Ваҳдати миллӣ рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории тоҷикон, ифтихор аз таъриху фарҳанг, тарғибгари андешаи миллӣ, дарки масъулияти баланд барои ҳаёти созанда, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ифодакунандаи мақсаду мароми халқи тоҷик аст, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст. Он аз омилҳои сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии давлату миллат ва арзиши муҳимтарини тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, хусусияти таърихӣ ва миллиро танҳо дар доираи ташаккул ва инкишофи давлати миллӣ пайдо карда, дар заминаи гуногунрангии сиёсӣ ва идеологияи миллӣ устувор ва мавриди татбиқ қарор мегирад.
Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қабл аз ҳама, моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати Истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад ва решадор гардад».
Маҳз тавассути ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаю заминагузорандаи ғояҳои ваҳдатпазирӣ буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърих ба арсаи сиёсати байналмилалӣ ворид гашта, дар самти дастгирии сулҳ ва амнияти дохилию байналмилалӣ, ёрии байниҳамдигарӣ ба давлатҳои ҳамҷавор, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳалли проблемаҳои об ва экология дар сайёраи замин, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гиромидошти таъриху фарҳанг ва бузургони халқи тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Қобили зикр аст, ки баъди ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилӣ ва сиёсию иқтисодӣ дар самти тақвият ва густариши минбаъдаи ҳокимияти судӣ, низоми судӣ ва адолати судӣ ба миён омаданд. Дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бомароми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти ҳокимияти судӣ ва ба роҳ мондани адолати судӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Муҳимтарин дастовардҳои соҳаро пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ метавон шартан ба таври зайл тақсимбандӣ намуд:
- дар Конститутсия мустаҳкам ва муқаррар намудани ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ;
- ба ҳайси таъиноти асосии ҳокимияти судӣ муқаррар намудани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат;
- дар самти баррасии парвандаҳо ва баҳсҳои ҳуқуқӣ амалан васеъ намудани салоҳияти суд;
- таҳким бахшидани меъёри санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар қонунгузории миллӣ доир ба фаъолияти судҳо;
- шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати низоми кафолатҳои мустақилияти судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ;
- муқаррар намудани кафолатҳои дастрасии ҳар як шахс ба адолати судӣ ва ҳифзи судӣ;
- вусъат ёфтани раванди маблағгузории фаъолияти судҳо аз буҷети давлатӣ;
- мукаммал гардонидани қонунгузорӣ дар самти фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мутобиқ гардонидани он ба стандартҳои байналмилалӣ;
- қабули қонунҳои соҳавӣ дар самти мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ;
- таъсиси ниҳоди «коромӯз-судя» дар сохтори ҳокимияти судӣ ва мустаҳкам намудани он дар сатҳи қонунгузорӣ;
- ба салоҳияти суд вогузор намудани масъалаи маҳдуд намудани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятӣ.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар 26 декабри соли 2018 ироа гашт, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки тақвияти минбаъдаи фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат мебошад, зеро фаъолияти ҳокимияти судӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиати давлату ҷомеа алоқамандии зич дорад. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ Президенти кишвар ниҳодҳои дахлдорро супориш дод, ки барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ҳар чӣ зудтар таҳия ва пешниҳод намоянд. Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳким ва тақвияти минбаъдаи ҳокимиятҳои судӣ, аз байн бурдани мураккабии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини қонуният, адолати судӣ ва дар заминаи он такмили сохтору фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ ба минтақаи ягона мебошад, мақсади стратегии ҷомеаи навин сохтани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони кишвар ва такмили ҷомеаи шаҳрвандии фаъол мебошад. Дар ин замина, Конститутсияи мамлакат ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст, ки бояд дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии пурқуввату инкишофёфта саҳми арзанда дошта бошад.
Ҳоло ҷомеаи башарӣ дигаргунии зиёдро аз cap гузаронида истодааст, ки соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатиро фаро мегиранд. Бинобар ин, масъалаи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ зина ба зина ба яке аз масъалаҳои муҳим ва марказии ҳокимияти давлатӣ мубаддал мегардад. Аз ин лиҳоз, механизм ва чораҳои ҳифзкунандае лозим меоянд, ки ин масъалаи муҳимро аз нигоҳи нав танзим намоянд. Бояд гуфт, ки дар миёни механизмҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳимояи судӣ ҳамчун механизми миллӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Яъне, нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат дар кишвар назаррас мебошад. Зимнан, сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва амалӣ намудани принсипи конститутсионии арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳз ба фаъолият ва кафолати ҳифзи судӣ эҳтиёҷ дорад.
Мавриди зикр аст, ки Ваҳдати миллӣ ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати гузаронидани ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқиро ба миён овард. Аз ҷумла, зарур буд, ки ислоҳот дар соҳаи судӣ-ҳуқуқӣ низ ба роҳ монда шавад, зеро ислоҳот дар мустаҳкам намудани сохтор ва низоми судӣ, салоҳият ва ваколати судяҳо нақши бузург мебозад. Муҳимияти ин ислоҳот дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) таъкид шудааст.
Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки кишвар ба маҷрои осоишта ва сулҳу суботи ҳамешагӣ қадам ниҳад ва соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, бахусус судӣ-ҳуқуқӣ ташаккул ва рушд намоянд.
Намоз АМОНЗОДА, судяи Суди шаҳри Душанбе,
Самандари ҚАЛАНДАР, корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе