23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

НЕРУИ ПУРИҚТИДОРИ БУНЁДКОР

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

image-022670bc25f9f8de53e0d9947350128c6af3b778283e2fde455abea4d3dfd3ec-VТоҷикистон давлати ҷавон аст, зеро беш аз 70 фисади аҳолиро шахсони то 30 — сола ташкил медиҳанд.

Ба ин хотир, таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа зиёд аст. Ҷавонон такягоҳ, умед ва ифтихори ҷомеа мебошанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардаанд: «Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд».

Умуман, дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Ҷавонон рамзи ҳастии миллат ва имрӯзу фардои он мебошанд. Ҷавонони мо идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоланд.

Ҷавобан ба ғамхориҳо ҷавонон, ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии кишвар, бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бисёр  соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ташаккул ёфтани заминаи меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис ёфтани мақомоти давлатии ваколатдори кор бо ҷавонон (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), баҳри дастгирии олимони ҷавон таъсис гардидани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, бо мақсади аз лиҳози моддӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ намудани наврасону ҷавонони лаёқатманд (таъсиси 300 адад Стипендияи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон»), Квотаи президентӣ барои ҷавононе, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат иқомат мекунанд, 23 -юми май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, қабул шудани барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон — Барномаи ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон аз дастовардҳои асосӣ  мебошанд.

Дастоварди дигари бузурги ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ, таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мақсади он аз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Боиси ёдоварист, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ Сарвари мамлакат  панҷ маротиба бо ҷавонони кишвар бевосита мулоқоти расмӣ анҷом доданд, ки дар онҳо масъалаҳои зиёди мубрами ҳаётии наврасону ҷавонон баррасӣ ва ҳал гардиданд. Ба ҳамин монанд дастовардҳо хеле зиёданд, ки ин аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон шаҳодат медиҳад.

Ҳама ин комёбӣ дар муддати на чандон зиёд ба даст омадаанд. Воқиф будан аз ин ҳама барои ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо масъулияти бунёди ҷомеаи навинро бар дӯш гирифта, мақсаду ҳадафҳо ва роҳи пешгирифтаи сиёсати Давлату ҳукуматро идома хоҳанд дод.

Имрӯз, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мо — ҷавонон бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошем, зеро дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгон бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳувияти миллӣ хоҳад буд.

Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ иборат аст аз шинохти мавқеи таърихи имрӯз ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Яке аз арзишҳои пурқимати маънавии мардуми мо ҳисси ифтихор аз мероси пурғановату оламшумули гузаштагон аст, вале танҳо ифтихор кардан нокифоя аст, балки ба қадри он расида тавонистан, аз он баҳрабардорӣ намудан, ба оламиён муаррифӣ намудани паҳлуҳои норавшан  муҳимтар аст.

Мо умед дорем, ки ҷавонони бонангу номуси кишвар омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Ватани азизамон ва боз ҳам боло бурдани обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Мавсума МУИНӢ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон