Рӯзноманигорӣ касбест, ки бо ашхоси касбу кори гуногун вохӯрда, дар ҳама соҳа тасаввурот пайдо мекунӣ. Тайи 24 соли кори рӯзноманигорӣ дар бораи фаъолияти олимону табибон, муҳандису роҳсозон, асалпарвару варзишгарон ва ғайра мақола навиштаам, аммо ҳангоми дар бораи ҳампешае навиштан мушкилӣ ҳис мекунам. Зеро андешаи «оё нигоштаи ман писандаш мешуда бошад?», мудом дар сарам чарх мезанад. Ин бор низ зимни навиштани мақола дар бораи муовини якуми сармуҳаррири рӯзнома — Неъматулло Солеҳов андешаи боло дар зеҳнам омад. Чунки ӯ 17 сол боз дар ин вазифаи масъулиятнок кор мекунаду соҳибқалами нуктасанҷу нуктадон аст. Хуб медонад, ки «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад».
Борҳо шоҳид гаштаем, ки Неъматулло Солеҳов ба тарзи баёну услуби навишт, мазмуну мундариҷа, тарзи ҷобаҷогузории факту рақамҳои навиштаҳои ин ё он муаллиф диққати ҷиддӣ медиҳад. Баъди ду-се маротиба «мӯшикофона» хондан мақола ё мусоҳибаро хеле суфта мекунад. Муаллиф агар ҳамкорамон бошад, даъват карда, маслиҳат медиҳад: «Ин ҷумла такрорӣ, дар боло баён шудааст. Ба ҷои ин калима синонимашро истифода барӣ, равонтар мешавад. Ана дар ин ҷо бошад, фикр нотамом мондааст…».
Ман низ борҳо аз «дарс»-и ӯ баҳравар шудаам. Бори аввал вақте мақолаеро андак таҳрир намуда, ба чоп пешниҳод кардам, имзоямро дида, ранҷишомез гуфт:
- Чаро «аз таҳти дил» таҳрир накардӣ?
- Хостам услуби навишти муаллифро нигоҳ дорам, — худро сафед кардам.
- Муаллиф «шаф-шаф»- и бисёр гуфтааст. Ба хонанда «шафтолу»- и гапро пешниҳод кардан лозим.
Баъди ин насиҳати дӯстона ҳар як мақоларо 2-3 бор хонда, баъд таҳрир мекунам.
Сахтгирии ӯ бесабаб нест. Зеро баъди сармуҳаррир масъулияти нигоштаҳое, ки рӯи сафҳаи рӯзнома меояд, ба зиммаи муовини якум аст.
- Неъматулло Солеҳов дар кор ҷиддию сахтгиранд. Берун аз кор инсони дилсӯзу мушфиқ ва хоксору хушмуомилаанд, — мегӯяд ҳамкорамон Нуъмон Низомӣ.
Муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеаи рӯзнома Бурҳониддин Каримзода дар ҳаққи ӯ гуфт: «Қаламаш ханҷари обдорест, ки мақолаҳоро аз «вирус» пок мекунаду рангу таровати тоза мебахшад. Дили бузург дорад, ки дар он ҳама чиз меғунҷад, ба ҷуз кина».
Бо ҳама ҷиддият дар кор ӯ табъи равону латиф дорад. Марди маҳфилорост, забони ширин, суҳбати гарм дорад. Ҳамеша хушгӯӣ мекунад, кони латифа аст. Ба ҳамкорон қиссаҳои дилангезу латифаҳои ҷолиб гуфта, хастагиашонро рафъ месозад. Хушгӯиҳои ӯ зери рубрикаи «Хандарез» дар чанд шумораи рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудаанд. Чакидаҳои хомааш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Пайки истиқлол», «Маром ва мақоми намоянда», «Дар коргоҳи қонун», «Сухани меҳру вафо» ва ғайра ба табъ расидаанд. Ҳамчунин ӯ муаллифи китоби «Қомуси «Садои мардум» мебошад.
Вай дасту дили кушод дорад. Инсони меҳмондӯст аст. Корафтодагону дӯстон пайваста ба наздаш меоянд. Пиёлаи чояш ҳамеша барои меҳмонон омода аст. Дӯсте ин сифатҳои ӯро мушоҳида карда, мисраъҳои зеринро бахшидааст:
Ҳар зиёӣ марди нурбахш аст,
Нури ӯ дар меҳваре пахш аст.
Неъматулло фарқ дорад, лек
Ҳам зиёӣ ҳам ғизобахш аст.
