Ҳини барои шиносоӣ бо осорхонаи шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ рафтанамон аз назди хонае гузаштем. Роҳбалад Насруллоҳ Саидов, муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов сӯйи он ишора намуда гуфт: «Дар ин хона як модари табаррук зиндагӣ мекунад. Замоне ӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нони гарм меҳмондорӣ карда буд».
- Аз куҷо донистед? — пурсидам.
- Инро раиси ноҳия Ғафурзода Мӯсо Зариф беҳтар медонад. — гуфт ӯ.
Ҳисси кунҷкобӣ боло гирифту аз раиси ноҳия Ғафурзода Мӯсо Зариф хоҳиш намудам, ки воқеаро нақл кунад.
Раис бо мамнунӣ ризо шуд ва афзуд: «Ман бо ҳамон модар вохӯрданиам. Хоҳиш дошта бошед, ҳамроҳ наздаш меравем».
Раис дар роҳ воқеаро нақл кард:
- 27 сентябри соли 2013 Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Он вақт ман дар шаҳри Душанбе кор мекардам ва инҷонибро низ ба ноҳия даъват намуданд. Дар Маҷмааи тиҷоратию хизматрасонии «Султони Кабир» вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия баргузор шуд. Баъди баррасии масъалаҳои асосӣ ва ҳидоят ба кору фаъолият, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хотираеро ёдовар шуданд.
… Дар солҳои мактабхонӣ талабаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Данғараро ба ноҳияи Восеъ барои пахтачинӣ меоварданд. Тахминан солҳои 1967 ё 1968 хонандагони мактабе, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он таҳсил мекарданд, дар деҳаҳои Нонҷемас ва Осмонбикаи хоҷагии ба номи Киров пахта мечиданд. Як бегоҳ Эмомалӣ Раҳмон ва рафиқашро ҷавоб доданд, то ин ки онҳо субҳ ба хона рафта, либосашонро иваз намоянд. Ҳар ду рафиқ интизор нашуда, ҳамон бегоҳ ба роҳ баромаданд. Гоҳ савораю гоҳ пиёда, дарун-даруни пахтазор ба деҳаи Чорбоғ (деҳа пештар Эмомалӣ ном доштааст) мерасанд, ки субҳ медамад. Дар як бошишгоҳи саҳроӣ каме таваққуф карда, истироҳат мекунанд. Ҳамин вақт аз наздашон нонпази бригада бо дастурхони пури нон мегузарад. Нонпаз чун бачаҳоро мебинад, онҳоро аҳволпурсӣ намуда, барояшон як нони дастсӯз медиҳад. Бачаҳо нонро дар оби чоҳи назди бошишгоҳ тар карда хӯрданду сипас роҳро идома доданд.
- Аз байн зиёда аз 45 сол гузаштаасту Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз маззаи он нони гармро фаромӯш накардаанд, — мегӯяд Ғафурзода Мӯсо Зариф. – Аз ин рӯ, гуфтанд: «Агар он модар дар ҳаёт бошанд, Худованд боз ба он кас умри дароз диҳад ва агар гузашта бошанд, ҷояшон ҷаннат гардад».
Вақте Ғафурзода Мӯсо Зарифро раиси ноҳияи Восеъ таъин намуданд ва ӯ дар ҷустуҷӯйи бошишгоҳу ҳамон зан — модар шуд. Деҳаҳои Нонҷемасу Осмонбикаро савораю пиёда тай намуда, даҳҳо одами солхӯрдаро пурсид ва ниҳоят, ба бошишгоҳе расид, ки замоне як шабро Пешвои миллат он ҷо рӯз кардаанд. Баъди пурсуҷӯй маълум шуд, ки он бошишгоҳи саҳроии бригадаи Орзу Салимов (аз колхози «Коммунизм») будаасту нонпази бригада холаи Қаламнисо Алиаҳмадова ҳоло дар қайди ҳаёт аст.
Бо ҳамроҳии раиси ноҳия ба зиёрати модар омадем ва бо ӯ ҳамсуҳбат шудем. Ӯ гуфт, ки тӯли 50 соли фаъолияти нонпазӣ дар колхози «Коммунизм» ҳазорон нафарро бо нонҳои бомазза сер кардааст. Аммо ба хотир оварда натавонист, ки замоне ба Эмомалӣ Раҳмон ва рафиқаш нон дода бошад. Фақат ба ёд овард, ки субҳгоҳе ба ду нафар пахтачини ҳашарчӣ як нон дода буд. «Он писарон беҳад коркӯфта буданд», - гуфт модар.
Муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов Насрулло Саидов зикр кард, ки Қаламнисо Алиаҳмадова дар деҳаи Кадучӣ чун кадбонуи моҳир ном баровардааст. Дар аксар маъракаҳои домодию арӯсии мардуми деҳа нону кулчаҳои ширмол пухтааст. Чунон моҳирона ғалла дарав мекард, ки ҳатто ду нафар онро баста наметавонистанд. Маҳз ба шарофати меҳнати шабонарӯзии чунин кормандон солҳои 80-уми асри гузашта дар колхози «Коммунизм» — и ноҳияи Восеъ соле то 9,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мегардид.
Қаламнисо Алиаҳмадова панҷ писар — Азиз, Ояҳмад, Ҳасану Ҳусайн, Наҷмиддин ва ду духтар — Гулшанбию Рӯшанбӣ дошта, ҳоло давлати пирӣ меронад. Аз он ки дар тӯли умраш боре ба Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нон додааст ва Президенти кишвар, онро дар хотир дорад, ифтихор мекунад.
Мирзои ФИРӮЗ, рӯзноманигор
Дар сурат: Қаламнисо Алиаҳмадова дар иҳотаи набераҳо