Дар ҷумҳурӣ ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ беш аз даҳ муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус машғуланд. Бо вуҷуди ин, дар бозори сайёҳии мамлакат мутахассисони соҳибтахассус намерасанд.
- Омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ беҳбудиро талаб менамояд, — мегӯяд Фаттоҳ Файзуллаев — раиси Ассотсиатсияи созмонҳои мусоидат ба рушди сайёҳӣ (ТАТО). Ба гуфтаи ӯ, алҳол дар ширкатҳои сайёҳӣ роҳбалад ва менеҷерҳои ҳирфаӣ каманд. Имрӯзҳо дар бисёр донишгоҳу донишкадаҳо факултетҳои ба соҳа рабтдошта таъсис ёфтаанд. Вале хатмкардагон кори ба касб мувофиқ дарёфт карда наметавонанд. Ширкатҳои сайёҳӣ бошанд, ҳамин гуна мутахассисонро намеёбанд. Сабаб дар набудани робитаи мустаҳкам байни сохторҳои дахлдори соҳа мебошад. Ғайр аз ин, бинобар кам будани вақти таҷрибаомӯзӣ донишҳои амалии хатмкардагони факултетҳо ниҳоят суст аст.
Устодони донишгоҳу донишкадаҳо дар конфронсу ҳамоишҳо таъкид менамоянд, ки таҷрибаомӯзӣ дар барномаҳои дарсии факултетҳои сайёҳӣ нокифоя буда, ба талаботи омодасозии кадрҳои соҳа мувофиқат намекунанд. Ҳастанд нафароне, ки барои таҷрибаомӯзӣ ба меҳмонхонаҳо мераванд, вале онҳо нозукиҳои касбро аз худ карда наметавонанд. Барои аз худ кардани нозукиҳои касб бо сайёҳону роҳбаладҳо бояд якҷо сафар кард. Вале шахсӣ будани ширкатҳои сайёҳӣ вазъро мушкил мегардонад.
- Вобаста ба ин мушкил мо ба муассисаҳои олии кишвар пешниҳод кардем, ки бе ягон пешпардохт узви ассотсиатсия шаванд, — мегӯяд Фаттоҳ Файзуллаев. — Агар онҳо пешниҳоди моро пазиранд, умедворем, ки алоқаро мустаҳкам мекунем. Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни риштаи сайёҳиро мукаммал ба роҳ мемонем. Гузашта аз ин, бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба мувофиқа расидем, ки ба мутахассисони бо кори амалӣ машғулбуда дар як ҳафта ду – се соат ҷудо намоянд, то онҳо ба донишҷӯён дарс гӯянд. Зеро мутахассиси бо кори амалӣ машғулбуда ҳамеша аз вазъ ва нозукиҳои соҳа бештар бохабар аст. Ин имкон медиҳад, ки кадрҳои соҳаро ба талаботи рӯз ҷавобгӯ омода созем.
Тавре аз суҳбат бо мутахассисони соҳа бармеояд, дохил шудан ба факултетҳои сайёҳӣ дар муассисаҳои олӣ нисбатан осон аст. Зеро ҳангоми дохилшавӣ холи довталабони дигар ихтисосҳо нарасад, онҳоро ба факултетҳои сайёҳӣ равон мекунанд. Ин боиси тасодуфӣ донишҷӯи факултетҳои сайёҳӣ гардидани баъзе аз ҷавонон мегардад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки монеаи забонӣ аз байн рафта истодааст, ки ин фоли нек аст. Вале барои мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ғайр аз донистани забони англисӣ, боз балад будан бо забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, испанӣ аз манфиат холӣ нест. Инчунин, донистани таъриху фарҳанг, географияи кишвар, нозукиҳои соҳа ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи баланд барои кадрҳои сайёҳӣ ниҳоят муҳим аст.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи татбиқи босамари Барномаи рушди туризм байни кормандони субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандон курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда истодааст. Онҳо мувофиқи нақшаи стратегии рушди бахши сайёҳӣ барои муайянсозии талаботи бахши сайёҳӣ дар омӯзиши мутахассисони ихтисосҳои муайян, роҳандозӣ мегарданд.
Инчунин, дар муддати кӯтоҳи фаъолият роҳбарияти кумита бо устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вохӯрд. Бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос, аз ҷониби кумита барои донишҷӯён шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ фароҳам оварда шуд.
Аммо, боиси таассуф аст, ки кам будани мутахассисони ҳирфаӣ дар тамоми минтақаи ҷумҳурӣ эҳсос мешавад. Вобаста ба ин, коршиносон пешниҳод доранд, ки баҳри такмили ихтисос, баланд бардоштани малакаи корӣ ва донишҳои замонавии кормандон бояд пайваста чораҷӯӣ намуд, аз таҷрибаи бойи давлатҳое, ки аз ин соҳа даромади зиёд ба даст меоранду таҷрибаи кофӣ доранд, истифода бурд.
Боварӣ дорем, солҳои наздик мушкили норасоии кардҳои соҳаи сайёҳӣ, ки барои иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ мешавад, ба кӯшишу талошҳои пайвастаи масъулону алоқамандон бартараф мегардад.
Шаҳнози ҚУРБОН,
Рӯзноманигор