Озод нафас бикашед: Сил бемории табобатшаванда аст

№ 23.03.2021

        1  24 март ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории сил (World Tuberculosis Day)-ро   таҷлил менамоянд, ки ҳадафаш  баланд бардоштани сатҳи донишу  маълумоти ҷомеаи ҷаҳон аз оқибатҳои бемории сил, усулҳо и табобат ва ҷалби ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бо бемории сил мебошад.

         Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории  сил бо қарори  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар санаи таърихӣ- 24 март, ки дар ин рӯз дар  соли 1882 бори  нахуст микробиологи немис  Роберт  Кох барангезандаи бемории силро кушод ва дар соли 1905 ӯ барои ин амалаш бо Ҷизаи Нобел дар соҳаи тиб  мушарраф гардид, сарчашма гирифта, таҷлил мешавад. Рӯзи мубориза бо бемории сил ба рамзи бобунаи сафед, ки рамзи нафаскашии озод ва солимро дорад  оғоз ёфтааст. Ҳарчанд ин сана ба таври расмӣ соли 1982 тасдиқ шуда буд, аммо баргузории чорабиниҳои зидди бемории сил дар ҷаҳон дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20  дар заминаи  амалҳои хайриявӣ асос ёфтааст. Мусаллам аст, ки зуҳури Рӯзи мубориза бо бемории сил аз Рӯзи гули бобунаи сафед ибтидо мегирад. Бори аввал дар  Женева ҷавонон дар даст бо гулҳои бобунаи сафед ба кӯчаҳо баромаданд, ки ҳадафашон кӯмак ба беморони сил буд. Баъдан чунин амалҳо дар дигар давлатҳои Аврупо ба ҳукми анъана даромада, таваҷҷуҳи аҳолиро ҷалб кард. Фурӯши бобунаи сафед ба даромади ташкилотҳое, ки бар зиди бемории сил мубориза  мебурданд, табдил ёфт. Мусаллам аст, ки бемории  сил  бемории марговартарин дар байни бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҳар сол  он 1,7 миллион нафарро дар сайёра ба марг дучор мекунад. Дар ин росто, мубориза бо бемории сил  чораҳои ҷавобии ҷаҳониро тақозо менамояд. Инчунин баланд бароштани сатҳи иҷтимоӣ, маърифати санитарию беҳдоштӣ, тарзи ҳаёти солим ва хизматрасонии  тиббӣ ба аҳолӣ,  яке аз роҳҳои муассири мубориза бо бемории сил дар қарни 21 ба шумор меравад.

         Дар ҷумҳурии мо Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории сил чӣ гуна қайд мегардад ва барои табобати беморони сил кадом барномаҳои давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд? Бо ин ва дигар саволҳо бо Гулбаҳор Ашӯрзода, аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сӯҳбат анҷом додаем, ки фишурдаашро пешкаши хонандагон менамоем.

 Гулбаҳор  Ашӯрзода, лутфан бигӯед, ки омилҳои асосии пайдоиши бемории  сил дар чист?

 ГУЛБАХОРОмили асосии пайдоиши бемории сил ин  манбаи сироят ё шахси гирифтори  бемории сил, ки хориҷкунандаи барангезандаи ин бемории аст, маҳсуб меёбад.Сироятёбӣ бо микобактерияҳои сил ҳангоми нафаскашӣ дар натиҷаи ба шуш афтодани зарраҳои ҳавоие, ки ҳангоми сулфаи бемори сили шушҳо ҷудо мешаванд,  ба амал меояд.  Манбаи сироят барои кӯдакон, одатан калонсолони бемори сил, ки бо кӯдак дар робитаи наздик-бештар ҳангоми дар як оила қарор доштан  мебошад. Дар натиҷаи сироятёбӣ иллати аввалиндараҷаи шуш ба вуҷуд омада, маҷмааи сили ибтидоӣ инкишоф меёбад, ки аз иллати шуш ва сирояти лимфағадудҳо иборат аст. Ҷавоби масуниятӣ -ҳассосии баланди шакли суст ва масунияти ҳуҷайрагӣ баъди 4-6 ҳафтаи сироятёбии аввалиндараҷа ба амал меояд. Ҷавоби масуниятӣ дар ҳамин ҳолат афзоиши як қисми M.tuberculosis-ро барҳам диҳад ҳам, аммо миқдори ками микобактерияҳои сустшуда боқӣ мемонанд. Дар ин маврид танҳо натиҷаи мусбии санҷиши пӯстии туберкулин аз сироятёбӣ шаҳодат дода метавонад.

Сил бемории  табобатшаванда  аст?

