капитан, комиссари ҳарбии ноҳия мутобиқи нақшаи пешбинишуда дар даъвати тирамоҳӣ аз ноҳия бояд 24 нафар сафарбар мешуданд, аммо шумораи довталабони хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб бештар буд ва дар ин мавсим 26 нафар ҷавонони ноҳия ба хидмати Модар — Ватан шарафёб шуданд.

Ба ин муносибат дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон  санаи 29 сентябр чорабинии идона бо ҳузури волидайни наваскарон барпо шуд. Муҳаммадҷобир Раҷабзода — раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ифтихор барои ҳар фарди бонангу номуси Ватан хонда, аз наваскарон даъват кард, ки бо сари баланд ва номи нек ин рисолатро анҷом диҳанд. Мавсуф афзуд, ки бо ибтикороти Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои хидмат муҳайё аст. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Шомаҳмад Холов низ дар ин маросим суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз мавҷудияти фазои сулҳу оромӣ ва рушди рӯзафзуни кишвар аз ҷавонон даъват кард, ки ҷавонмардона хидмати Модар — Ватанро адо намуда, бо сари баланд ба зодгоҳи худ баргарданд. Ба ин муносибат маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардида, тамоми даъватшавандагон  либоси варзишии якхела ба бар намуда, бо рӯҳияи идона ба хидмати Модар — Ватан сафарбар шуданд.

 

Абдувосит Салимзода,

«Садои мардум»