Мақомоти прокуратура, ки дар заминаи устувори ҳуқуқӣ- конститутсионӣ ташаккул ёфтааст, дар пойдории низоми давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун нақши муҳимеро доро мебошад.
Вобаста ба фаъолият ва ташаккули ин ниҳоди муҳими ҳифзи ҳуқуқ хабарнигорамон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод мусоҳиб шуд.
- Тавре дар моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, он мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебарад. Ин ниҳоди муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ташаккул ёфт ва ба кадом пешравиҳо ноил гардид?
- Панҷуми декабри соли 1929 Тоҷикистон ҳамчун ҳафтумин ҷумҳурӣ ба ҳайати собиқ ҶХШС шомил шуда, истиқлолияти нисбии худро ба даст овард. Дар ин раванд мақомоти прокуратураи тоҷик низ соҳиби ҳамин дараҷаи мустақилият гардид.
Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол ҳамчун мақоми мустақили давлатӣ фаъолияти худро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бо дарназардошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишвар ҳолати қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ равона намудааст. Дар даврони истиқлолият аз як ҷузъи низоми умумишӯравии ҳифзи ҳуқуқ ба сохтори мустақили созгор ба принсипҳои демократии давлатдорӣ табдил ёфт. Ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ — конститутсионӣ ташаккул ёфта, ҷойи он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқ карда шуд. Дастгоҳи марказии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ва дар ҳайати он сохторҳои нави назоратӣ таъсис ёфт.
Дар ҳар саҳифаи пурҳаводиси таърихи Истиқлолияти миллӣ мақомоти прокуратура бо талошҳо дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нақше боқӣ гузоштааст. Барои чунин хизматҳои арзанда аз соли 1993 зиёда аз 200 нафар корманди мақомоти прокуратура бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба 80-солагии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии ин сохтор, бо вуҷуди шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро мекарданд. Дар давраҳои минбаъдаи инкишофи худ низ мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, боз ҳам пойдор гардонидани қонуният ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои назаррасро ба анҷом расониданд».
Мақомоти прокуратура вобаста ба талаботи замон мунтазам такмил меёбад. Дар ин раванд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2015 сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ аз нав тасдиқ карда шуд. Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва экстремизм, дар сохтори дастгоҳи марказӣ — Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис ёфтанд.
Ҷиҳати такмили назорат дар соҳаи иқтисодиёт ва буҷет, дар қатори Шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз Раёсат оид ба назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук таъсис дода шуд. Шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон ба раёсат табдил дода шуда, воҳидҳои нав — Шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот, инчунин Шуъбаи амнияти дохилӣ созмон ёфт. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии кормандон дар назди Прокуратураи генералӣ фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомот ба роҳ монда шуд. Кодекси одоби касбии корманди мақомот ва Барномаи таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба тайёр намудани мутахассисон барои мақомоти прокуратура созишномаҳо ба мизо расиданд. Қабули кормандон бошад, дар асоси қарорҳои комиссияҳои давлатии тақсимоти мутахассисони ҷавон сурат мегирад.
Бо мақсади осон намудани ҷараёни муроҷиати аҳолӣ ба роҳбарияти прокуратура «Телефони боварӣ» ва Сомонаи расмии Прокуратураи генералӣ ташкил карда шуд, ки дар соли гузашта 254 муроҷиат бо ин воситаҳо ворид ва баррасӣ гардид.
- Таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа аз назорати умумии прокурорӣ вобастагӣ дорад? Дар ин робита мақомоти прокуратура чӣ тадбирҳо меандешад?
- Дар самти назорати умумӣ порсол 4733 санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа 7109 амр, 4731 эътироз, 3881 пешниҳод ирсол, 2463 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 25246 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Аз ҷумла дар рафти санҷишҳои ҳолати қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти бонкӣ ва назорати асъор як қатор ҷиноят ва қонуншиканиҳо, аз қабили тасарруфи маблағҳои пасандозҳо, муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва ғайра ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои дахлдори интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ андешида шуданд.
Назорати иҷрои қонунгузории замин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот ба ҳисоб меравад. Дар ин самт 426 санҷиш гузаронида, 1908 санади эътиноӣ татбиқ ва 3213 нафар муҷозот, 835 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2 866 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд, ки нисбат ба соли пешин 2556 гектар ё қариб чор маротиба зиёд аст. Соли сипаришуда ба 764 қарори ғайриқонунӣ доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин аз ҷониби прокуророн эътироз оварда, мавриди хариду фурӯш қарор додани 90 гектар замин ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуд.
Ҳолати зиёди бе шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул кардани кормандон, рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва саркашӣ аз ҷуброни зарари ба саломатии кормандон расонида ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҳо андешида шуд. Муайян гашт, ки дар натиҷаи бепарвоӣ ва хунукназарии масъулини ташкилоту муассисаҳо 83 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ рух дода, 40 нафар ҳалок шудаанд. Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбат ба шахсони гунаҳгор 32 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол гардид.
Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ зиёда аз 90 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат ба кормандони соҳаҳои гуногун пардохт карда шуд.
Аз ҷониби мақомот соли 2015 дар маҷмӯъ 342, 8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 207, 4 млн. сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор карда шуд, ки нисбат ба соли 2014 — ум 48,6 млн. сомонӣ ё 31 дарсад зиёд аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар Ҷадвали сатҳи дарки коррупсия, ки ҳар сол аз ҷониби созмони байналмилалии «Трансперенси Интернейшнл» нашр мегардад, мавқеи худро хеле беҳтар намуда, аз ҷойи 152 ба ҷойи 136, яъне нисбат ба соли 2014 — ум 16 зина поён фаромадааст, ки ин кори хуби мақомоти давлатиро дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия нишон медиҳад.
- Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар амалиётҳои ҷангии давлатҳои хориҷӣ боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Вобаста ба тағйири авзои ҷомеа ва пешгирии амалҳои ҷиноятӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералӣ як қатор супоришҳо доданд. Дар ин робита, таҳия ва қабули кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар назар аст?
- Дар ҳақиқат, солҳои охир вусъат ёфтани терроризм ва экстремизм, аз ҷумла афзудани шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар муҳорибаҳои ҳарбӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо ба назар расид, ки аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ташкил ва роҳандозӣ намудани чорабиниҳои мақсаднок ва муштарак дар ин самт, масъалаи мазкур дар ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар чунин муҳорибаҳо иштирок доранд, муайян ва дар ин робита парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. То ин дам парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 134 нафар бо анҷоми тафтиш ба суд ирсол гардидааст. Дигар иштирокчиёни ин ҷангҳо дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд.
Дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯйӣ 78 нафар иштирокчии ин муҳорибаҳо ва шахсони барои иштирок дар онҳо сафарбаршуда, инчунин 42 нафар аъзои оилаҳои онҳо, ҷамъ 120 нафар, аз хориҷи кишвар ба Ватан баргардонида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» — ро таҳия ва пешниҳод намояд. Стратегияи мазкур, ки лоиҳаи он омода шудааст, мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм бо дарназардошти талабот ва таҳдидҳои дар пешорӯи кишвар қарордошта муайян менамояд. Ҳамзамон, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лоиҳаи қонунҳо оид ба тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир, шарикӣ ва мусодидат намудан ба чунин ҷиноятҳо таҳия шуда истодаанд.
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодабарии шабакаҳои интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ масъалаи таъсиси Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм мавриди омӯзиш қарор дорад.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул шуд. Вобаста ба он ҳар сол 14 март (қаблан 14 декабр) ҳамчун Рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратура қайд мешавад. Барои тағйири ин рӯзи таъсиси мақомоти прокуратура чӣ зарурат буд?
- 14 марти соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се санади муҳимро оид ба фаъолияти мақомоти прокуратура қабул намуд, ки онҳо мустақилият ва танҳо ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда будани мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамуданд. Аз ҷумла 14 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Мутобиқи ин тағйирот мансаби прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад ва прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад ва прокурори генералӣ дар назди Шӯрои Олӣ масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад. Ҳамон рӯз бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Н. Ҳувайдуллоев) таъин карда шуд.
Ҳамчунин, дар таърихи мазкур бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати якум қабул шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. 30 апрели соли 1992 баъди муҳокимаи умумихалқӣ ин қонун қабул шуд.
Бо дарназардошти ҳамин се санади таърихӣ тасмим гирифта шуд, ки Иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи 14 март ҷашн гирифта шавад. Аз ин лиҳоз, 8-уми августи соли 2015 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид ва 14 март — Рӯзи кормандони прокуратура эътироф карда шуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»