Сокини деҳаи Истиқлоли деҳоти «Зайнабобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ Табаров Ризобек Мирзоевич соли 2012 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як тангаи бохтарӣ ва ангуштариеро барои пайвандонаш армуғон овард, ки таваҷҷуҳи баъзеҳоро қимати ин ашё ба худ ҷалб намуд. Ҳар нафаре ба онҳо дар доираи фаҳмиш нарх мегузошт. Нархҳои осмонӣ. Чашмони Ризобек аз шодӣ барқ мезаданд. Ӯ пас аз чанд рӯз тоқат накарда, тангаву ангуштариро ба осорхона мебарад ва ноумед бармегардад. Мутахассисон ашёи пешниҳодшударо аз назар гузаронида, гуфтанд, ки қимати баланд надоранд…
Писари Ҳоҷӣ Абдусамад- Абдулло тангаву ангуштарии Ризобекро рӯзе ба хотир овард, ки яке аз шиносҳои сарватманди хориҷиаш, ки осорхона кушоданӣ будааст, аз ӯ ҷамъоварии баъзе ашёву асбоби таърихиро хоҳиш намуд. Абдулло зуд падарашро ба хонаи Ризобек фиристод.
- Тангаву ангуштариро ба осорхона супоридам, вале ҳоло пулашро надодаанд,- Ҳоҷӣ Абдусамадро ноумед намуд Ризобек.
- Ягон касро намешиносӣ, ки ягон ашёи таърихӣ дошта бошад? — ба ҳар ҳол мепурсад Ҳоҷӣ.
- Як нафар ҳаст,-Асомиддин, — ба хотир овард Ризобек, — ҳайкалчаи шоҳ Дороро дорад.
Ҳоҷӣ хурсанд мешавад ва пас аз он ки дар телефони мобилии Ризобек акси он ҳайкалчаро мебинад, онро зуд аксбардорӣ намуда, ба писараш Абдулло мефиристад. Ин вақт Ризобек ба хотир меорад, ки худаш низ тунукаи филизие дорад, ки дар таркибаш платинум – тиллои сафед мавҷуд аст. Ҳоҷӣ ин хабарро низ ба Абдулло мерасонад.
Пас аз чанд рӯз Абдулло ба назди Ризобек омада мегӯяд, ки харидори ӯ барои ҳам ҳайкалча ва ҳам тунукаи филизӣ 5 ҳазор долларӣ 10 ҳазор доллари ИМА медиҳад.
Аз шунидани номи «доллар» Ризобек сабру қарор аз даст дода, ба Асомиддин занг мезанад ва аз ҳайкалча пурсон мешавад. — Дар дастам аст, — ҷавоб медиҳад Асомиддин, гарчанд ҳайкалча ба ҳамсояи ӯ Дилшод тааллуқ дошт. Ризобек мегӯяд, ки онро харидан мехоҳад, вале қаблан бояд ҳайкалчаро аз ташхис гузаронад. — Бе гарав намедиҳам, нархи ин ҳайкалча 8000 сомонӣ аст, — паст намеояд Асомиддин.
Ризобек дар бораи гарав талаб намудани Асомиддин ба Абдулло хабар медиҳад ва пас аз чанд рӯз Абдулло бо 5000 доллари ИМА ба назди Ризобек ҳозир мешавад.
- Ин пулро ҳамчун гарав ба Асомиддин бидеҳ, — мегӯяд ӯ,- вале агар ин чизҳо арзиш надошта бошанд, пас аз 3 соат онҳоро баргардонда, пулро бозпас мегирам.
Ризобек боз ба Асомиддин занг мезанад. Мегӯяд, ки харидори Абдулло ҳам тунукаи ӯ ва ҳам ҳайкалчаи Асомиддинро ба маблағи 5000-долларӣ хариданист, вале 2000 долларро аз ин маблағ худи Абдулло мегирад, боз барои падараш маблағи алоҳида додан лозим аст. Асомиддин розӣ мешавад, аммо мегӯяд, ки худ ба вохӯрии Ризобек омада наметавонад ва ҳайкалчаро бо дасти ҳамсояаш Мақсад ба ӯ мефиристад.
Вохӯрии онҳо 15 марти соли 2018, соати 1545 дақиқа дар кӯчаи ба номи А.Ҷомии пойтахт, дар назди мағозаи «Ёсин» сурат мегирад. Рафиқи Абдулло ҳайкалчаро аз дасти Мақсадулло Ҳазратқулов гирифта, ба ӯ 5000 доллар медиҳад. Дар ҳамин асно кормандони прокуратура ва амният онҳоро дастгир менамоянд.
Ташхис нишон дод, ки на ҳайкалча ва на тунука ҳеҷ гуна арзиши таърихӣ надоранд. Дар таркиби тунука филизоти қиматбаҳо вуҷуд надорад ва ҳайкалча низ аз армуғони одие беш нест. Дар мурофиаи судӣ ин нукта аз ҷониби соҳиби бевоситаи он — Дилшод Ғафуров, ки ҳамсояи Асомиддин аст, таъкид гардид.
- Ин ҳайкалча аз падарам нишона аст, — гуфт ӯ, — ман қимати онро намедонам, аз ин рӯ, се маротиба ба Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ ва осорхонаҳои дигар барои ташхис бурда будам. Дар ҳама ҷо ба ман гуфтанд, ки он ҳеҷ гуна арзиши таърихӣ надорад ва инро ҳама медонистанд…
Дар ҳамин асос бо ҳукми суд аз 5 июни соли 2018 ин ду бозичаи беарзиш маҳв карда, Табаров Ризобек Мирзоевич, барои бар хилофи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» амал намудан, ба ҷавобгарӣ кашида, бо моддаи 296 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба андозаи 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 45 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Ин аст оқибати тамаъкорӣ ва ҳирси зиёд.
Б. ИСКАНДАРЗОДА, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»