Мувофиқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 1994 зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино – 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб низ қайд карда мешавад.
Абӯалӣ Ҳусейн ибн Абдуллоҳ ибн — Ҳасан ибн Алӣ — Сино тӯли 57 соли ҳаёт 450 асари илмӣ эҷод кардааст. Китоби машҳуртарини худ «Ал-қонун-фи-т-тиб»-ро дар асоси пажӯҳиши 20-сола навиштааст. Дар аксар давлатҳо то ҳол духтурон маризонро аз рӯи навиштаҳои Абӯалӣ ибни Сино табобат мекунанд. Ғайр аз ин, китобҳои 12-ҷилдаи фалсафавии «Китоб-ул-инсоф», 18-ҷилдаи «Китоб-уш-шифо» ва ғайра маҳсули эҷоди Абӯалӣ ибни Сино маҳсуб мешаванд.
Дар Аврупо ӯро «Шоҳи табибону файласуфон» меноманду дар Шарқ «Шайхурраис» ва фахрии «Ҳуҷҷат-ул-ҳақ».
Пешниҳодоти ӯро ҳамчун психотерапевт, яъне ба воситаи мусиқӣ муолиҷа намудани беморонро дар тамоми дунё табибон истифода мебаранд. Аввалин табибе мебошад, ки аломатҳои хос, муоинаи касалиҳои диабети қандро ёфта, табобати онро пешниҳод кардааст. Саҳми ӯ дар ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда низ хеле калон аст.
Илова бар ин, Ибни Синоро яке аз бунёдгузорони педиатрия низ меноманд.
Дар соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ номбурда кашфиёти зиёд карда, аз 5 китоби «Ал-қонун» ду тоаш ба соҳаи дорушиносӣ бахшида шудааст. Хурсандиовар аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи Абӯалӣ ибни Синоро гирифта, дар он ҳар сол гузаронидани конференсияҳои илмӣ-Синохонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Солҳост, ки дар ҷумҳурӣ мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника таъсис ёфта, ба нафарони фарҳехта супорида мешавад.
Илова бар ин, дар номинали 20-сомонаи пули миллии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии давлат аст, акси Абӯалӣ ибни Сино инъикос шудааст.
Ғаффор ВОҲИДОВ, ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зисти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино