Сайёҳӣ аз соҳаҳои сердаромад ва муаррификунандаи давлату фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захира ва имкониятҳои зиёди сайёҳӣ аст, ба ин соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бозгӯйи таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар робита ба ин, бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода мусоҳиба оростем.
- Қариб як сол мешавад, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар ин муддат кадом корҳо амалӣ гардиданд?
- Пеш аз ҳама, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла эълон кардани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таъсиси мақоми алоҳида, изҳори сипос менамоем.
Аввалин коре, ки кардем, мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа мебошад. Лоиҳаи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020», ки таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод гардида буд, якуми марти соли равон тасдиқ шуд. Дар баробари ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав таҳия шуд, ки айни замон дар марҳилаи мувофиқа қарор дорад.
Санади муҳиме, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид, лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад, ки барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод шуд. Он ҳуҷҷати ниҳоят муҳим аст ва татбиқи барномаҳои зиёдро пешбинӣ кардааст.
- Дар замони муосир бидуни тарғибу ташвиқ ҷалби сайёҳон то андозае душвор аст. Дар ин самт чӣ корҳо ба сомон расиданд?
- Пеш аз ҳама, портали миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо се забон-тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ фаъол намудем. Айни замон бо дастгирии шарикон тарҷумаи портали мазкур ба панҷ забони дигар — немисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, ҷопонӣ ва испанӣ оғоз шудааст. Дар он иттилои зарурӣ доир ба ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, қоидаҳои ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла раводиди электронӣ ва тарзи дастрас намудани он, қоидаҳои будубош дар кишвар ва ғайра ҷой дода шудааст. Портал тавассути Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (СУС) ба кишварҳои аъзои созмон ва зерсохторҳои он муаррифӣ гардид ва бори нахуст соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пайваст шуд.
Ғайр аз ин, иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ таъмин шуд. Намояндагони кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ дар чорабинӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар Амрико, Ҷопон, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Корея, Қатар ва давлатҳои ҳамсоя доир гардиданд, фаъолона иштирок намуданд.
Моҳи марти соли равон Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2018» баргузор гардид, ки аз 16 ширкати сайёҳӣ 30 нафар бо гӯшаи бо унсурҳои миллӣ ороёфта иштирок намуданд. Дар намоишгоҳи «Интурмаркет» ва «МИТТ»-и Федератсияи Россия гӯшаи Тоҷикистон бо номи «Тоҷикистон-кишвари кӯҳҳои баланд ва дилҳои нарм» яке аз гӯшаҳои ҷолиб эътироф шуд.
Бо ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ҳамкориро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондаем. Илова бар ин, имкониятҳои шабакаи интернет барои ташвиқу тарғиби соҳа васеъ истифода шуда истодаанд.
- Аксари коршиносон норасоии кадриро мушкили асосии соҳаи сайёҳӣ медонанд…
- Дар ин самт мутахассисони унвони илмидошта қариб надорем. Норасоии кадрҳо, аз ҷумла роҳбаладҳо, маркетологҳо, менеҷерҳои ширкатҳои сайёҳӣ, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ, ки барои ҷалби сайёҳон бо ширкатҳои сайёҳии дигар кишварҳо кор кунанд, ҳис мешавад. Имрӯз дар зиёда аз даҳ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кадрҳои соҳа омода мешаванд. Бо онҳо ҳамкории хуб ба роҳ мондем, донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзӣ дар кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ ҷалб намудем. Бо шарикони рушд курсҳои омӯзишӣ ташкил карда истодаем, ки ходимони меҳмонхона, пешхизматҳо ва роҳбаладҳоро фаро мегирад. Ғайр аз ин, бо баъзе ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои хориҷӣ барои сафарбар намудани кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу меҳмонхонаҳо барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ба мувофиқа расидем.
- Ба хотири дастгирии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор имтиёзҳо муқаррар карда шуд. Таъсири ин иқдомро ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Дар тӯли чор моҳи охир 32 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт ва айни замон шумораи умумии онҳо ба 130 расидааст. Дуруст гуфтед, ки барои дастгирии ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои зиёд пешниҳод шуд. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози даромад озод ҳастанд. Дар баробари ин, тамоми таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ ва техника барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз пардохти арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд. Барои татбиқи босамари ин имтиёз механизми амалигардонӣ низ муайян гардид. Бо қарори Ҳукумати мамлакат номгӯйи таҷҳизот, техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ки воридоти онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд, тасдиқ гардид. Ба ин номгӯй меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ, базаҳои лижаронӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои ҳунармандӣ, дар маҷмӯъ 12 иншоот ворид мешавад.
Натиҷа ин аст, ки агар қаблан ширкатҳои сайёҳӣ бисёртар ба бурдани сайёҳон ба хориҷи кишвар машғул буданд, имрӯз ҳавасманданд, ки ба ҷалби онҳо ба мамлакат машғул шаванд.
- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шоҳроҳҳои кишвар азнавсозӣ ва ба стандарти байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд, аммо ҳолати роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои сайёҳӣ нигаронкунанда аст. Кумита дар ин самт бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкорӣ дорад?
- Дар масъалаи роҳҳои минтақаи сайёҳӣ бояд ба инобат гирем, ки он мавзеи экологӣ аст. Бартарии минтақаҳои сайёҳӣ низ дар моҳиятан дастнорас будани онҳо зоҳир мегардад. Мавзеъҳои табиӣ дар дигар кишварҳо ҳам ҳаст, аммо дар онҳо унсурҳои сунъӣ зиёданд. Аз ҳамин лиҳоз, табиати Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиби диққат аст.
Барои беҳтар кардани сифати роҳҳо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ҳамкорӣ дорем. Аз Ҳукумати кишвар ва Вазорати нақлиёт беҳтар кардани ҳолати роҳи мавзеи Ҳафткӯлро дархост намудем ва итминон дорем, ки он дастгирӣ меёбад. То ин замон роҳҳои мавзеи Канаск таъмири ҷорӣ шуд. Бояд мадди назар дошт, ки дар чунин ҷойҳо мо роҳҳои мумфарш бунёд карда наметавонем. Агар чунин кунем, пас он мавзеъ табиӣ будани худро гум мекунад.
- Солҳои охир мамлакат дар арзёбиҳои байналмилалӣ вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ баҳои баланд мегирад…
- Дуруст аст. Шоҳроҳи Помир се маротиба ба даҳгонаи шоҳроҳҳои беҳтарини дунё, шаҳри Душанбе ба қатори амнтарин шаҳрҳо, низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи беҳтарин ва Тоҷикистон аз рӯи саёҳати пиёдагардӣ ва саргузаштӣ ба ҳафтгонаи беҳтарин дохил шуда, кишвари мо аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА ҳамчун кишвари амн барои сайёҳон тавсия дода шуд.
Дар заминаи сиёсати «дарҳои кушод»-и Пешвои миллат ташрифи сайёҳон зиёд шуда истодааст. Масалан, раводиди электронии Тоҷикистон тавассути интернет дар як ё ду рӯз ба даст оварда мешавад, ки 45 рӯз муҳлат дорад. Ҳангоми ворид шудан сайёҳ метавонад 30 рӯз бидуни бақайдгирӣ дар ВКД дар кишвар қарор дошта бошад. Ин низом дар таҷрибаи минтақа беҳтарин аст.
Соли гузашта шумораи сайёҳон 430 ҳазор нафар ва афзоиш 25,3 дарсадро ташкил дод. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, афзоиш 54,2 дарсад мебошад.
Агар соли 2016 сайёҳон ба кишвар аз 109 давлати дунё ташриф оварда бошанд, пас соли 2017 ин рақам ба 150 расид. Дар маҷмӯъ, ин нишондиҳандаҳо далели бемайлон рушд кардани соҳа аст.
Мусоҳиб
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»