Нақши Конститутсия дар эъмори давлати миллӣ

№71 (3865) 09.06.2018

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки раванди нави таърих ба дӯши давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт ва дар ҳалли онҳо Конститутсияи ҷумҳурӣ нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро он ҳуҷҷати тақдирсоз буда, бо қабули он марҳилаи нави таърихӣ оғоз ва роҳи минбаъдаи инкишоф муайян гардид.

Ба андешаи олими тоҷик А. Имомов, қабули Конститутсия омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъиятиро муайян менамояд. Яъне, он шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо, гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъи­ятиро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта, таъинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти худидора дар маҳалро инъикос менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриро эътироф намуд, ки он ифодакунандаи номи расмии кишвар мебошад. Мувофиқи илми ҳуқуқшиносӣ, идораи ҷумҳурӣ шакли идоракуниест, ки тибқи он мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ дар асоси интихобот ташкил карда мешавад. Халқи Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намуда, дар назди наслҳои имрӯзу фардо ҷиҳати рушду инкишофи давлати миллӣ масъулият дошта бошад.

Яке аз аломатҳои меҳварии ҳама гуна кишвар соҳибихтиёрии давлат мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун қонуни асосии давлат, Истиқлолияти давлатиро эътироф намуда, онро дар сатҳи конститутсионӣ мақоми ҳуқуқӣ дод.

Мардуми шарафманди тоҷик давлати миллӣ, соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёдро бунёд намуда, анъа­наҳои давлатдории ниёгонро идома доданд ва дар асоси Конститутсия барои шаффофияти идораи давлатӣ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро пазируфтанд, ки дар асоси он ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо гардид. Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мустақилона амал намуда, дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Мо имрӯз дар даврони инкишофи давлатамон зиндагӣ намуда, дар рушду нумӯъ ва ободии он саҳмгузорем ва вазифадорем рафтору кирдори хешро мувофиқи талаботи Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монем. Онро фаромӯш насозем, ки тамоми дастоварде, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ насибамон гардид, натиҷаи хирад ва заковати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон аст, зеро маҳз таҳти роҳбарии Сарвари давлат ва иродаи мардум имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд, мавқеи онро ҳангоми ҳалли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд. Воқеан, зиндагӣ дар чунин ҷомеа, ки бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулият ташкил медиҳад, орзуи халқ дар масири асрҳо буд ва ҳоло он ҷомаи амал пӯшидааст.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробари халқи тоҷик, дигар миллат ва халқиятҳо низ зиндагӣ мекунанд ва эҳтиром, таъмини баробарӣ, дӯстии байни онҳо ҳамчун принсипи конститутсионӣ дар Конститутсияи ҷумҳурӣ муқаррар гардидааст. Мувофиқи он ҳама миллат ва халқияте, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқи бо забони модарӣ муошират кардан доранд. Муҳимтар аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби зиёда аз 160 давлат шинохта шудааст. Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипу ғояҳои асосие, ки манфиати инсонро боло мебардорад, таҷассум кардааст ва вобаста ба татбиқи он қонунҳои зиёд қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, зеро ҷавҳари асосии Конститутсияро ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Бешубҳа, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳоло яке аз конститутсияҳои демократитарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва хусусияти фарқкунандааш аз он иборат мебошад, ки дар он афзалияти ҳуқуқи инсон нисбат ба сиёсат эътироф шудааст.

Маҳмад РАҲМОНЗОДА,

судяи Суди шаҳри Душанбе,Ҷамила Абдулхайрзода,

корманди Дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе