Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст

№147 (4097) 07.12.2019

Давлатҳои шомили СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ ва СААД Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизис­тон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон) бо  масоҳати  умумии 34,3 млн. км мураббаъ ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне, қариб нисфи аҳолии сайёра, манъ аст, шомил карда шудааст (http://ecrats.org/ru/news/6910). Роҳбарият ва аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ низ ба рӯйхати ягонаи шахсони кофтуковшавандаи алоқаманд ба фаъолиятҳои террористию экстремистӣ шомил гардидаанд.

Ҳамин тавр, дар СМЗТ СҲШ Феҳрис­ти ягонаи кофтуковӣ таъсис дода шудааст, ки он мунтазам таҷдид мегардад. Айни замон беш аз 6600 нафар ба ин категория, аз ҷумла, аъзои ТТЭ ҲНИ, ворид карда шудаанд. Бо дарназар­дошти хатару таҳдид­ҳои ҷангҷӯён-террористони хориҷии дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ иштироккунанда, ҷадвали баҳисобгирӣ таҳия шудааст, ки дар он дар бораи беш аз 4500 нафар, аз ҷумла, аъзои ТТЭ ҲНИ, ки барои ДИИШ ҷангидаанд, маълумот дода шудааст.

Дар асоси қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия шомиланд, низ ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти  якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегиранд. Илова бар ин, ТТЭ ҲНИ ба Махзани маълумоти умумии МЗТ ИДМ, ки ҳайати васеъ — Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, бо шарикон — Кумитаи зиддитеррористии ША СММ, Интерпол, СМЗТ СҲШ, СААД, Кумитаи коршиносон оид ба мубориза бо терроризми Шӯрои Аврупо (CODEXTER), гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм, созмонҳои байналмилалӣ дар ИА, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкории зич дорад, шомил карда шудааст. Яъне, рӯйхати ҷуғрофии давлатҳое, ки дар қаламравашон ҳизби зикршуда террористӣ ва будубоши аъзои он ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, аз ҳисоби Озарбойҷон, Молдавия, Туркманистон ва кишварҳои хориҷи дури болозикр меафзояд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи созмони террористӣ эътироф намудани СПИИ-и Эрон, ки ҳамоҳангсози ТТЭ ҲНИ, «Ҳизбуллоҳ», «ҲАМОС», «Ас-Собирин» ва «Гурӯҳи ранҷдиҳандаи Ал-Ақсо» мебошад, баррасӣ мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар Қоҳира, дар Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъо­лияти ташкилотҳои террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин», ки таҳти унвони «Миср ва Тоҷикис­тон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» доир шуд, шабоҳати наздики таърихию идеологии созмонҳои зикршуда, ҳамгироӣ ва умумияти онҳо, кӯшиши ноором сохтани субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср, инчунин, исбот шудани дастгирӣ ёфтани ин ташкилоти террористӣ аз ҷониби хадамоти махсуси яке аз кишварҳои исломӣ таъкид гардид.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолияти ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин, хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад. Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии Пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд, ки онро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гирифтаанд, мехостанд анҷом диҳанд. 29 июли соли 2018 аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба сайёҳон аз кишварҳои ИА ва ИМА ҳамлаи ваҳшиёна анҷом доданд. Дар маҷмӯъ, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, кормандони созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони дигар динҳо ва нозирони СММ-ро гаравгон гирифта, ба қатл расонданд.

ТТЭ ҲНИ, ки барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд, ба сари халқи тоҷик ғаму дарди зиёд овард. Дар ин ҷанги панҷсола зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта, 2 миллион шаҳрванд бе хонаву дар, қисми зиёди одамон гуреза ва муҳоҷир шуданд. Дар баробари ин, ба иқтисодиёти кишвар ба андозаи 7-10 миллиард доллар зарари моддӣ расид.

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 30 фоиз аъзои ҲНИ ба сохторҳои давлатӣ ва қудратии Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳизби мазкур пайваста дар фикри забт кардани қудрат буд ва барои ин аз тамоми имконият истифода бурда, аз манфиатҳо ҳимоя мекард. Ҳамчунин, аъзои фаъоли он дар Душанбе, Рашт, Хоруғ ва Данғара тахрибкорию амалҳои террористӣ анҷом медоданд.

Моҳи марти соли 2015 дар ҷаласаи пинҳонӣ дар Душанбе бо иштироки раиси ҲНИ М. Кабирӣ, аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Назарзода ва баъзе аз фармондеҳони саҳроӣ оид ба омодагии мусаллаҳ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мувофиқа ба даст омад. Бояд зикр намуд, ки хадамоти махсуси хориҷӣ барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷиноӣ маблағи зиёд интиқол дода буданд. Таҳти назорату роҳбарии бевоситаи раиси ҲНИ зиёда аз 20 гурӯҳи мусаллаҳ ташкил гардид ва ба А. Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллар дода шуд. Ба хотири ҳар чӣ зудтар омода намудани исёни мусаллаҳона ва забт кардани Ҳукумат ҲНИ аз чизе рӯй намегардонд.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти ҷиноии аъзои ҲНИ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он зиёда аз 520 яроқи оташфишон ва 11000 лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид. 38 террорист бо роҳбарии А. Назарзода нобуд, 161 узви ҲНИ ва шарикони онҳо дастгир карда шуд. Дар миёни фаъолони ҳабсшудаи ҲНИ чанд нафар резидентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ низ буданд.

29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид.

