Ҳар рӯз соати шашуними субҳ аз маҳаллаи сиюсеюми пойтахт тавассути маҳаллаи Яккачинору кӯчаи Неъмат Қарабоев ба бинои нашриёти «Шарқи Озод» меоям. Аз дидани дарахтони сарсабзу гулҳои рангоранг болидарӯҳ мегардам. Аммо коғазу картон ва зарфҳои пластикии ба ҷӯю гулгашт ва сабзазор партофташударо дида, табъам хира мешавад. Чаро иддае дарахт сабз накарда, гул нашинонида, мавзееро ҷорӯб назада, дар ифлос намудан устоянд? Модом ки ба ҷамъият нафъ расонида наметавонанд, ақаллан зарар нарасонанд.
Дар назди бинои Сирки давлатӣ майдони кушодест, ки дар он нишастгоҳҳо мавҷуданд, вале фаррошон ҳар субҳ аз атрофи ҳар як нишастгоҳ қариб ним сатилча пӯчоқи офтобпараст ҷамъ меоранд. Ҳол он ки масофа аз нишастгоҳҳо то қуттии партовҳо ҳамагӣ як метр аст.
Аксарияти онҳое, ки ба чунин амал даст мезананд, ҷавононанд. Онҳо шояд то ҳол ба ҷамъият ягон хизмати арзанда накардаанд, вале аниқ аст, ки бо чунин маърифати пасти экологӣ ба муҳити зист зарари зиёд мерасонанд. Ё касоне, ки партовро ба ҷӯю гулгаштҳо ҳаво медиҳанд, магар фикр намекунанд, ки бо рафтори ношоям ҳусни шаҳрро коҳонда, муҳити зистро ифлос месозанд.
Мутафаккири ирландӣ Бернард Шоу ин гуна афродро мавриди интиқод қарор дода гуфтааст: «Мо чун парандагон дар фазо парвоз карданро ёд гирифтем, зери об мисли моҳиён шино карданро ҳам омӯхтем. Акнун фақат он мондааст, ки инсонвор дар рӯи замин зиндагӣ карданро ёд бигирем».
Дар бисёр шаҳрҳои зебои ҷаҳон, ба монанди Стокголм (Шветсия), Женева (Швейтсария), Торонта (Канада), Сингапур ва ғайра тавассути ифлоскунандагони шаҳрро ҷаримаи калон бастан тозагию тартиботро ҷорӣ карда тавонистаанд. Модом ки ифлоскунандагони шаҳр даъватро ба назар намегиранд, аз чораҳои маъмурӣ истифода бояд кард. Ҳоло дар аксар маҳаллаю кӯчаҳо тавассути Маркази назоратии «Шаҳри бехатар» таҷҳизоти сабткунӣ гузошта шудааст. Бо ёрии онҳо шахсияти харобкунандагони табиату ифлоскунандагони шаҳрро муайян карда, онҳоро ҷарима ё ба тозакунии кӯчаю ҷӯйҳо маҷбур намудан лозим аст. Дар ин сурат рафтори ношоями хешро такрор намекунанд.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»