Неъматулло Солеҳов соли 1982 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)- ро хатм намуда, ҳафт сол (то соли 1989) дар мактабҳои миёнаи №83 ва 209-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Солҳои 1989 — 1995 сарварии мактаби №60- и ноҳияро ба зимма дошт. Он давра, ки айёми фурӯпошии Давлати Шӯравӣ ва оғози бесарусомониҳо дар ҷумҳурӣ буд, кор кардан дар соҳаи маориф, он ҳам ба сифати роҳбар, мушкилию масъулияти зиёд дошт. Паст будани маош, сари вақт нагирифтани он, фалаҷ шудани соҳаи нақлиёт, босуръат баландравии нархи наво, камчинии маҳсулот омӯзгоронро аз корашон дилсард карда буд. Дили Неъматулло ба ҳамкорону шогирдонаш месӯхт. Тақдири ояндаи шогирдон ӯро ба ташвиш меовард. Чора ҷуста, муаллимонро ба мактаб ҷалб кардан лозим буд. Ӯ дар ҳамон давраи камчинии маҳсулот ҷуръат намуда, якуним гектар майдони варзишгоҳи назди мактабро, ки бе ин ҳам бекор мехобид, шудгор карда, ба муаллимон даҳ сотихӣ тақсим намуд. Омӯзгорон аз ин ғамхории директори мактаб дилгарм шуда, боз рӯ ба дабистон оварданд. Зеро баъди дарс аз ҳудуди мактаб дур нарафта, дар замин обчакорӣ намуда, ризқу рӯзии ҳалол меёфтанд. Барои ин ташаббусаш роҳбарони ноҳия аввал Неъматуллоро сарзаниш карданд, вале баъдан ба умқи масъала сарфаҳм рафта, иқдомашро ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳанӯз аз давраҳои мактабхонӣ ва баъдан донишҷӯӣ Неъматулло Солеҳов дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳақиқат», маҷаллаи «Машъал» ва «Хорпуштак» шеъру ҳикоя ва мақола менавишт. Истеъдодашро ба назар гирифта, соли 1995 ба рӯзномаи «Нидои ранҷбар» ба ҳайси котиби масъул ба кор қабул карданд. Пас аз чанд муддат муовини сармуҳаррир таъин шуд.
Соли 1998 Неъматулло Солеҳов ба рӯзномаи «Садои мардум» ба кор омад. Аввал ба сифати хабарнигор, баъдан ба ҳайси мудири шуъбаи ҳуқуқ, парламент ва ҳокимияти давлатӣ фаъолият намуд. Аз моҳи ноябри соли 2003 дар вазифаи муовини якуми сармуҳаррир ифои вазифа мекунад. Дар баробари таҳрири навиштаҳои ҳамкорону муаллифони беруна мақолаҳои проблемавию нишонраси зиёд навиштааст. «Муҳосиб забони русӣ ва англисӣ дарс медиҳад», «Арвоҳи бузургонро наранҷонед», «Зӯри бозуяш ҷаҳон тасхир кард», «Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем», «Дар ноҳияи Рӯдакӣ заминҳои кишоварзиро тарака кардаанд» ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Ҳаннотону авбошон, хушомадгӯёну қаллобон, бюрократу ҳаққи мардумхӯронро зери тозиёнаи танқид мегирад. Дар баробари ин ашхоси поквиҷдону ҳалолкор, дилсӯзу ба ҷомеа хизматкардаро ситоиш менамояд. Яъне, ба ин гуфтаҳои шоир, ки «ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор» амал мекунад. Ҳеҷ гоҳ дунболи сенсатсия нагаштааст.
- Рӯзноманигор бояд воқеиятро баён кунад. Ба мадҳу ситоиш дода нашавад. Ҳамчунин, доимо айбу камбудӣ кофта, дастовардҳоро зикр накардан низ хатост. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ҳадди эътидолро риоя кардан зарур аст, — мегӯяд Неъматулло Солеҳов.
Ӯ ба рӯзноманигорони ҷавон ҳамеша ин гуфтаҳои нависандаи шинохтаи шӯравӣ Николай Грибачёвро хотиррасон месозад: «Агар рӯзноманигор аз болои нигоштааш кор карда натавонад, шавқовару дилчасп навиштанро ёд нагирад, беҳтараш касбашро иваз кунад». Дарвоқеъ ҳар сол садҳо нафар факултетҳои рӯзноманигориро хатм мекунанд, вале на ҳамаи онҳо дар ин соҳа фаъолият карда метавонанд. Зеро кор карданро ёд нагирифтанд.
- Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки бо дастрас шудани интернет нақши матбуот дар ҷомеа коҳиш меёбад. Шумо дар ин хусус чӣ андеша доред? — пурсидем аз Н. Солеҳов.
- Япония дар ҷаҳон яке аз пешрафтатарин кишварҳо дар соҳаи электроника аст, вале тиражи рӯзномаҳояш ба миллионҳо адад мерасад. Интернет ва рӯзномаю маҷаллаҳо мақоми худро доранд. Бубинед, дар Тоҷикистон низ теъдоди нашри рӯзномаҳо нисбат ба 5 соли пеш хеле афзудаанд, — мегӯяд ӯ.
Ба ақидаи ӯ яке аз сабабҳои рушди матбуот таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба «шохаи чоруми ҳокимият» мебошад. Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус гуфтаанд: «Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».
- Фармони №622-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», бешубҳа, замина барои боло рафтани нақши матбуотро фароҳам овард. Аммо ҳоло бархе аз вазорату ниҳодҳои масъул ба ҷои ислоҳи камбудию нуқсонҳо бо роҳи худсафедкунӣ «вокуниш» нишон медиҳанд. Маслиҳати созандаро низ ҳамчун танқид дарднок қабул мекунанд, — мегӯяд Н. Солеҳов.
Хизматҳои ин қаламкаши чирадаст, ки «дони умед»-аш пурбаракат аст, бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои ифтихории «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик Неъматулло Солеҳов ба синни мубораки пайғамбарӣ — 63 расид. Ба ин муносибат ӯро самимона шодбош гуфта, барояш тандурустию саодатмандӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»