Як назари сатҳӣ ба мусоҳибаи хабарнигори Радиои «Озодӣ» Шаҳлои Гулхоҷа бо Собир Валиев ва саркардаи ташкилоти террористии наҳзат кифоя аст, ки бори дигар ба «лона»-и фисқу фуҷур ва макони таҳқиру тавҳин будани намояндагии бахши тоҷикии ин радио дар Прага боварӣ ҳосил намоем.
Аз ҷониби дигар, мусоҳибаи зикршуда саҳнаеро, ки дар он донишҷӯ ба имтиҳон даромада, танҳо дар бораи шабушк маълумот дорад, пеши назар меорад. Ин аст, ки дилхоҳ саволро ба шабушк рабт медиҳад. Дар он «мусоҳиба» низ шабушк – роҳбари ТЭТ ҲНИ меҳвар буд.
Мазмуну моҳият ва аҳдофи мусоҳиба моро дар шинохти роҳбарияту кормандони Радиои «Озодӣ» амиқтар бурд. Қабл аз ҳама, дар бораи ҳадафи ин «иқдом»: Ҳадаф якто – додани минбар ба саркардаи ташкилоти террористии наҳзат. Даъват намудани С. Валиев танҳо хокпошӣ ба чашми аҳли ҷомеа аст.
Ҷанбаи дигари боиси нигаронӣ дар нақши судя будани Шаҳлои Гулхоҷа мебошад. Зуд — зуд ба экран мутаваҷҷеҳ гардидани хонум далели он аст, ки «тавсия»-ҳои ҷаноби С. Аюбзодро амалӣ кардан дорад. Вагарна журналист чӣ ҳуқуқ дорад, ки Валиевро таъна занад, ки замоне ҳамсафи мухолифон буд. Аслан ба тезутунд шудани «баҳс» низ Шаҳло мусоидат намуд, зеро муваззаф гардида буд, ки чунин кунад. «Омодагӣ»-и ҷиддӣ доштани саркардаи наҳзатиҳои террорист аз он шаҳодат медиҳад, ки ин «мусоҳиба» амали қаблан тарҳрезишуда аст. Шаҳлои Гулхоҷа, ки фаҳмиши асримиёнагиаш замина шуд, то ӯро мисли лӯхтак истифода намоянд, худро хандахариш кард. Саволҳои «омодашуда»-ро дод, ҳусни таваҷҷуҳашро ба саркардаи наҳзатиҳо ошкор кард, талаботи журналистикаро ба хоки сиёҳ яксон намуд.
Ин хонум намеандешида бошад, ки падараш солиёни зиёд дар сохторҳои ҳукуматӣ кор кард, чандин сол узви Маҷлиси миллӣ буд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки он вақт карру фарашро хар намебардошт, мунтазам Ҳукуматро ситоиш мекард. Дар ин замина Шаҳло камол ёфт, соҳибмаълумот гардид…
Ба наҳзатиҳо таваҷҷуҳи хос доштани Радиои «Озодӣ» ба касе пӯшида нест. Ин расона вақтҳои охир, хоса, баъд аз роҳбари бахши тоҷикиаш таъин гардидани Салими Аюбзод, барои ин қабил минбар аст. Ҳарчанд Аюбзод ва командааш инкор мекунанду бо риояи «назокат» «фаъолият» доранд, вале «офтобро наметавон бо доман пӯшонид».
Амалкарди Шаҳло Гулхоҷа собит намуд, ки ҳувияти кормандони Радиои «Озодӣ» барбод рафтааст. Онҳо бояд дар амри таъмини ҷомеа бо иттилооти боэътимод, ҳифзи ҳуқуқи шахс ва ҷомеа ҳангоми қабул, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот саҳмгузор бошанд, вале аъмолашон баръакс аст. Гӯё намедонанд, ки дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосии воситаҳои ахбори омма тавассути инъикоси воқеъбинона баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, журналистони Радиои «Озодӣ» «неру»-и зеҳниро барои тахриби ободиву осудагии Ватан ва сулҳу ваҳдат равона карда, талош доранд, ки тафриқа андозанду «ба коми дил расанд». Аммо мутмаин бошанд, ки ба мақсад намерасанд…
Ҷасур МИРЗОЗОДА, коршиноси Маркази иттилоотӣ - таҳлилии «Аҷам»