(Андар ҳифзи рисолати миллӣ)
Ҳизббозӣ бар пояи тақлиди намоишӣ, дар сурате ки зарурати он ва дурнамояш барои ояндаи кишвар ва миллат илман асоснок нест, ҷомеаро ба бунбаст мебарад ва ба барномаҳои инкишофӣ халал ворид мекунад.
Меъёри баҳогузории ҳар як ташкилоти сиёсӣ, хоҳ он ҳизб бошад ё созмон ва даъвогари касби имтиёзи вакиливу роҳбарӣ, хусусан дар ҷомеаи суннатӣ, ин, пеш аз ҳама, маҳбубияти роҳбарияти он ва эҳсоси эмин будани хотираи шаҳрвандони ҷомеа аз рафторҳои роҳбурдии ин ҳизб ё ташкилот аст.
Таҷрибаи кишварҳои шарқӣ, ки аксари аҳолиаш мусулмон аст ва аҳзоби исломӣ муддаии яккатоз ва пешоҳанги қаноаткунандаи ниёзҳои сиёсӣ — динӣ, барои ҷомеа хатарзо ва бунбастӣ аст. Муаллифи ин сатрҳо муддате чанд дар кишварҳои исломӣ ба ҳайси мутарҷим ифои вазифа кардааст ва бо сароҳати калом медонам, чӣ мегӯям. Дар ин ҷомеаҳо орзуи ба озодӣ расидан аз дасти мудирияти бепояву буни охунду муллоҳо ба дод омадаанд, ки раҳоӣ аз онро дар мавқеъгирии дурӯягӣ, истеъмоли машрубот ва анҷоми иғвоангезонаи амалҳои номашруъ медонанд. Ин дугонагӣ на танҳо дар зоҳир, балки дар усули корбарии хонаводаҳо ҳам ҳукмфармост. Як мантиқ барои кӯча, дигаре барои хона.
Вақте ин сатрҳоро менигоштам, дӯстам, ки молики тарабхонае дар маркази пойтахт аст, ба кумакам шитофт ва гуфт, ки дар муддати моҳи Рамазон чанд соле ба мушоҳида гирифтааст, муштариёни фаъоли шаробхораву маишатии ин тарабхона ҳама шаҳрвандони ҳамсоякишварҳои исломӣ — Афғонистон, Эрон ва Покистонанд, ки дар кишварҳояшон ба таври иҷборӣ, барои хок пошидан ба рӯи атрофиён ниқоби тақводориро мепӯшанд ва ҳатто аз фаъолону қумондонҳои саршиноси кишварашон, нухбагони пойбанд ба ақидаи динӣ ҳам ҳастанд. Чаро ин вазъият ба бор омадааст? Омилони ин ихтилоф ва таноқузи рафторӣ дар ин ҷомеаҳо кистанд? Чаро ин гуфтаҳо бо кардаҳо мувофиқат намекунад? Инсони ҷомеаҳои ҷонибдори тамомиятхоҳии исломӣ чаро кӯшиши фирор аз ин кишварҳоро доранд ва ба адолатхоҳии динӣ ва бахусус ба пешсафони татбиқкунандаи ин ғоя бо эҳсоси танаффур ва шубҳа менигаранд?
Агар аз ин зовияҳои ба ҳам мутафовит ва ҷое ҳам ҳамоҳанг ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бингарем, тафовуту фосилаҳои зеҳниро ба мушоҳида мегирем, ки бо такя ба илми оянданигарӣ вуҷуди ин ҳизбро дар ин қисмати замонӣ дар чорчӯби ризоияти миллӣ маъқул намедонанд.
Далелҳое, ки бар зидди густариши нуфузи ҲНИТ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ҳамчун ба ҳизби тасарруфгари эътиқоди динӣ ва арзишҳои мазҳабӣ далолат мекунанд, аз ин қароранд:
Омили дохилӣ: Наҳзат тӯли мавҷудияташ ба сифати ҳизби динӣ инсонеро ба вуҷуд овард, ки орӣ аз илм, безор аз рушду тараққӣ, парҳезгар аз қонунмандӣ ва пойбанд ба арзишҳои миллатситезист. Ин инсонҳо, ки аслан аъзои ҲНИТ мебошанд, пойбандии устувор ба лаҷоҷат (ҷанҷол) ва эътироф накардани дастовардҳои миллатро доранд. Табиист, ки бо ин бархӯрди зишт онҳо на танҳо маҳбубияти мардум, балки ҳукуматдоронро ба даст наоварданд.
Омили хориҷӣ: Дар сурате ки дарҳои ҷанубии Ватанамонро ҳаракатҳои ифротгаро, аз қабили ДИИШ, Толибон, «Ансоруллоҳ» мекӯбанд, ҲНИТ барномае ба ҷуз ҳукуматронӣ ва амиқгардонии нуфузашон дар ҷомеаро надорад. Ин ҳароспароканиҳо бо таваҷҷуҳ ба айнияти ақидавӣ бо ҳаракатҳои ифротгаро, зеҳниятеро ба вуҷуд овардааст, ки ба ҲНИТ ҳамчун ба унсури таҳрикгари суқути ваҳдати миллӣ муносибат карда шавад.
Омили равонӣ: Ришҳои жӯлидаи безеб, тарғиби либоси бегона, монеа шудан ба арзишҳои танвири ҷомеа, худро аз барномаҳои умумимиллӣ дур гирифтан, худнамоишдеҳии пулу моликиятдорӣ як навъ эҳсосоти зиддимиллиро ба муллову ҳизби муллоҳо ба вуҷуд овардааст.
Хулоса, ҲНИТ дар фаъолияти дохилиҷумҳурӣ зарфиятҳои мавҷударо истифода накард ва дар меҳвари усули кориаш ҷалбу ҷазби таваҷҷуҳи хориҷиён ва кишварҳои хориҷиро авло донист. Ва ин натиҷагирие, ки дар зеҳнияти мардум ва давлатмардон нисбат ба ҲНИТ ба вуҷуд омадааст, зуҳуроти тадриҷиест, ки муҷримонаш суйифарҳангии норавои мудирият ва дастандаркорони ин ҳизбанд.
Д. Исмоилов, докторанти кафедраи фалсафаи ДМТ