ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРИ ЗИЁД РАСОНД

№16 майи соли 2016 16.05.2016

Тавре маълум аст, бинобар боридани боронҳои шадид рӯзҳои 9-  13 майи соли равон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сел фаромада, ба хоҷагии халқ зарари зиёд расонд.  Дар робита ба ин рӯзи 14 май дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид. Муовини раиси кумитаи мазкур Салимзода Муҳаммадҷон иттилоъ дод, ки бинобар омадани сел ва вазидани шамоли сахт як қатор иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ зарари ҷиддӣ диданд. Аз ҷумла, 9 май бар асари шамоли сахт ва боришоти борон дар  шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристони вилояти Суғд болопӯши биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустиву маориф ва корхонаву идораҳо вайрон шуданд. Ҳамчунин соати 17-у 10 дақиқаи ҳамон рӯ аз сойи Зебони деҳаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент сел омад, ки дар натиҷа якчанд манзили истиқоматӣ, корхонаву идораҳо ва заминҳои кишоварзӣ зарар диданд. Аз рӯйи ҳисоботҳои пешакии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ин офати табиӣ ба 147 хонаи истиқоматӣ  селоба даромада,  заминҳои наздиҳавлигӣ ва  иншооти шаҳрвандонро хароб намудааст.

-Тибқи санадҳои тартибдодашуда, 14 хона пурра ва 6 хона қисман вайрон гардидааст. Офати табиӣ ба иншооти муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла 27 километр роҳи автомобилгард, 3 пул, 6 километр хатҳои интиқоли қувваи барқ,  7 трансформатор, 2 километр хати алоқа, 63 километр каналҳои магистралӣ, 4 километр селпарто, як истгоҳи насосӣ ва иншооти гидротехникӣ, 400 метр хати оби нӯшокӣ зарар расонда, дар соҳаи кишоварзӣ, дар маҷмӯъ 603 гектар майдони кишт, боғу токзорҳо, 76 гектар замнҳои наздиҳавлигӣ, 146 сар чорво, аз ҷумла 21 сар чорвои калон нобуд гардидааст,-изҳор дошт номбурда. Мутаасифона, сокини деҳаи Шӯрча Хӯҷамқулов Тошбой дар сойи Зебон ғарқ шуда, 10 май ҷасади ӯ аз ҷониби сокинони деҳа дарёфт шуд.  Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади андешидани чораҳои зарурӣ рӯзи даҳуми май бо супориши раиси Кумита, муовини якуми раис, генерал-майор Шоҳиён Рустам ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Рӯзи 11 май ба зарардидагони шаҳри Панҷакент10 номгӯй  маводи зарурӣ-хайма, кӯрпа, болишт, ҷиҳози хоб, зарфи обгирӣ, сатил, ҷиҳози ошхона, фонус, ки аз ҷониби ташкилоти байналмилалии Наҷоти кӯдакон ҷудо гардида буд, ба 41 оилаи аз офат зарардида тақсим карда шуд.

Бино ба иттилои масъулин, дар ноҳияи Айнӣ низ бар асари омадани сел 40 сар чорво талаф ёфта, ду нафар сокини деҳаи Ревади ҳамин ноҳия ба  ҳалокат расиданд.

-Худи ҳамон рӯз дастаи зудамали Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, 10 май як ҷасад ва 11 май ҷасади дигарро дарёфт карда, ба наздиконашон супориданд,-гуфт Салимзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ низ бар асари боронҳои шадиди чанд рӯзи охир сел омада, ба хоҷагии халқ зарари калон ворид кард. Хушбахтона, дар ин ҷо талафоти ҷонӣ набуд, зеро Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи мазкур соатҳои 2-3-и шаби 12 май аҳолиро аз баланд шудани сатҳи оби дарёи Элок огоҳ кард.

-Соати 3:40 дақиқа дар натиҷаи боронҳои пайдарпай ва баланд шудани сатҳи об ба деҳаҳои ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Мирзо Турсунзода сел омада, тақрибан 2500 ҳазор хоҷагӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери об монданд. Ҳамон рӯз 2 гурӯҳ аз дастаи наҷотдиҳии Кумита, як гурӯҳ аз дастаи зудамали Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе  ва 2 автомашина ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. То соати 12:30-и рӯзи 12 май 800 нафар ва то соати 13:00 боз 700 нафар  аҳолӣ ба ҷойи бехавф кӯчонда шуд. Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз тарафи кумита 120 нафар сарбоз сафарбар гардидааст,-изҳор дошт номбурда.

Комиссия оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои зарардида таъсис ёфта, фаъолият доранд ва дар муддати кӯтоҳтарин ҳаҷми зарари расидаро муайян менамояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»