Табаддулоти низомии нокомшудаи ТТЭ ҲНИ, ки моҳи сентябри соли 2015 рух дод, барои миллати тоҷик ҳамчун як омили ҳушдоркунанда маҳсуб мешавад, зеро пеши назари ҳама чеҳраи аслии ин ташкилоти террористӣ бори дигар ифшо гардид. Мушаххас шуд, ки ин афроди нохалаф, новобаста аз сулҳу салоҳ ва арзишҳои ваҳдати миллӣ, нақшаҳои нопок доштаанд. Баъди ифшои асрорашон иддае аз саркардагони ин ташкилоти террористӣ боздошт ва қисмате ба хориҷа фирор намуда, худро чун чеҳраи сиёсӣ муаррифӣ намуда, мақоми паноҳандагӣ гирифтанд.
Ҳоло онҳо талош доранд, ки дар расонаҳои хабарии ҷаҳон бо ҳар василае, ки бошад, номи Тоҷикистон, миллати тоҷикро паст зананд ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар кишвар нигаронкунанда нишон диҳанд. Бо ҳар баҳона кӯшиш мекунанд, ки фазои иттилоотиро ба манфиати гурӯҳии хеш истифода баранд.
Аз ҷумла, чанде пеш пайравони гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» дар муассисаи ислоҳии №3, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бо супориши хоҷагони худ бетартибии умумӣ роҳандозӣ намуда, ду посбони маҳбасро ба қатл расонида, шаш нафари дигарро дар ҳолати маҷруҳӣ гаравгон гирифтанд. Террористони ДИИШ- ӣ талоши фирор намуданд, вале аснои муқовимати мусаллаҳона бо мақомоти интизомӣ 21 нафарашон кушта шуд.
Аслан, воқеае, ки дар маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд рух дод, барои ҷомеаи ҷаҳон ягона нест. Ин гуна воқеаҳо ва бузургтар аз он ҳам рух додаанд. Масалан, дар Бразилия танҳо дар як бетартибии маҳбусон 111 нафар маҳбус кушта шудааст. Дар Венесуэла дар се маврид 365 ҷиноятпешаро безарар гардондаанд. Дар Мексика, Боливия, Шри — Ланка ва амсоли ин кишварҳо талошҳои ҷинояткоронаи маҳбусон борҳо пахш карда шудаанд. Аммо ҷаҳониён медонанд, ки зиндонӣ танҳо ба хотири идома додани ҷинояткорӣ талоши фирор аз маҳбасро мекунад.
Баъд аз бартараф шудани воқеаи Хуҷанд, расонаҳои хосаи ТТЭ ҲНИ аз амали террористии ДИИШ- иёни маҳбус ҳимоят намуда, кушташудагони онҳоро шаҳид ва фидоӣ унвон карданд. Гузашта аз ин, дастгоҳи таблиғотии наҳзатиён воқеаи мазкурро, ки аслан пайравони шохаи низомии наҳзат он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд, дар саргаҳи масъалагузориҳояшон қарор дода, Ҳукумати кишвар, мақомоти интизомӣ ва қудратиро айбдор намуданд, ки аз болои маҳбусон фишор меоранд.
Пахши изҳороту видеоҳои марбут ба маҳбасхонаи №3 бори дигар собит сохт, ки ҲНИ комилан ташкилоти террористӣ буда, шохаи низомии он ба сафи гурӯҳҳои ДИИШ ва Ансоруллоҳ шомил аст. Воқеаи маҳбасхонаи Хуҷанд дарси нав аст, барои мардуми шарафманди Тоҷикистон то чеҳраи аслии наҳзатиёнро бори дигар бишносанд ва дарк намоянд, ки вақте наҳзат аз террористони одамкуш ҳимоят мекунад, пайравӣ аз наҳзатиён инсонро то ба куҷо мебарад? Аминам, ки на ба шоҳроҳи инсонӣ, балки бар чоҳи ҷаҳолату зулмонӣ.
Аслиддин САФАРОВ, таҳлилгар