Аз фаъолияти Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ 2 солу 7 моҳ сипарӣ шуд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, баъди насби камераҳои назоратӣ сатҳи садамаҳо дар роҳҳои пойтахт ба маротиб кам гардида, теъдоди ошкоркунии қоидавайронкуниҳо афзуд. Чунончӣ, тайи се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони маркази номбурда дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ба воситаи камераҳои низоми худкори идоракунӣ беш аз 57000 қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти ин марказ дар ҳамкорӣ бо кормандони ШБДА-и РВКД дар шаҳри Душанбе ва Воҳиди махсуси ВКД аз 425 воситаи нақлиёти дар ҷустуҷӯ қарордошта ва барои ҳаракат маҳдудият гузошташуда 247 ададаш дарёфт ва ба ҷаримагоҳҳои БДА интиқол дода шуданд.
Равоншиноси шинохта, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ мегӯяд, ки мавҷуд будани камераҳои назоратӣ масъулияти ронандагонро дучанд мегардонад. Ронанда кӯшиш мекунад, ки ба ҳавобаландӣ ва нописандӣ роҳ надода, эҳтиёткор бошад. Зеро дар майнааш ин фикр чарх зада меистад, ки ҳаракати ӯро нозирон мушоҳида карда истодаанд.
Тавре аз маълумоти РБДА бармеояд, аксар вақт ронандагони ҷавон шитобкорӣ намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекунанд, ки баъзан боиси марги инсонҳо мешавад. Масалан, моҳи майи соли равон сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс- С180» ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба автомашинаи тамғаи «Опел –Астра» бархӯрд. Дар натиҷа чор нафар мусофири автомашинаи «Мерседес-Бенс -С180» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», сокини 30-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди деҳоти «Ёва», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, зани 35-сола, сокини шаҳри Исфараро пахш намуд. Дар натиҷа роҳгузар ҳалок шуд.
Дар ҳолати мастӣ рондани мошин хавфи дучоршавӣ ба садамаро дучанд мекунад. Масалан, як сокини 21-солаи пойтахт ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абай ба тарафи кӯчаи Шестопалов дар ҳолати мастӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, зани 41-сола ва писари 10-солаи ӯро пахш намуда, сипас ба автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Ласетти» бархӯрдааст. Дар натиҷа зани 41-сола ва писари ноболиғаш зимни интиқол ба беморхона фавтидаанд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо айби донишҷӯён 6 ҳодисаи роҳу нақлиётии нохуш содир шудааст, ки дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мувофиқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» (аз 12 декабри соли 1997 № 498 ва аз 29 ноябри соли 2009) «Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ, барои таълим додани қоидаҳои ҳаракати роҳ ба шаҳрвандоне, ки ба тариқи кироя кор мекунанд, тадбирҳо андешида амалӣ мегардонанд». Ҳамчунин, аз рӯи талаботи қонуни мазкур, мусофирон бояд нақлиёти мусофиркашро дар истгоҳ ва дар сурати набудани он дар канори роҳи мошингард интизор шаванд. Вале имрӯзҳо мебинем, ки аксари мусофирон на дар истгоҳ, балки 100 метр дуртар, дар наздикии гардишу чароғакҳои раҳнамо истода, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал мерасонанд. Ин ҳолатро ҳар рӯз дар назди истгоҳи Сирки пойтахт мушоҳида менамоем. Ҳарчанд барои таъмини бехатарии мусофирон дар роҳҳои сермошин гузаргоҳҳои зеризаминӣ мавҷуд бошанд ҳам, аксар ҷони худро дар хатар андохта, аз шоҳроҳҳои сернақлиёт роҳро убур мекунанд. Ин на танҳо берун аз одоби шаҳрнишинӣ, балки хатар ба ҷони худу ронандагон аст.
Риояи қоидаи бехатарӣ ҳам барои пиёдагард ва ҳам барои ронанда зарур аст. Алалхусус ронандагон масъулияти бештар доранд. Аз ин рӯ ҳангоми рондани мошин ҳамеша фикри аз хатар эмин нигоҳ доштани ҷони худ ва дигаронро кардан лозим аст. Зеро шитобкорӣ ва нодида гирифтани қоидаи ҳаракат дар роҳ метавонад ҷони чандин одамро дар хатар гузорад.
С. Суннатӣ, «Садои мардум»