«Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешавад. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015
Дар саҳни даромадгоҳи маркази саломатӣ бо зане вохӯрдам, ки писари бемораш дар китф базӯр вориди бино гардид. Атрофиён бо тааҷҷуб ба онҳо менигаристанд. Зан ба нигоҳи онҳо аҳамият намедод. Чун наздик омаданд, бо эҳтиром саломам дод. Чеҳрааш шинос тофт. «Маро нашинохтӣ, ака, Ҷаҳонгулам»,- гуфтанаш лаҳзае хаёламро ба чанд даҳсолаи пеш бурд. Наход ҳамон Ҷаҳонгуле бошад, ки дар рӯзнома бо мо ҳамкорӣ дошт. Солҳои зиёдест ӯро надида будам. Назар ба синну солаш хеле калон менамуд. Ин тааҷҷуби маро пайхас намуд, магар ки баъди дар курсии қабулгоҳи духтури асаб нишастан аз рӯзгори худ сухан кард.
-Баъди хатми донишгоҳ дар деҳа муаллима шудам ва аз касбам ифтихор доштам, ки ба наврасони ҳамдеҳаам илму маърифат меомӯзам. Ҷавонони деҳа низ бо ҳавасу нигоҳи харидорӣ сӯям дида медӯхтанд. Аммо хоҳишу майлам дар ин масъала гӯё барои падару модар ва хешовандонам қурбе надошт, ки маро ба писари амакам фотиҳа карданд.
Муносибати шавҳарам нисбати ман хуб асту зиндагии бад надорем. Буду шудамон ҳамин Фарҳодҷон аст. Маъюб ба дунё омад, духтурон мегӯянд, ки бемориаш фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар асту табобатнашаванда. Хуни дил мехӯрам. Чӣ илоҷ, домангир аз тақдиру амали носавоби падару модар ва хешовандонам ҳастам. Ба ҷойи он ки писар асои дасти мо гардад, мо асои дасти ӯ шудем,- гуфт Ҷаҳонгул ва талх гирист.
Ин дард маро ба андеша водор сохт…
-Ин гуна беморӣ аксаран аз никоҳи хешутаборӣ сар мезанад. Бемории мазкур хромосомӣ буда, табобатнашаванда мебошад,- гуфт духтури асабшинос Муродалӣ Ғафуров. — Падару модарони зиёде барои гирифтани гурӯҳи маъюбии фарзандонашон ба мо муроҷиат мекунанд. Масалан, оилаи Садриддиновҳо (аз деҳаи Муъминободи деҳоти «Мискинобод») се фарзандаш маъюби гурӯҳи дуюм буда, онҳо ба бемории атаксияи ирсии мағзчавӣ гирифторанд. Меҳрона Оева (модараш Тоҳирова Мастура, аз деҳаи Карсанги деҳоти «Ҷавонон»), Иброҳим Холов (модараш Гулчеҳра Нозимова, аз деҳаи Қанғели деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев), Бурҳониддин Шарифзода (падараш О. Шарифов, аз деҳаи Фатҳободи деҳоти «Мискинобод»), Майрами Тиллозодаи Маҳмуд (модараш Г. Маҳмудова, аз деҳаи Дубедаи деҳоти «Ҷавонон») аз никоҳи хешутаборӣ бо касалиҳои модарзодии дутарафаи гӯшвазнинии дараҷаи баланд ва вайроншавии нутқ таваллуд шудаанд. Инчунин аз оилаи Ғафуровҳо се фарзандашон- Баҳринисо, Маҳмуд ва Идимоҳ нобинои модарзоди узви босираанд. Моҳира Нозимова, ки худ нобино аст, гуфт, ки аз никоҳи хешутаборӣ чанд пушти мо азият мекашад. Духтарам Сумая ҳам нобино аст.
Даҳҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки фарзандони модарзод маъюби аз никоҳи хешутаборӣ бадунёомада азият мекашанд. Падару модарони фарзандони маъюб аз карда пушаймонанд, вале чӣ суд, ки кор аз кор гузаштааст. Мудири шуъбаи таваллудхонаи шифохонаи марказии ноҳияи Файзобод Баргигул Акрамова иброз медорад, ки саломатии инсон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ӯ аз волидайни худ кадом «бори генетикӣ»-ро ба мерос гирифтааст. Бемориҳои ирсӣ гурӯҳи бемориҳоеанд ба монанди анэнтсефалия, гидротсефалия, силино бифидум, полидактелия, нуқсони дил, бемориҳои пӯст, бемории Дауна, набудани девори пеши шиками навзод, бар асари ихтилоли дастгоҳи ирсӣ — «генетикӣ»-и ҳуҷайраҳои ҷинсии яке аз волидайн ё ҳар дуи онҳо рӯй медиҳанд. Ҳангоми издивоҷи хешон аксарияти кӯдакон бо бемориҳое, ки зикр кардем, ба дунё меоянд. Сабаби сол то сол зиёд гаштани чунин бемориҳо дар он аст, ки падару модарон фарзандонро бе муоинаи тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд.
Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани маслиҳат ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои тандурустии маҳалли истиқомат ройгон, бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад, вале шаҳрвандон аз ин муқаррароти қонун истифода намебаранд.
-Дар ноҳия то имрӯз аз 270 нафар кӯдаки маъюби то ҳаждаҳсолаи бақайдгирифташуда 80 нафарашон аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд,- гуфт раиси комиссияи машваратии тиббӣ Зубайда Шобудинова.
Падару модарон дар масъалаи издивоҷи фарзандон танҳо мақому мансаб, шуҳрат ва пулу молро ба эътибор мегиранд. Волидайне, ки фарзанди худро надидаю насанҷида, ба хешу ақрабои наздики худ ба шавҳар медиҳанд, ба ояндаи фарзандонашон парво надоранд. Тавлиди фарзанди носолим зиндагии чунин оилаҳоро рангин карда наметавонад, ҷангу ҷидол, нофаҳмиҳо, бадбинии якдигарӣ ба он оварда мерасонад, ки оилаҳо пош мехӯранд ва фарзандони носолими онҳо ба ҳукми тақдир ҳавола карда мешаванд.
Тарафи дигари масъала он аст, ки хешутаборон баъди ҷудо гаштани оилаҳои ҷавон нисбати ҳамдигар бадбинӣ зоҳир намуда, риштаи хешутабориашон канда мешавад. Зимни суҳбат бо судяи суди ноҳия Файзулло Ҷамилов маълум гардид, ки имсол аз 76 парвандаи бекоркунии ақди никоҳ 61 даъво қонеъ гардонида шудааст, ки шаш парвандаи он риштаи хешу таборӣ дошта, бо якчанд сабабҳо ҷудо шудаанд. Баъзе аз онҳо таваллуди фарзанди носолимро сабаб нишон дода, ҳаёти минбаъдаи якҷояи оилавиро салоҳ намедонанд.
Мо бояд такя ба фармудаҳои гузаштагонамон ва истифода аз илми муосири тиб карда, ба он бикӯшем, ки фарзандони солим ба дунё биорем, то генофонди миллати азизамон ҳифз гардад. Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи Модар чунин таъкид доштанд: «Вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи падару модарон, омӯзгорон, табибон, оилаҳои пешқадам, занони бомаърифат ва уламои дин, пеш аз ҳама, омода кардани фарзандон ба зиндагии мустақилона ва оқибатҳои издивоҷи хешутаборони наздикро ба мардум дуруст шарҳ дода, пеши никоҳи хешутаборӣ гирифта шавад, зеро рисолати оила назди Худованду ҷомеа ба дунё овардани фарзанди солим аст».
Тиллои СОҲИБНАЗАР, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ноҳияи Файзобод