3Бале, бемории сил бо пуррагӣ табобатшаванда мебошад. Табобати бемории сил вобастаги дорад аз ташхиси саривақтӣ дар асоси натиҷаҳои  клиникӣ, молекулярӣ, радиологӣ ва таърихи тамосҳои бемор, дарёфткунӣ ва табобати фаврӣ ва самараноки беморони гирифтори бемории сили ба дорувориҳои зиддисилӣ устуворидошта, мавҷудияти кофии захираи маводҳои дорувории зиддисилӣ, риояи бе танафус, яъне пурраи давраҳои табобати зиддисилӣ, интихоби дурусти реҷаҳои табобат аз ҷониби мутахассисон, инчунин дастгирӣ кардани бемор ва оилаи ӯ то,  ки таъсири манфӣ ба рушди ҷисмонӣ, равонӣ ва маърифатнокии   бемор камтар гардад.

Оё табобати беморони сил дар кишвари мо ройгон аст?

Дар  ҷумҳурӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда, давлат ба шахсони гирифтори бемории сил табобати зиддисилии ройгонро кафолат додааст. Аз соли 2002 инҷониб доруҳои зиддисилӣ, барои тамоми шаклҳои бемории сил, бефосила таъмин гашта, беморон аз табобати ройгон бархӯрдоранд. Бояд тазаккур дод, ки сатҳи дастрасӣ  ба табобати ройгони сил дар кишвар, дар қиёс ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, назири  Чин, Ҳиндустон ва Покистон беҳтар аст. Тибқи қарордоди бадастомада миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Хазинаи глобалӣ   шурӯъ аз соли 2016 харидорӣ ва таъмини дорувории зиддисилии қатори якум аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба нақша гирифта шудааст.

   Дар ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии бемории сил ва табобати он кадом барномаҳои давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд?

Ҷиҳати пешгирӣ ва ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Мусаллам аст, ки бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои миллии мубориза бар зидди бемории сил, қабул гардидаанд. То соли 2015 ду Барномаи миллӣ амалӣ гардида,  аз соли 2015 дар асоси «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ки бо қарори Суратҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ аз 18 июли соли 2014 ба имзо расидааст,  фаъолият карда истодааст. Инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор, аз  қабили Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 23 ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил)  қабул гардидаанд.

Аз соли 2005 Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории  норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал менамояд, ки назорати амаликунонии чорабиниҳоро дар самти ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба душ доранд.

Беморхонаю марказҳои тиббие, ки маҳз ба табобати беморони сил дар ҷумҳурӣ махусусгардонида шудаанд, бо дастгоҳу таҷҳизотҳои тибии муосир ҷиҳозонида шудаанд ва мутахассисони касбӣ мерасанд?

Дар мамакат Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, 4 Маркази вилоятӣ ва 66 марказҳои шаҳрию ноҳиявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил ва 1 Беморхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 1 беморхонаи кӯдаконаи сил, 4 беморхонаи сатҳи вилоятӣ ва 20 беморхонаҳои сатҳи ноҳиявию байниноҳиявӣ инчунин як осоишгоҳи бачагона дар Қаратоғ фаъолият доранд. Дар ҷумҳурӣ 3041 воҳидҳои корӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ аз бемории сил фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, табибон 580,25 воҳид, 258 нафар табиби силшинос,  табибони соҳавӣ 18 нафар, табибони таҳлилгар 34 нафар,  табибони рентгенолог 30 нафар – ҷамъ 340 нафар.Кормандони миёнаи тиббӣ – 1236 воҳид мебошанд. Инчунин дар  ҷумҳурӣ норасоии табибони силшинос зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад. Санаи 29 декабри соли 2018 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, ки дар расонидани кӯмаки зиддисилӣ иштирок менамоянд ба имзо расонида шуд, ки ин дар оянда метавонад умеди моро барои ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳа зиёд намояд.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бар зидди бемории сил  дар кадом поя аст?           

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, лоиҳаҳои  ҷаҳонии «ҳамкориҳои боздошти сил», USAID  оид ба мубориза бар зидди бемории сил, «Духтурони бидуни марз»-Ҳоланд дар Тоҷикистон, Бонки рушди Олмон   ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Оё аз ҷониби Парлумони мамлакат,  хусусан Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ  дар самти мубориза бо бемории  сил тадбирҳо андешида мешаванд?

Бале, бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар «Соати парлумонӣ» дар мавзӯи «Вазъи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, аъзои Кумита аз вазъи фаъолият ва хизматрасонии муассисаҳои тиббию профилактикии зиддии бемории сил дидан намуданд. Инчунин бо ташаббуси  кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди Маҷлиси намояндагон масъалаи пешгирӣ ва табобатӣ бемории сил борҳо баррасӣ шуда, вакилони Парлумон дар конфронсҳои сатҳи баланд дар масъалаи бемории сил фаъолона ширкат намуданд.

Мусоҳиб Марзия САИДЗОДА,