Бо мақсади ноором сохтани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020, боз ҳам ҲНИ кӯшишҳои барабасе дорад. Барои амалӣ кардани ин кӯшишҳо беш аз 40 нафар аъзои ин ҳизби мамнӯъ дар Афғонистон таълими махсуси ҷангӣ гирифта истодаанд. Ҳамчунин, қаноти низомии ҲНИ — «Ҷамоати Ансоруллоҳ» низ он ҷо ҷойгир аст. Аъзои ҳизби мазкур ният доранд, ки зери парчами ташкилотҳои дигари байналмилалии террористӣ, аз ҷумла ДИИШ, аз тариқи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шаванд.

Айни замон ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш дар се самт амал доранд: пеш аз ҳама, заминаи моддию молиявиашонро ба таври назаррас таҳким мебахшанд, дар воситаҳои ахбори худ ташвиқоти ғаразноки зиддиконститутсионӣ интишор мекунанд ва ба террористону тахрибкорон таълими ҷангӣ меомӯзанд.

Пас аз манъи фаъолияти ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба кишварҳои шарқӣ ва Аврупо фирор карданд. Аз он дам то кунун хадамоти махсуси хориҷӣ ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва маблағгузорӣ менамоянд.

Мамлакатҳои будубоши онҳо ба сифати минбари ташвиқот ва майдони ҷанги иттилоотӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Аз соли 2016 то 2018 сарпарастони хориҷӣ барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардаанд. Ин маблағи ҳангуфт барои пешбурди кори иттилоотӣ, таблиғ дар сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии тарафдорон ва ташвиқотчиёни ҳизб истифода мешуданд.

Ҳамин тавр, бо мақсади таблиғот алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон студияи телевизионии «Садои мардум» таъсис дода шуд, ки маблағгузории умумии он 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Инчунин, сомонаҳои «Паём.нет», «Востокнюс», «Озодандешон», «Кимиёи Саодат», «Ахбор.ком» ва ғайраҳо созмон ёфтанд, ки мундариҷаи нигоштаҳои онҳо сирф экстремистӣ аст. Аз ин рӯ, Суди Олии Тоҷикистон дар асоси қонун оид ба баста шудани 40 сомонаи интернетии экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Аз ҷумла, оид ба сайтҳои марбут ба ҲНИ, ки мубаллиғи идеологияи террористии он буданд- «Nahzat.org», «Vostoknews.org», «Kimya Saadat», «Isloh.net», «Ozodandishon.org», «Zindoniyon. Com», «Payom.net.» ва ғайраҳо. Саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеоҳояшон дар порталҳои видеоӣ масдуд карда шуданд.

Барои пинҳон намудани ақидаҳои ҷиноии онҳо, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳамчун «пардаи дунявӣ» Иттиҳоди миллӣ таъсис дод, ки фаъолияти он низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Чанд матлаб дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расид, якчанд филми ­мустанад ба намоиш гузошта шуд, ки дар онҳо иштирокчиёни бевосита ва шоҳидони ҷиноятҳои ҲНИ суҳбат ва амалҳои зиддиқонунӣ, гуноҳи аъзои ҳизбро тасдиқ мекунанд. «Решаҳои ноаён», «Ҳамлаи террористӣ — 1996», «Садоқати разолатпӯш» (Фитнаи тахайюлӣ), «Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ — узви фаъоли ҲНИ», «Бозгашт аз дӯзах» ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Фаъолияти ҷиноии ҲНИ-ро директори ММЗТ СҲШ Д. Ф. Ғиёсов зимни ҷаласаи XVIII роҳбарони хадамоти махсус, мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқ, ки моҳи октябр дар Сочи баргузор гардид, ба таври возеҳ баён намуд. Ин роҳбари созмони бонуфузи байналмилалӣ дар бораи шиддат ёфтани зуҳуроти террористӣ, пайдоиши муноқишаҳои доимии мусаллаҳона дар минтақаҳои сайёра сухан ронда, аз ҷумла, зикр кард: «Дар қатори дигар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ҲНИ кӯшиши ҷалби ҷавононро ба саф идома дода истодааст, ки ин амнияти миллӣ ва минтақавиро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад». Ҳоло дар Афғонистон, ба ғайр аз «Толибон» ва ДИИШ, боз дигар созмонҳои байналмилалии террористӣ, чун ҲНИ ва ҷамоати «Ансоруллоҳ» мавҷуданд, ки ҳадафи асосии онҳо ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки дар музофоти шимолии Афғонистон амалиёти низомӣ анҷом медиҳад, дар ҷалб намудан ва интиқоли ҷангиёнаш ба кишварҳои алоҳидаи СҲШ собиқаи беандоза касб кардааст. Ҳадафи асосии ин созмонҳо, дар маҷмӯъ, тавсеа ва густариши терроризм аз Афғонистон ба Тоҷикистон, кишварҳои минтақа ва берун аз он аст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи қатъии ҲНИ ба ҳайси як созмони террористӣ — экстремистӣ муттаҳидсозии кӯшишҳои муштаракро дар мубориза алайҳи терроризм метезонад. Ҳамчунин, ин яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту субот дар минтақа ва умуман, ҷаҳон хоҳад буд. Муҳим аз ҳама, ин ба эҷоди як шабакаи васеи зиддитеррористӣ мусоидат мекунад, ки дар он меъёрҳои дугона, аз қабили тақсимоти террористон ба «бад» ва «хуб» вуҷуд нахоҳад дошт. Ин як қадами ҷиддӣ дар роҳи таҳкими сулҳ, пойдории субот, амнияти ҷудоинопазир ва эҳтироми тарафайн аст.

Назар Мумин АБДУҶАЛОЛ, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи А. Баҳоваддинов, номзади илми фалсафа