Қочоқбар дастгир шуд

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

Дар рафти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуйӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар мавзеи Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим боз як ҳодисаи қочоқи маводи нашъадор пешгирӣ карда шуд. Дар натиҷа қочоқбар Ҷамшед валади Одилбеки тақрибан 15-16 — сола, сокини қарияи Ғорони вулусволии Ишкошими Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо 15 килову 160 грамм маводи мухаддир ба даст афтод.

Соли 2012 дар ҳудуди вилоят 32 ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуда, 136 килограмм маводи марговар боздошт гардид. Аз ин миқдор  9 ҳодисаро кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ошкор ва гардиши беш аз 55 килограмм маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,

«Садои мардум»