Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: арзёбии мафҳум, ҷанбаҳои миллӣ ва истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ» суҳбати гирди миз доир шуд.
Директори марказ Диловар Қодирзода зикр намуд, ки шарти асосӣ ва зарурии бунёди муваффақонаи идораи демократӣ мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии рушдёфта мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандии комил танҳо дар натиҷаи рушди ҳамкориҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии ниҳодҳои сиёсӣ ва муносибатҳои бозори озод имконпазир аст. Дар Тоҷикистон давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад ва тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити иҷрои вазифаҳои оинномавиашонро кафолат медиҳад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар навбати худ воситаи таъсиррасон ба раванди ислоҳоти сохтори давлатдорӣ ва такмили қонунгузорӣ буда, метавонад барои бартараф кардани мушкилоте, ки дар сохтори идораи давлат ба назар мерасанд, кумак намояд.
-Қисми бештари созмонҳои ғайридавлатӣ дар доираи ҳамин талабот дар ҷараёни муҳокимаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баргузории раъйпурсиву интихобот, ислоҳоти сохторӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ иштирок мекунад. Бояд гуфт, ки то ба имрӯз як қатор ташаббусу пешниҳодҳои онҳо амалӣ гардидаанд, ки дар маҷмӯъ, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, тавсеаи фарҳанги сулҳ ва такмили қонунгузорӣ мусоидат намуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳафт ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2500 созмони ҷамъиятӣ бо дархосту пешниҳодҳои созандаашон дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлат фаъолият доранд,-изҳор дошт Диловар Қодирзода.
Сипас, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов дар мавзӯи «Таҷрибаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои Аврупо ва аҳамияти он барои Тоҷикистон: хусусиятҳо, дастовардҳо ва дурнамои рушд», раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов дар мавзӯи «Ҷанбаҳои истилоҳии мафҳуми созмонҳои ғайридавлатӣ», раиси иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ», раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Шаҳло Акобирова дар мавзӯи «Таҷрибаи баъзе кишварҳо дар ҳамкории мутақобилаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» суханронӣ намуданд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»