Одамиятро кунад модар дуруст

№30 (4136) 07.03.2020

Инсониятро ду рабб аст (мураббӣ ва тарбиятгар), рабби ҳақиқӣ ва рабби маҷозӣ. Агар рабби ҳақиқӣ Парвардигори оламиён бошад, пас  рабби маҷозии ӯ падару модар аст. Дӯст доштани фарзанд ин мероси Одам (а) аст, зеро ӯро фарзанд буду падару модар набуд. Аммо эҳтироми волидайн аз ҷониби фарзанд вазифаи имонӣ ва инсонии ӯст. Ин фармудаи Худованд ва Паёмбар (с) аст, ки дар оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ таъкид гардидааст.

Падару модар барои фарзандон, агар қадру қимати онҳоро бидонанд, василаи ба ҷаннат дохил шудани онҳо хоҳад буд, вале фарзанде, ки нисбат ба волидайн беэҳтиромӣ намуд, василаи ба дӯзах дохилшавии онҳо хоҳад гардид. Фарзанд бо дарёфти ризои волидайн ризои Худо ва Паёмбар (с)-ро ба даст хоҳад овард.

Расули Худо (с) фармуданд: «Ризоии Худованд дар ризоии падару модар ва сахтии Худованд  дар сахтии падару модар аст». Яъне, Худованд ризоии худро ба ризоии падару модар вобаста кардааст, ки то падару модар аз ту хушнуд нагарданд, Худованд аз ту розӣ нахоҳад буд.

Имсол модари садсолаам дунёро падруд гуфт. Ашк аз чашмонам ҷорӣ гашт. Пурсиданд: — Чаро барои модаре, ки синну солаш ба ҷое расида буд, қоматат чанг ва чашмонатро гиряолуд мебинем?

Гуфтам: — То замоне ки модарам буду хизматашонро мекардам, дарҳои ҷаннат ба рӯям кушода буд, ҳоло хизмати киро намоям, то чунин аҷру савоберо дарёбам!?

Дар ҳақиқат, фарзандон зебу зинати ҳаёти дунёанд, бахшише аз ҷониби Худои меҳрубонанд, нури чашми падару модаронанд, пайванди ногусастанӣ бо ҷисму ҷонанд, ки номи волидайн зинда медоранду тӯшаи рӯзи қиёмати волидайнанд. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Чун мақому манзалати бандае (дар ҷаннат) боло бардошта мешавад, ӯ мегӯяд: Парвардигоро, ин аз куҷо ба ман расида? Ба Ӯ гӯянд: бо сабаби истиғфори фарзандат, ки баъди вафотат барои ту кардааст.

Аз ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

«Чун инсон бимирад ба ҷуз се амал дигар амалҳо қатъ мегарданд. Аввал, садақаи ҷория, дувум, илме, ки баъди вафот дигарон нафъ баранд ва сеюм фарзанди солеҳ ки барояш дуо кунад».

Модар. Зери ин калима ҳазорон маънӣ нуҳуфтааст. Чӣ калимаи ширину латифу муқаддасу гуворост. Беҳуда нест, ки адибону мутафаккирон, беҳтарин суханҳоро барояш баён намудаанд, аммо то кунун дар офариниши симои Модар касе худро муваффақ надонистааст. Расули Худо (с) фармуданд: «Ҷаннат зери қудуми модарон аст».

Дидам падаронеро, ки аз фарзандон даст кашидаанд, аммо надидаам модареро, ки аз фарзандон рӯй гардонида бошад. Ба гуфтаи Мирзо Абдулқодири Бедил:

Ба меҳри модари гетӣ макаш ранҷу умед ин ҷо,

Ки хунҳо мехӯрад то шир мегардад сафед ин ҷо.

 

Шоири муосири тоҷик шодравон Лоиқ Шералӣ дар «Модарнома»-и худ овардааст:

 

Шири модар аз таровишҳои хуни ҷигар аст,

Модаронро з-ин сабаб ҳам сӯзиши дил дигар аст.

Дар «Қуръон»-и карим сароҳатан ба машаққати модарон чунин ишора шудааст: «Модараш ӯро ба душворӣ бардошта ва ба душворӣ зода» (Сураи «Аҳқоф», ояи 15) ё ҷойи дигар омада: «Модараш ӯро бардошта, дар ҳоли сустӣ болои сустӣ» (Сураи «Луқмон», ояи 14).

Ривоят аст, ки мард ва зане ­назди Расулуллоҳ (с) омада, даъвои сарпарастии фарзандонро баъди талоқ карданд. Мард мегуфт: — Фарзанд аз ман аст, зеро аз пушти ман хориҷ шудааст. Зан гуфт: — Ай фиристодаи Худо! Ӯ тифлро ҳангоми сабукӣ (яъне об буданаш) бардошта, ба хотири қазои шаҳваташ дар дохили ман гузоштааст. Аммо ман ӯро дар ҳолати гарониаш мебардоштам ва ба сахтӣ зодаам ва ду соли дигар шир додаам. Расулуллоҳ (с) тифлро ба модараш таслим карданд».

Парвардигори оламиён мефармояд: «Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш [дигаре] — ро ибодат макунед ва ба падару модар некукорӣ бикунед, агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани карим бигӯ! Ва аз [ҷиҳати] меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончӣ маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!» (Сураи «Исро», ояи 23-24)

Беҳуда нагуфтаанд:

Одамиро гар Худо орад нахуст,

Одамиятро кунад модар дуруст.

Ид муборак, модарону хоҳарони азиз!

Абдулазиз НАЗАРОВ, сархатиби шаҳри Роғун