Аз толори суд

«Одноклассники» Ҳикматуллоро ба маҳкама бурд

№24 (3974) 02.03.2019

87c0f51cadf6038ce0abcb063998cae0_compressed_v1Чанде пеш коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон Ҳикматулло Қосимов — сокини 38 — солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барои барангехтани кинаю адовати динӣ, миллӣ ва нажодӣ ба таври оммавӣ дар шабакаҳои интернетӣ айбдор донист.

 Қосимов Ҳикматулло бо мақсади ташвиқу тарғиби фаъолияти иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаройӣ) — и равияи динии «Салафия» дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо номи рамзии «Ҳикмати Аллоҳ Мақсуду» нигоштаи хусусияти экстремистидоштаро нашр кардааст. Мувофиқи хулосаи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, матолиби аз суроғаи интернетии «Одноклассники»-и Ҳикматулло дарёфтшуда мансуб ба иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаройӣ) – и равияи динии «Салафия» ва ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» буда, дар онҳо аломатҳои барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, нажодӣ мавҷуд мебошанд. Аз ин рӯ, парвандаи мазкур мавриди баррасии коллегияи судӣ қарор гирифт.

Қобили зикр зикр аст, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2014, равияи динии «Салафия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаройӣ) эътироф ва фаъолияташ манъ карда шудааст.

Сайфиддин Муҳиддинзода — муовини раиси Суди вилояти Хатлон гуфт, ки «Қосимов Ҳикматулло солҳои 2017-2018 дар сомонаи иҷтимоӣ матолиби хусусияти экстремистидош­та, аз қабили «Ҷашни 8 март ҷойиз нест, зеро ин ҷашн моли олами Ғарб аст ва бино ба баъзе гуфтаҳо баъзе занҳо дар Мовароуннаҳр пас аз шикасти ҳукумати исломӣ ҳиҷобсӯзонӣ кардаанд», «Ҷашни 23 феврал, ҳамчунин, аслу эътиқоди динӣ надошта, ҷоиз набуда, ҳаром мебошад», «Рӯзи саиди ҷумъа муборак, бидъат аст», «Ҳар шахсе, ки дар бораи ҷиҳод намеандешад ва даъвати ҷиҳодро шунида, дар кишвар хоб меравад, ӯ як тарсу аст ва бародари мусалмон намебошад»-ро аз манбаъҳои гуногуни сомонаи интернетии «Одноклассники» пайдо намуда, дуруст ва асоснок шуморида, дар саҳифаи интернетии худ ҷой намудааст. Бо ин роҳ дар байни 108 нафар дӯсти интернетӣ кинаву адовати динӣ, миллӣ ва нажодӣ барангехтааст».

Судшаванда Қосимов Ҳикматулло дар маҷлиси судӣ худро айбдор шуморида, иброз дошт, ки соли 2015, ҳангоми дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доштан, дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо номи мустаори «Ҳикмати Аллоҳ Мақсуду» саҳифа кушода, ба воситаи он бо дӯстон ва ашхоси алоҳида гуфтугӯ ва муошират менамуд.

Коллегияи судӣ бо далелҳои дар мурофиаи судӣ бадастоварда кирдори судшаванда Қосимов Ҳикматуллоро бо моддаи 189 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мавҷуд будани аломатҳои содир кардани ҷинояти барангехтани кинаю адоват ё низои динӣ, инчунин, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин бо истифодаи воситаҳои ахбори омма бандубаст намуд.

- Ҳангоми таъини ҷазо суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал ва нақши судшавандаро дар содир намудани ҷиноят ба назар гирифт, — иброз намуд Сайфиддин Муҳиддинзода — раисикунандаи мурофиаи судӣ. — Ҳамчунин, суд ҳангоми таъини ҷазо ба Қосимов Ҳикматулло тибқи талаботи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳои сабуккунандаро, аз қабили судшаванда бори аввал ҷиноят содир кардааст ва дар тарбияаш як фарзанди ноболиғ дорад, ба назар гирифт.

Ҳамин тавр, бо ҳукми Суди вилояти Хатлон айбдоршаванда Ҳ. Қосимов ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Фаромӯз БОБОЕВ,  

рӯзноманигор