Даъвати баҳорӣ - 2024

Нақшаи даъвати баҳорӣ аз 70% гузашт

№56 (4796) 03.05.2024

Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳоло дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.

Тавре қаблан хабар дода будем, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷрои нақшаро дар рӯзи нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда ба итмом расонд.

Дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Лева­канти вилояти Хатлон низ гусели ҷавонписарони синни даъватӣ бомуваффақият ба анҷом расид. Иҷрои нақшаи даъват дар ин вилоят 86 фоизро ташкил медиҳад.

Шаҳру ноҳияҳои Роғун, Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ аз таъмини иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иттилоъ доданд. Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 74 фоиз баробар мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давоми моҳи апрел нақшаи даъвату гусели ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба 55 фоиз расида, дар шаҳри Душанбе бошад, 51 фоизро ташкил дод.

Ҳамин тавр, дар давоми як моҳи маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70 фоиз таъмин гардидааст. Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ то охири моҳи май идома меёбад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»