Шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иттилоъ медиҳад, ки мақолаи таҳти ин унвон дар рӯзномаи «Садои мардум» (аз 17 августи соли 2019) чопшуда 24 августи соли 2019 дар ҷаласаи кории раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ба масъулин супориш дода шуд, ки оид ба таъмиру таҷдид намудан ва мувофиқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти беморхонаи деҳоти «Даштигуло» тадбирҳои таъҷилии амалӣ андешанд.
Тибқи қарорҳои ҷаласа 9 октябри соли 2019 бо фармони раиси ноҳия таҳти №816 сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҷӯрахон Маликоев аз вазифа озод ва ба вазифаи сардухтури беморхонаи деҳоти «Даштигуло» таъин карда шуд.
Файзалӣ Мирзоев, ки ба ҳайси сардухтури беморхонаи деҳоти «Даштигуло» кор мекард, аз вазифа озод гардид.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Б. Одиназода дар асоси супориши бевоситаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъмири беморхонаи деҳоти «Даштигуло» аз ҳисоби буҷети ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфт ва айни замон идома дорад.
С. ҒАЮРОВ, мудири шуъбаи Раёсати тандурустии МИҲД — и вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб