ҲНИТ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ карда шуд

№130 (3431) 30.09.2015

Бисту нуҳуми сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгаройӣ) — террористӣ эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани вебсайти интернетии ҳизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муайян карда шуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  чоруми декабри соли 1991  ташкил шудааст. Солҳои 1992 — 1997 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал менамуд. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуд. 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Гарчанде тибқи Оинномаи ҳизб мақсад аз таъсисёбии ҲНИТ ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ бошад ҳам, солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгаройӣ)-доштаро содир намуданд. Аз ҷумла дар байни аҳолӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма иғво ва кинаю адоват бармеангехтанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамуд.

Танҳо дар панҷ соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир карданд. 17 нафари онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгаройӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки ба ноором сохтани авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Чунончӣ, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси «Алии Бедакӣ» ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси «Мулло Абдулло» соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии  мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.

Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик  бошанд, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифтанд, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок  нишон доданд.

Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхӯҷа, Шарипов Мусаямхӯҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии «Ҳизби исломии Туркистон» Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ буданд ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарӯз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хӯрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.

Санаи 11-уми августи соли ҷорӣ бошад, панҷ аъзои ҲНИТ — Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар болои кӯпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон — роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.

Чунин ҳодиса, яъне афрохтани парчами «ДИИШ» дар ноҳияи Шаҳритуз низ мушоҳида шудааст, ки мавриди тафтишот қарор дорад.

Раиси ҲНИТ — Муҳиддин Кабирӣ ва дигаp аъзои Раёсати олии ин ҳизб аз соли 2010 инҷониб тавассути рӯзномаи  «Наҷот» ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои кинаю адоват, низои миллию динибарангезанда нашр намуда, дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқро дар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии Давлат ва Ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ мондаанд.

Бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятӣ, ҳар кадом иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ — Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор (муваззаф) кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Тибқи нақша мебоист, ки як гурӯҳи 40 — нафараи мусаллаҳ  аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурӯҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гурӯҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ «Баҳористон», Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.

Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, бо сарлавҳаи «Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастед!!!», дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш,  аз ҷумла баён доштаанд: «Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред, бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШОАЛЛОҲ пирӯзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирӯзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед!».

Ин варақаҳо, ки дар онҳо фаъолияти ҳокимияти имрӯза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими «золимонаю бедин» муаррифӣ гардидаанд, шаҳодати онанд, ки ҳадафҳои ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амниятии кишвар ва мақсад аз он сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрӯза будааст.

Бо ин мақсад, шаби сеюм ба чоруми сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд.

Аз ҷумла Назарзода А.М. бо суиистифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз сарварони иттиҳоди ҷиноятӣ, дар  якҷоягӣ  бо гурӯҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, иборат аз 12 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони ғайринизомӣ навбатдорони нуқтаи назоратии гузаргоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии №17615-ро беяроқ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии №17615 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншооти зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тасарруф намудаанд.

Ҳаракатҳои ҷиноятии худро идома дода, Назарзода А.М. ва ҳаммаслакони ӯ — муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, генерал — майор Саидзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии № 08050 — ро дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.

Дар фосилаи зикршуда, зиёда аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А.М. дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ «Хлебзавод», воқеъ дар  шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Дониш 55, ки ба Назарзода А.М., тааллуқ дорад, ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати Калашников, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин номбурда бо дигар аъзои гурӯҳи ҷиноятии худ, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардонидани боқимонда аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 автомати Калашников, нуҳ гранатамёт, панҷ милтиқи снайперии Драгунов (СВД) ва ҳашт пулемёти дастии Калашниковро тасарруф намудаанд.

Сипас, Назарзода А.М. ва дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати  иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд.

Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа даҳ нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, ҳафт нафари  дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардоштаанд.

Ғайр аз ин, дар сомонаҳои расмии ҲНИТ хабарҳои иғвогарона паҳн карда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд.

Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзои ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд.

Барои бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияти ҲНИТ ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шуда буданд, вале роҳбарияти ҲНИТ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, муайян карда шуд, ки  мақсади асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат иборат мебошад.

Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгаройӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ гардонда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгаройӣ (экстремистӣ) — террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ  карда шуд.

 

АМИТ «Ховар»