Солҳои охир бинобар сабаби тағйирёбии иқлим фасли тобистон дар Тоҷикистон низ ҳаво аз меъёр зиёд гарм мешавад. Аз ин рӯ, вазорату идораҳои дахлдор пайваста аҳолиро доир ба вазъи обу ҳаво хабардор намуда, барои зарар нарасидан ба саломатӣ тавсияҳо медиҳанд.
Имсол низ гармии ҳаво ба зиёда аз 40 дараҷа расид. Дар чунин шароит қонунгузории кишвар чӣ гуна меъёри фаъолиятро муайян намудааст? Оё ҳангоми фаъолият дар гармии аз меъёр зиёд иловапулӣ ва ё ҷубронпулӣ ба корманд пардохт мешавад? Барои посух гирифтан ба ин ва дигар саволҳо ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Тавре аз Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи вазорати мазкур иттилоъ доданд, мутобиқи моддаи 84 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пӯшидаи гармнашаванда кор мекунанд, кормандоне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд, инчунин ба дигар гурӯҳи кормандон мувофиқи шароит ва тартибе, ки кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, танаффусҳои махсус барои истироҳат, гармшавӣ, салқиншавӣ, хушк кардани сару либос, варзиши истеҳсолӣ ва маконидани кӯдак дода мешаванд.
Танаффусҳои дохилибастӣ ва танаффусҳои махсус ба ҳисоби вақти корӣ дохил гардида, дар ин давра музди миёнаи меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
Инчунин, тибқи моддаи 337 кодекси мазкур, агар корманд дар раванди кор ба ҳаёт ва саломатӣ таҳдиди хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдошта бартараф карда натавонад, ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд. Корманд уҳдадор аст, ки аз вазъияти хатарноки раванди кор роҳбари бевосита (сардори бригада, усто, сардори қитъа) ё мақомоти ҳифзи меҳнати ташкилотро хабардор созад. Дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.
Инчунин, иттилоъ гирифтем, ки ҷубронпулию иловапулии ҳатмӣ тибқи қонунгузории соҳаи меҳнат барои кормандоне, ки дар ҳавои аз меъёр зиёд гарм кор мекунанд, пешбинӣ нашудааст. Аммо дар корхонаю ташкилоти худмаблағгузор корфармо ҳуқуқ дорад, дар асоси моддаи 139 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ҳавасмандкунӣ ва иловапулиро дар шартномаҳои коллективию меҳнатӣ муайян ва пардохт намояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»