Соли 2013 дар мамлакат «Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо» таъсис ёфт, ки ҳадафи он мусоидат ба идоракунии устувори чарогоҳҳо дар Тоҷикистон ва рушди иқтисодии деҳот мебошад. Бинобар ин, он тавассути муколамаи сиёсати миллӣ ва мубодилаи дониш дар асоси таҷрибаи миллӣ ва мубодилаи дониш тибқи таҷрибаи амалӣ ва воқеии аъзои шабака амалӣ карда мешавад.
Ҳамоиши солонаи «Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо», ки чанде пеш дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» доир гардид, ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳолат, истифода, танзим ва идоракунии чарогоҳҳо бахшида шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» 19 марти соли 2013 ба тасвиб расид. Бинобар ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои вобаста ба замин, ҳифзи муҳити зист ва ҷангал зарурати такмили қонуни мавҷуда пеш омад. Инро ба назар гирифта, дар асоси пешниҳоди сокинони деҳот, мутахассисон ва олимони соҳаи чорводорӣ як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дар таҳрири нав таҳия намуданд. Пас аз баррасии тӯлонӣ қонун қабул шуд ва 20 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Он аз 5 боб ва 32 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ танзим менамояд.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мӯсозода зикр намуд, ки аз 4,7 миллион гектар замини барои кишоварзӣ ҷудошуда 3,8 миллион гектараш ба чарогоҳ тааллуқ дорад. Нишондиҳандаи соҳаи чорводориро бо истифодаи самараноки чарогоҳ баланд бардоштан мумкин аст. Тағйиру иловаҳои ба қонуни мазкур воридгардида дар пешрафти соҳа нақши муҳим мебозанд.
Директори Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода иброз дошт, ки аз 3,8 миллион гектар чарогоҳҳои мамлакат 2,6 фоизашро чарогоҳҳои тобистона, 20,5 фоизро чарогоҳҳои зимистона, 7,6 фоизро чарогоҳҳои тирамоҳӣ ва 7,3 фоизро чарогоҳҳои доимӣ ташкил медиҳанд. Номбурда, инчунин дар хусуси нобаробар тақсим кардани чарогоҳҳо изҳори назар карда, иброз дошт, ки сабабҳои асосии мушкилоти ҷойдошта пурра дар амал татбиқ нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо», норасоии техникаи муосир, ҳолати ногувори мелиоративии чарогоҳҳо, сол то сол зиёд шудани алафҳои бегона ва ғайри хӯрданбоб, бетартиб чаронидани чорво ва норасоии мутахассисони соҳа мебошад. Ӯ изҳори умед кард, ки дар ҳамоиш мушкилоти мавҷуда баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он муайян карда мешавад.
Иштирокчиён, ҳамчунин, дар хусуси корҳои анҷомдода дар самти барқарорсозии экосистемаҳои чарогоҳҳо, мусоидат намудан ба идоракунии устувори чарогоҳҳо, пешгирии эрозия ва беҳтаркунии ҳолати мелиоративии чарогоҳҳо ибрози андеша намуданд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»