ҶСК «Агроинвестбонк» мақолаи рӯзномаи «Садои мардум» — «Оё ба иштирокчиёни ҶБВ бенавбат хизмат расонида мешавад?»- ро, ки дар шумораи №123 (3917) аз 11 октябри соли 2018 оид ба мушкилоти мизоҷи бонк, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ҷафаров Назар Саидович ба табъ расидааст, баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад:
Мо ба ҳамаи онҳое, ки Ватани азизамонро аз душманон дифоъ намуда, нангу номус, шарафу ифтихор, ҳувияти халқу диёрро муқаддас донистаанд, миннатдорӣ баён карда, хотираи онҳоро поянда медорем ва наздашон сари таъзим фуруд меорем.
Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ аз тарафи бонк ҷиҳати қонеъ намудани талаби мизоҷи мазкур оид ба дастрас намудани маблағи пасандозаш аз амволи бонк хонаи истиқоматии дар шароити хуб қарордошта дар шаҳри Душанбе пешкаш шуда буд, вале, мутаассифона, мизоҷ аз гирифтани ин амволи пешниҳоднамудаи бонк худдорӣ намуд.
Инчунин, дар давоми соли 2018 дар доираи имконият ба мизоҷ 13 маротиба маблағи муайян пардохт ва хизмат бенавбат расонида шудааст.
Масъалаи пардохти пасандози мизоҷ Ҷафаров Назар Саидович дар мадди назари роҳбарияти бонк қарор дорад ва то беҳтар гардидани вазъи пардохтпазирӣ ба мизоҷ амвол аз воситаҳои асосии фурӯхташавандаи бонк пешниҳод карда мешавад.
Айни ҳол тамоми имконият ба беҳтарсозии фаъолияти бонк равона гардидааст ва умед аст, ки ояндаи наздик вазъият ба эътидол медарояд ва пасандозҳои мизоҷон пардохта мешаванд.
Бо эҳтиром раиси бонк М. Алимардон