Суди ноҳияи Рашт сокини деҳаи Шулхоби деҳоти «Қалъаи Сурх»-и ноҳия Азимов Ривоҷиддин Исломовичро барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 338, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум кард.
Ба гуфти Холиқзода Абдулҳакими Абдулваҳоб, судяи ноҳияи Рашт, судшаванда Азимов Ривоҷиддин (соли таваллудаш 1981, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон), ҳуқуқи истисноии моликият ба заминро халалдор намуда, тахминан аввали моҳи июни соли 2018 бе мавҷудияти хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, худсарона 200 метри мураббаъ замини кишоварзии хоҷагии коллективии «Шулхоб»-и деҳоти «Қалъаи Сурх»- ро ишғол намуда, дар он таҳкурсии хонаи истиқоматӣ рехта, аз болои он ду қатор девор кардааст.
Ривоҷиддин дар мурофиаи судӣ аз аъмоли карда изҳори пушаймонӣ намуда, аз суд хоҳиш кард, ки парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи содакардашуда баррасӣ гардад. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳам тарафдори қонеъ намудани дархости судшаванда гардид.
Ба ин хотир, суд бори аввал ба ҷиноят даст задан ва аз карда сидқан пушаймон гаштан, оиладор ва соҳиби чор фарзанд будани Р. Азимовро ба назар гирифта, дар асоси моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати сабуккунандаи ҷазоро нисбат ба ӯ раво дониста, бо моддаи 338, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 18250 (ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ, ҷарима таъин намуд.
Албатта, ин мисоли ягона нест. Шояд дар як деҳа чанд нафаре бошанд, ки мисли Ривоҷиддин қонунҳои амалкунандаро нодида мегиранд. Вале бояд донист, ки ин гунаҳо ба худ ҷабр мекунанд. Қонун зӯрию зориро ба назар намегирад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»