Нишондиҳандаҳо аз рушди устувор гувоҳӣ медиҳанд

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

DSC_0169

Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу субот дар кишвар асоси рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари рӯ ба рушд дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи намоён дорад, зеро  кишвари мо сол то сол ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст.

Масалан, ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки як минтақаи дурдасти кӯҳистон аст, дар муддати кӯтоҳ рушд карда, аз дотатсия баромад ва ба худмаблағгузорӣ гузашт. Дар суҳбате, ки бо мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Шодиқул Бобоҷонов доштем, атрофи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи самараноки замину ҳосили бадастовардаи кишоварзони ноҳия сухан рафт. Тавре  номбурда иброз дошт, давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо мақсади таъмин намудани рушди иқтисодию  иҷтимоии ноҳия, ба даст овардани нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ, сафарбар намудани ҷомеаҳои меҳнатӣ ба фаъолияти пурсамар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ ва амалӣ  намудани талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расидаанд.

Чун саноат имрӯз яке аз омилҳои асосии рушди иқтисод аст, ҳамсуҳбатам нишондиҳандаҳои омории  саноатчиёни ноҳияро ба мо пешниҳод кард. Давоми  ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 162696,5 ҳазор  сомонӣ  расонида шудааст, ки суръати афзоиш 101,9 фоизи  соли гузаштаро ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулот дар ҶДММ КМ «Анзоб» ба 75897,7 ҳазор сомонӣ  расонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи  соли гузашта 4835,5 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад. Истеҳсоли консентрати 30-фоизаи сурма тамоюли зиёдшавиро касб карда, 18452,6 тоннаро ташкил додааст, ки назар ба соли пешин  101,2 фоиз,  ё  ин  ки  1199,9 тонна  бештар  аст.

Ба ҳамагон аён аст, ки дар ноҳияи Айнӣ захираи бойи ангишт мавҷуд мебошад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба ангишт сол то сол истихроҷи он зиёд шуда истодааст. Истихроҷи ангишт дар ноҳияи Айнӣ ба 404366,4 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 119 фоизро ташкил  медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҶДММ «Талко Ресурс»  ба 8384,9 ҳазор сомонӣ   баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 4154,5 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад. Болоравии истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои хурду  инфиродӣ низ назаррас аст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин коргоҳҳо ба 10639,4 ҳазор сомонӣ  баробар шудааст.

Шодиқул Бобоҷонов оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои судманд зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба назар мерасад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 58413,0  ҳазор сомониро ташкил дод, ки   назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2197,0 ҳазор сомонӣ  зиёд буда, 103,9 фоизро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ  дар майдони 1680,9 гектар кишти ғалладона, 504 гектар кишти картошка, 110,3 гектар кишти сабзавот ва 555,8 гектар кишти  хӯроки чорво гузаронида шудааст.

Бояд гуфт, ки соҳаи чорводорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли гӯшт  давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 669,6 тонна ва шир 3086,5 тоннаро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта гӯшт 11 тонна ва шир нуҳ тонна зиёд мебошад.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи қӯтоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» дар ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Ҳоло дар ноҳия 993 сар  қӯтос нигоҳдорӣ карда мешавад, ки 837 сар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва 156 сар ба аҳолӣ тааллуқ дорад.

Дар ноҳия ҷиҳати ҷалби сармоя низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ин ҷост, ки давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 50684,7 ҳазор сомонӣ  (3,2 маротиба зиёд) сармояи асосӣ аз худ карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Айнӣ сохтмони иншооти гуногун хеле хуб ҷараён дорад. Давоми ҳашт моҳи соли равон сохтмончиёни ноҳия ба маблағи 50109,9 ҳазор сомонӣ  корҳои сохтмонию  пудратиро иҷро намудаанд, ки иҷрои он нисбати давраи муқоисавӣ 3487,7 ҳазор сомонӣ  зиёд  мебошад. Айни замон дар ноҳия азнавсозии Кохи фарҳанг барои чорсад ҷой ва дар кӯчаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия сохтмони ошхона, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Сангистон толори маҷлисгоҳ ва дар деҳаи Анзоби деҳоти «Анзоб»  сохтмони бинои мактаб- интернат идома дорад.

- Гардиши мол давоми ҳашт моҳ дар  ноҳия  33814,4  ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 152,7 ҳазор сомонӣ  зиёд   ва ба 100,6 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳама бахшҳо ба 19534,3 ҳазор сомонӣ  баробар гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109,3 фоизро ташкил медиҳад, — иттилоъ дод Шодиқул Бобоҷонов.

Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо бошад, ба маблағи 793,8 ҳазор сомонӣ  корҳоро ба сомон расонидааст.

-Дар ин муддат барои машғул шудан ба фаъолияти сохибкорӣ 1183 нафар аз тарафи нозироти андоз ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 503 нафар бо патент ва  680 нафар бо шаҳодатнома фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 адад зиёд буда, аз ҳисоби соҳибкорон ба буҷети ноҳия дар нимсолаи  аввал 716,9 ҳазор сомонӣ   ворид карда шудааст.

Таъмини нафақа, дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат 850 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129 сомонӣ ё 117,8 фоиз зиёд аст.  Ба ҳолати  якуми августи соли 2015 пардохти саривақтии музди меҳнат таъмин карда шуд ва қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Шодиқул Бобоҷонов.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ«Садои мардум»